Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2080 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

Санаи амалкуни: 20.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 апрели соли 2024, № 1256
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 520
ҷонибдорӣ карда шуд


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, мод. 300; с. 2015, № 7-9, мод. 699; с. 2019, №7, мод. 472) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз сархати якуми қисми дуюми моддаи 10 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 15 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;».

3. Моддаи 15(1)бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 15(1). Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ

1. Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯйи натиҷаҳои иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.

2. Маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо карда мешаванд, аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавии хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.

3. Маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо карда шудаанд, аз рӯйи натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав на дертар аз се моҳ аз рӯзи интишори расмии натиҷаҳои интихобот бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронда мешаванд.

4. Ҳизбҳои сиёсӣ танҳо дар ҳолате аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, ки агар ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории ҳизбҳои сиёсӣ додашуда аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда кам набошад.

5. Маблағгузории давлатии ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштирокдошта, ки ба талаботи қисми 4 ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд, аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав ба андозаи 7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарби шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ карда мешавад.

6. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд аз маблағгузории давлатии дар ҳамин модда пешбинишуда даст кашанд. Агар ҳизби сиёсӣ аз маблағгузории давлатӣ даст кашад, маблағе, ки ба ҳизби сиёсӣ аз буҷети давлатӣ аз рӯйи натиҷаҳои интихобот ҷудо мешавад, дар буҷети давлатӣ боқӣ мемонад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2080

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ПОЛИТИЧЕСКИХ ПАРТИЯХ»
Принят постановлением МН МОРТ от 11 апреля 2024 года, №1256
Одобрен постановлением ММ МОРТ от 19 июня 2024 года, №520

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О политических партиях» от 13 ноября 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 22, ст. 300; 2015 г., № 7-9, ст. 699; 2019 г., №7, ст. 472) следующие дополнения:

1. Статью 15 дополнить абзацем первым следующего содержания:

«- финансирование политических партий из государственного бюджета в случаях, предусмотренных настоящим Законом;».

2. Дополнить статьёй 15(1) следующего содержания:

«Статья 151. Финансирование политических партий из государственного бюджета

1. Финансирование политических партий осуществляется один раз по итогам участия политических партий в выборах депутатов в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан нового созыва в целях финансовой поддержки политических партий из государственного бюджета в порядке, установленном настоящим Законом.

2. Средства государственного бюджета, выделяемые на финансирование политических партий, предусматриваются согласно функциональной классификации расходов республиканского бюджета в отдельной строке.

3. Средства государственного бюджета, выделенные на финансирование политических партий по результатам выборов депутатов в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан нового созыва, переводятся в установленном порядке на счет политической партии не позднее трех месяцев со дня официального опубликования результатов выборов.

4. Политические партии финансируются из государственного бюджета только в том случае, если общее число голосов, отданных за политические партии, составляет не менее 5 процентов голосов избирателей, принявших участие в голосовании.

5. Государственное финансирование политических партий, участвующих в выборах, соответствующих требованиям части 4 настоящей статьи, осуществляется по результатам выборов депутатов в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан нового созыва в размере 7 процентов показателя для расчетов, умноженного на количество голосов, полученных политической партией.

6. Политические партии имеют право отказаться от государственного финансирования, предусмотренного настоящей статьей. Если политическая партия откажется от государственного финансирования, денежные средства, выделенные политической партии из государственного бюджета по результатам выборов, останутся в государственном бюджете.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 20 июня 2024 года №2080