Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, № 379 "Дар бораи Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040"

Санаи амалкуни: 29.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум (солҳои 2024-2026) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рафти амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 20 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 июни соли 2024, № 379

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Стратегии развития Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» на период до 2040 года

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

  1. Утвердить Стратегию развития Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» на период до 2040 года и План действий Стратегии развития Государственного учреждения «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» на период до 2040 года на первом этапе (2024-2026 годы) (приложения 1 и 2).

2. Государственному учреждению «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» ежегодно до 20 марта представлять информацию о ходе реализации настоящей Стратегии и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбеот 29 июня 2024 года №379