Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № 93 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ" тағйиротҳои зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва банди 1 қарор калимаҳои "ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи" ба калимаҳои "ташкил ва гузаронидани" иваз карда шаванд;
- дар ном ва банди 1 Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва Номгӯи корҳои ҷамьиятӣ калимаҳои "ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи" ба калимаҳои "ташкил ва гузаронидани" иваз карда шаванд:
- номи Боби II дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
-"Шартҳои гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2011 № 121
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2011 № 121
тасдиқ шудааст
Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ
1. Ҷамъоварии ҳосили пахта
2. Ҷамъоварӣ ва ба навъҳо ҷудокунии сабзавот ва мевагиҳо
3. Барқарорсозӣ ва иваз намудани аломатҳои огоҳкунанда дар роҳ
4. Барқарорсозӣ ва таъмири масҷиду ҷойҳои муқаддас
5. Барқарорсозӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои меъморию таърихӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо
6. Сабзонидани кӯчатҳо, хишова, буридани дарахтон, буридан ва тоза кардани навниҳолон, токзорҳо, даравидани алаф ва ғ
7. Барқарорсозии бешаву ҷангалзорҳо баъд аз офатҳои табиӣ
8. Бастабандии маҳсулоти тайёр
9. Ба тартиб овардани ёдгориҳо, қабристонҳо ва нигоҳдории қабрҳо
10. Сотмон, таъмири роҳҳо ва кӯпрукҳо
11. Омодасозии қуттиҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ
12. Боркашонӣ
13. Буридани дарахтон ва буттаҳо аз таги хати барқ
14. Вайронкунии сохтмонҳои ғайриқонунӣ
15. Вайрон кардани хонаҳои ғайри қобили истифода
16. Васлкунӣ ва таъмири мебел
17. Дарави ғалла
18. Безараргардонӣ, тозакунии обанбор ва таҳхонаҳо
19. Захираи ему хошок ва ғарамкунии коҳ
20. Гузаронидани таҳқиқотҳои оморӣ, сотсиологӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ, барӯйхатгирии чорво, пурсишҳои афкори омма, корҳо дар комиссияҳои интихоботӣ ва ғ.
21. Сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ
22. Корҳои ғайритахассусӣ дар муассисаҳо дар давраи таҷдид ва тағйири шакли фаъолият
23. Корҳои ёрирасон дар гармхонаҳо, корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрока, нонпазӣ, корхонаҳои хиштпазӣ ва пахтатозакунӣ
24. Корҳои ёрирасон оид ба кашидани хатҳои барқ ва алоқа
25. Ёрирасонӣ ҳангоми газификатсияи маҳалҳои аҳолинишин
26. Ёрирасонӣ дар бойгонӣ
27. Корҳои обёрӣ ва ирригатсионӣ
28. Корҳои рангумолкунӣ ва андова
29. Кофтан ва тоза намудани ҷуйю каналҳо
30. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ
31. Хизматрасонӣ ва нигоҳубини пиронсолон ва маъюбон
32. Моҳидорӣ дар давраи мавсими шикори моҳи
33. Мураббияҳо дар майдончаҳои кӯдакон дар фасли тобистон
34. Мубориза бо зараррасонандагони хоҷагии қишлоқ (малах, гамбуси колорадӣ ва ғ.)
35. Навкунии лавҳачаҳои номи кӯчаҳо ва рақамҳом биноҳо
36. Обёрӣ намудани ҷангалу боғот, гулу гулбуттаҳо ва пахтазорҳо
37. Ободонӣ ва рӯбучинӣ бозорҳо, кӯчаҳо, пиёдагардҳо, фермаҳо, анборҳо ва маҳалаҳо
38. Сохтмон ва ободонии иншоотҳои ҷашнӣ
39. Омодасозӣ, аз ҷумла шудгор ва побелкунии замин ба мавсими кишт
40. Омодасозӣ ва гузоштани монеаҳои ҳифзкунанда аз селу обхезӣ
41. Паҳн намудани нашрияҳо
42. Паҳн намудани рекламаҳо
43. Пошидани кум ва шағал дар фасли зимистон дар роҳҳо
44. Корҳои ёрирасон дар чорабиниҳои истироҳатии тобистонаи кӯдакон ва наврасон
45. Рӯбучини утойҳои меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ғ.
46. Ҷамъоварии пашму пӯст
47. Таъмир ва саҳифабандии китобҳо
48. Тоза намудани роҳҳо аз лою ахлот дар ҷойҳои ба техника дастраснабуда
49. Хизматрасонӣ дар чорабиниҳои намошҳои хусусияти фарҳангидошта (фестивалҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғ.)
50. Шустани тирезаҳои биноҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;
51. Шустани либосу зарфҳо дар муассисаҳои иҷтимоӣ
52. Ёрирасонӣ дар ҳафриёти археологӣ
53. Ҷамъоварии гиёҳҳои табобватӣ, писта, чормағз бодом ва ғ.
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Перечня общественных работ
В соответствии со статьёй 22 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Перечень общественных работ (прилагается).
2) В постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2005 года, №93 "Об утверждении Правил организации, условий проведения и перечня общественных работ" внести следующие изменения:
- в наименовании и пункте 1 постановления слова "организации, условий проведения и перечня" заменить словами "организации и проведении";
- в наименовании и пункте 1 Правил организации, условий проведения и перечня общественных работ слова "организации, условий проведения и перечня" заменить словами "организации и проведении":
- наименование Главы II изложить в следующей редакции: "Условия проведения общественных работ".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 марта 2011 года № 121
г. Душанбе
Утверждён
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 3 марта 2011 года № 121
Перечень общественных работ
1. Сбор хлопка
2. Сбор и сортировка овощей и фруктов
3. Восстановление и замена предупреждающих дорожных знаков
4. Восстановление и реставрация мечетей и святынь
5. Восстановление и сохранение историко-архитектурных памятников, зон отдыха, парков культуры, скверов
6. Выращивание саженцев, прополка, обрезка деревьев, вырубка и уборка поросли, виноградников, скашивание травы и др.
7. Восстановление лесов и рощ после катаклизмов
8. Упаковка готовой продукции
9. Приведение в порядок мемориалов, кладбищ, содержание мест захоронения
10. Строительство и ремонт дорог и мостов
11. Подготовка ящиков для сельскохозяйственных продуктов
12. Подвозка грузов
13. Вырубка деревьев и кустарников под линиями электропередач
14. Снос незаконных строений
15. Снос ветхого жилья
16. Сборка и ремонт мебели
17. Покос зерна
18. Дезинфекция и уборка водоёмов и подвалов
19. Заготовка сена и скирдование соломы
20. Проведение статистических, социологических исследований, переписи населения, переписи; скота, опросов общественного мнения, работ в избирательных комиссиях и др.
21. Строительство мини гидроэлектростанций
22. Неквалифицированные работы на предприятиях в период их реорганизации или перепрофилирования
23. Подсобные работы в тепличных хозяйствах, предприятиях обработки продуктов питания, на кирпичных и хлопковых заводах, хлебопечение
24. Вспомогательные работы по прокладке линий связи и электричества
25. Вспомогательные работы при газификации местности
26. Вспомогательные работы в архивах
27. Поливные и ирригационные работы
28. Малярные и штукатурные работы
29. Прокладка и очистка арыков и каналов
30. Берегоукрепительные работы
31. Обслуживание и уход за престарелыми и инвалидами
32. Ловля рыбы в рыболовный сезон в летний период
33. Воспитатели на детских площадках в летний период
34. Борьба с с/х вредителями (саранчой, колорадским жуком и др.)
35. Обновление табличек с названиями улиц и номерами домов
36. Поливка садов и лесов, цветов, цветников и хлопковых полей
37. Благоустройство и уборка рынков, ферм, складов, улиц, тротуаров и проездных путей и местностей
38. Строительство и благоустройство юбилейных объектов
39. Подготовка, в том числе вспашка земель к севу
40. Изготовление и установка сооружений от наводнения и селевых потоков
41. Распространение печатных изданий
42. Распространение рекламы
43. Подсыпка гравия и песка в зимний период на дорогах
44. Вспомогательные работы в мероприятиях для отдыха детей и подростков в летний период
45. Уборка гостиничных номеров, кафе, столовых и др.
46. Сбор шерсти и кожи
47. Ремонт и нумерация книг
48. Очистка дорожных покрытий от грязи в местах, недоступных для дорожной техники
49. Обслуживание мероприятий культурного назначения (фестивалей, спортивных соревнований и др.)
50. Чистка окон производственных и непроизводственных помещений
51. Мытьё посуды и стирка белья в социальных учреждениях
52. Вспомогательные работы в археологических раскопках
53. Сбор лекарственных трав, фисташек, орехов, миндаля и др.