ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 21, 57, 87, 88, 89, 94, 95 ва 105 калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд» ва «ӯҳдадорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд» ва «уҳдадорӣ» иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 25, 56, 60, 97, сархати сеюми банди 102, сархати чоруми банди 103 ва 104 калимаҳои «вазифадор», «вазифадоранд» ва «вазифаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадор», «уҳдадоранд» ва «уҳдадориҳои» иваз карда шаванд;
- ба бандҳои 31, 37, 49, 66 ва 911 пас аз калимаҳои «дар соҳаи маориф» калимаҳои «ва илм» илова карда шаванд;
- ба банди 60 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- баъд аз гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд;»;
- ба банди 63 ҷумлаи дуюм ба мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ омадани хонандагон бо воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст.»;
- банди 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«85. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи қоидаҳои муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти умумӣ хориҷ ва ба муассисаи таълимии дигар гузаронида мешаванд.».
...