Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонз 25 июни соли 2024, № 364 "Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм"

Санаи амалкуни: 25.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии)маблағҳо ва маблағгузории терроризм


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм, ки 22 январи соли 2024 дар шаҳри Давҳа ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
  2. Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
  3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Қатарро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 364


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Меморандума о взаимопонимании между Департаментом финансового мониторинга при Национальном банке Таджикистана и Финансовым подразделением Катара о сотрудничестве в области обмена финансовой разведывательной информацией относительно преступлений, связанных с легализацией (отмыванием) средств и финансированием терроризма

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т :

1. Утвердить Меморандум о взаимопонимании между Департаментом финансового мониторинга при Национальном банке Таджикистана и Финансовым подразделением Катара о сотрудничестве в области обмена финансовой разведывательной информацией относительно преступлений, связанных с легализацией (отмыванием) средств и финансированием терроризма, подписанный 22 января 2024 года в городе Доха.

2. Департаменту финансового мониторинга при Национальном банке Таджикистана принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума о взаимопонимании.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить катарскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 25 июня 2024 года №364