Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2077 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»

Санаи амалкуни: 20.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 майи соли 2024, № 1311
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 517
ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 167, с. 2019, №1, мод. 28) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар моддаи 1:

- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ – махзани маълумот оид ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд;

- ширкати хизматрасон – субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки хизматрасониҳои инфрасохторӣ, сохтмони иншооти инфрасохторӣ ва дигар хизматрасониҳои шабеҳро дар асоси шартнома барои фаъолияти минбаъдаи субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ пешниҳод менамояд;

- принсипи «равзанаи ягона» – шакли пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки кам кардани иштироки довталабонро дар ҷамъоварӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо, инчунин маҳдуд намудани робитаи мустақими онҳо бо субъектҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ менамояд;»;

- дар сархати ҳаштум калимаи «шӯрои» ба калимаи «шурои» иваз карда шавад.

  1. Дар моддаи 5:
  • дар сархати чоруми қисми 2 аломати нуқта ба аломати «;» иваз карда шуда, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- комплексӣ.»;

  • қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«8. Минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ), савдо ва тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда)-ро дар бар мегирад.».

  1. Қисми 2 моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи принсипи «равзанаи ягона» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».

  1. Ба моддаи 13 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбурди феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда, тартиби онро муайян менамояд.».

  1. Ба моддаи 14 қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«9. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолияти мутақобиларо бо сармоягузорон ва субъектҳои эҳтимолии минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла ҷиҳати баррасии дархостҳои сармоягузорӣ, додани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии зарурӣ, тибқи принсипи «равзанаи ягона» амалӣ менамояд.».

  1. Моддаи 15(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 15(1). Фаъолияти ширкати хизматрасон

  1. Ширкати хизматрасон дар минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби Шурои нозирони минтақаи озоди иқтисодӣ интихоб карда мешавад.
  2. Фаъолияти умумии ширкати хизматрасон дар минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ карда мешавад.».

7. Дар ном ва матни моддаи 17, қисми 1 моддаи 18 калимаи «Шӯрои» ба калимаи «Шурои» иваз карда шавад.

8. Дар қисми 4 моддаи 24 калимаҳои «мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2077


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О СВОБОДНЫХ ЭКОНОМИЧЕСКИХ ЗОНАХ»
Принят постановлением МН МОРТ от 8 мая 2024 года, №1311
Одобрен постановлением ММ МОРТ от 19 июня 2024 года, №517

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О свободных экономических зонах» от 25 марта 2011 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №3, ст. 167, 2019 г., №1, ст. 28) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1 дополнить абзацами шестым, седьмым и восьмым следующего содержания:

«- единый реестр субъектов свободной экономической зоны – информационная база данных, содержащая сведения о субъектах свободных экономических зон, созданных на территории Республики Таджикистан;

- обслуживающая компания – субъект свободной экономической зоны, оказывающий инфраструктурные услуги, строительство объектов инфраструктуры и иные подобные услуги на основании договора для дальнейшей деятельности субъектов свободной экономической зоны;

- принцип «единого окна» – форма предоставления государственных услуг на территории свободной экономической зоны, предусматривающая минимизацию участия заявителей в сборе и подготовке документов и ограничение их непосредственного контакта с субъектами оказания государственных услуг;».

2. В статье 5:

- в абзаце четвертом части 2 знак точки заменить знаком точки с запятой «;» и дополнить пятым абзацем следующего содержания:

«- комплексный.»;

- дополнить частью 8 следующего содержания:

«8. Свободная экономическая зона комплексного типа является свободной экономической зоной, включающей в себя признаки нескольких видов свободных экономических зон (промышленные (производство промышленной продукции), торговые-коммерческие, сервисные, инновационные, научно-исследовательские и внедренческие).».

3. Часть 2 статьи 11 изложить в следующей редакции:

«2. Порядок деятельности представителей государственных органов в свободных экономических зонах устанавливается Правительством Республики Таджикистан по принципу «единого окна».».

4. Статью 13 дополнить частью 5 следующего содержания:

«5. Уполномоченный государственный орган по свободным экономическим зонам осуществляет ведение единого реестра субъектов свободных экономических зон на территории Республики Таджикистан и устанавливает его порядок.».

5. Статью 14 дополнить частью 9 следующего содержания:

«9. Администрация свободной экономической зоны осуществляет взаимодействие с потенциальными инвесторами и субъектами свободной экономической зоны, в том числе рассмотрение инвестиционной заявки, выдачу необходимых лицензий и разрешительных документов по принципу «единого окна».».

6. Дополнить статьёй 15(1) следующего содержания:

«Статья 151. Обслуживающая компания

1. Обслуживающая компания в свободной экономической зоне выбирается Наблюдательным советом свободной экономической зоны.

2. Общая деятельность обслуживающей компании в свободной экономической зоне осуществляется в соответствии с положением свободной экономической зоны.».

7. В части 4 статьи 24 слова «уполномоченными органами в сферах труда, миграции и занятости населения, экономического развития, и торговли» заменить словами «уполномоченный государственный орган в области труда, миграции и занятости населения и уполномоченный государственный орган по свободным экономическим зонам».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 20 июня 2024 года №2077