Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм аз 22 январи соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 25 июни соли 2024, № 364
тасдиқ шудааст

Ёддошти тафоҳум байни Департаментн мониторинги молиявии назди Бонкимиллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣдар соҳаи мубодилаи нттилооти кашшофии молиявӣ вобаста баҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии)маблағҳо ва маблағгузории терроризм

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Давлати Қатар, ки минбаъд «Мақомот» ва дар алоҳидагӣ минбаъд «Мақом» номида мешаванд,

дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва манфиатҳои тарафайн изҳор намуданд, ки дар масъалаи табодули иттилооти кашшофӣ оид ба ҳолатҳои гумонбарӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин шахсони бо онҳо алоқаманд ба ҳамдигар мусоидат намоянд.

Мутобиқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии давлатҳои худ Мақомот дар масоили зерин ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1

Мақомот дар ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти дарихтиёрдошта оид ба аҳдҳои молиявие, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ё фаъолияти ҷиноятии марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гумонбар дониста мешаванд, ҳамкорӣ хоҳанд кард. Бо ин мақсад Мақомот мубодилаи маълумотро мунтазам ё баъди гирифтани дархост оид ба ҳар гуна маълумоти дастрас ё маълумоти зарурии тибқи дархост таҳияшуда ба роҳ мемонанд. Дархости ҳар гуна иттилоот бо шарҳи мухтасари далелҳои асосӣ асоснок карда мешавад.

Моддаи 2

Иттилооте, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур гирифта шудааст, махфӣ мебошад. Он сирри хизматӣ аст ва ҳадди ақал бо ҳамон дараҷаи махфияте, ки қонунгузории миллии Мақоми дархосткунанда барои иттилооти аз манбаҳои миллӣ гирифташуда пешбинӣ кардааст, мухофизат карда мешавад.

Моддаи 3

Иттилооти мубодилашуда танҳо бо мақсади амалигардонии Ёддошти тафоҳуми мазкур ва ё дар сурати дархости он истифода бурда мешавад. Ифшои ҳар гуна иттилоот ё ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дигар ё тарафи сеюм ё истифодаи он бо мақсади маъмурӣ, тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, айбдоркунанда ва судӣ, тибқи мувофиқаҳои қаблӣ ва бо ризояти хаттии Мақоми дархостшаванда сурат мегирад.

Моддаи 4

Мақомот барои расонидани кумак масъул нестанд, агар онҳо муайян намоянд, ки маълумоти дархостшуда метавонад дар ҷараёни тафтишот ва ё мурофиаи судӣ ба давлати Мақоми дархостшаванда зарар расонад, ё ин ки мурофиаи судӣ аллакай бо далелҳои дар дархост дарҷшуда оғоз гардида бошад, ё ин ки пешниҳоди иттилоот ба соҳибихтиёрӣ, амният, манфиатҳои миллӣ ё дигар манфиатҳои муҳимми Мақоми дархостшаванда зарар расонад. Мақоми дархостшаванда бояд ба Мақоми дархосткунанда сабаби рад кардани пешниҳоди иттилоотро нишон диҳад.

Моддаи 5

Мубодилаи иттилоот байни Мақомот бо забони англисӣ сурат мегирад. Дархост барои иттилоот дар шакли хаттӣ тавассути воситаҳои бехатарии электронӣ ё васоити алоқа анҷом дода мешавад.

Моддаи 6

Масъалаҳои баҳсталабе, ки ҳангоми шарҳу маънидод ва амалишавии Ёддошти тафоҳуми мазкур дар байни Мақомот ба миён меоянд, бо роҳи маслиҳату машварат ва/ё музокироти тарафайн ҳаллу фасл карда мешаванд.

Моддаи 7

Бо ризояти мутақобилаи Мақомот ба Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб рафта, бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд ва мутобиқи моддаи 8 Ёддошти тафоҳуми мазкур эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 8

Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирин оид ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо намуда, ба муҳлати 5 сол амал мекунад. Агар яке аз Мақомот ҷониби дигарро тариқи хаттӣ ва бо роҳҳои дипломатӣ дар хусуси нияти қатъ намудани он на дертар аз 3 моҳ то анҷоми муҳлати амали санади мазкур огоҳ насозад, дар ин сурат Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати навбатии панҷсола тамдидёфта мақсуб меёбад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри Давҳа 22 январи соли 2024 дар ду нусхаи асл ба забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расидааст.

Ҳангоми ба вуҷуд омадани мухолифат, матни забони англисӣ ба асос гирифта мешавад.


Аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии                                      Аз ҷониби Воҳиди молиявии 

назди Бонки миллии Тоҷикистон                                                    Қатар


Толибзода Фирдавс                                                                Аҳмад бин Ид Оли Сонӣ


Раиси Бонки миллӣ                                                                Раиси Воҳиди молиявии Қатар