Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2011 № 292 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2012 № 103 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дасттирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ дар мавсими тобистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Сархати дуюми банди 3) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2011, № 149 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад.

2) Ба ҷадвали Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, № 259 тасдиқ шудааст, банди 2 тибқи замима илова карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2011 № 292

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2011, № 292

Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида (Бо дарназардошти ААИ)

+---+-----------------------------+----------------+-----------------+
|р/т|Энергияи барқ                |Дар мавсими     |Дар мавсими      |
|   |                             |баҳору тобистон |тирамоҳу зимистон|
|   |                             |(аз 1 май то    |(аз 1 октябр то  |
|   |                             |30 сентябр)     |30 апрел)        |
|   |                             +----------------+-----------------+
|   |                             |        Дирам ба 1 кВт. соат      |
+---+-----------------------------+----------------+-----------------+
|2  |Барои насосҳои обкашие, ки   |                |                 |
|   |барои истеҳсолу интиқоли оби |                |                 |
|   |нӯшокӣ ва канализатсия,      |                |                 |
|   |насосҳои обкашии обёрӣ ва    |                |                 |
|   |истгоҳҳои насосҳои обёрии    |                |                 |
|   |мошинӣ, новобаста аз шакли   |      1,5       |        5,7      |
|   |моликият ва мансубияти       |                |                 |
|   |идоравиашон (ба истиснои     |                |                 |
|   |насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои   |                |                 |
|   |насосҳои обёрии мошинӣ ва    |                |                 |
|   |базаҳои таъмирию истеҳсолии  |                |                 |
|   |Вазорати мелиоратсия ва      |                |                 |
|   |захираҳои оби Ҷумҳурии       |                |                 |
|   |Тоҷикистон) истифода         |                |                 |
|   |мешаванд                     |                |                 |
+---+-----------------------------+----------------+-----------------+

    Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ  от 01.03.2012г., №103

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях эффективного использования водных ресурсов, необходимости регулирования электричества внутри республики, поддержки реального сектора экономики, а также рационального использования электрической энергии в летний период, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Исключить абзац второй пункта 3) постановления Правительства Республики Таджикистан от 12 марта 2011 года, №149 "О сезонных тарифах на электрическую энергию для водопроводных насосов, насосных станций машинного орошения и ремонтнопроизводственных баз Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан".

2) Таблицу Сезонные тарифы на электрическую энергию для отдельных потребителей, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 19 мая 2010 года, №259, дополнить пунктом 2 согласно приложению.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 июня 2011 года №292

г. Душанбе

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 3 июня 2011 года, № 292

Сезонные ставки на электрическую энергию для отдельных потребителей

+----+--------------------------+------------------+-----------------ҷ
| п/н| Электрическая энергия    |В весенне-летний  | В осенне-       |
|    |                          |период (с 1 мая   | зимний период   |
|    |                          |по 30 сентября)   | (с 1 октября    |
|    |                          |                  | по 30 апреля)   |
|    |                          +------------------+-----------------+
|    |                          |        Дирам на 1 кВт. час         |
+----+--------------------------+------------------+-----------------+
| 2  |Для водопроводных насосов,|                  |                 |
|    |используемых в производ-  |                  |                 |
|    |стве и передаче питьевой  |                  |                 |
|    |воды и канализации,       |     1.5          |      5.7        |
|    |оросительных насосов и    |                  |                 |
|    |насосных станций машинного|                  |                 |
|    |орошения, независимо от   |                  |                 |
|    |форм собственности и      |                  |                 |
|    |ведомственной принадлеж-  |                  |                 |
|    |ности (кроме водопроводных|                  |                 |
|    |насосов, насосных станций |                  |                 |
|    |машинного орошения и      |                  |                 |
|    |ремонтно-производственных |                  |                 |
|    |баз Министерства          |                  |                 |
|    |мелиорации и водных       |                  |                 |
|    |ресурсов Республики       |                  |                 |
|    |Таджикистан)              |                  |                 |
+----+--------------------------+------------------+-----------------+