ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистан ва иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистан ва иваз намудани номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа дастгирӣ ва ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад:
- дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистан ва ба деҳаи Сомониён иваз намудани номи маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз;
- дар ноҳияи Шуғнон:
- дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишини Себзор, Деҳбаста, Саидхомушиён ва Кулеви деҳоти Навобод ва мувофиқан ба деҳаҳои Себзор, Деҳбаста, Саидхомушиён ва Кулеви деҳоти Навобод иваз намудани номи онҳо;
- дар бораи ба деҳаи Оби Гарм иваз намудани номи деҳаи Ҷелондеҳи деҳоти Ванқалъа;
- дар ноҳияи Роштқалъа оид ба иваз намудани номи:
- деҳаи Лесхози деҳоти Барвоз ба деҳаи Лоҷвард;
- деҳаи Бутаноқурғани деҳоти Сежд ба деҳаи Ҷавшангоз;
- деҳаи Қарақуруми деҳоти Сежд ба деҳаи Сиёвушгирд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2024, № 434
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области об отнесении к категории села и переименовании некоторых населённых пунктов Дарвазского, Шугнанского и Рошткалинского районов
В соответствии со статьей 10 конституционного Закона Республики Таджикистан «О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Поддержать представление Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области об отнесении к категории села и переименовании следующих населённых пунктов Дарвазского, Шугнанского и Рошткалинского районов и представить на рассмотрение Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан:
- об отнесении к категории села и переименовании населённого пункта Дашти Паткуноб дехота Калайхумб Дарвазского района на село Сомониён;
- в Шугнанском районе:
- об отнесении к категории села населённых пунктов Себзор, Дехбаста, Саидхомушиён и Кулев дехота Навобод и переименовании их соответственно на сёла Себзор, Дехбаста, Саидхомушиён и Кулев дехота Навобод;
- о переименовании села Джелондех дехота Ванкала на село Оби Гарм;
3) в Рошткалинском районе о переименовании:
- села Лесхоз дехота Барвоз на село Лоджвард;
- села Бутанокурган дехота Сежд на дехот Джавшангоз;
- села Каракурум дехота Сежд на село Сиёвушгирд.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 31 июля 2024 года №434