Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2010 № 911 "Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996 №424 "Дар бораи озод кардани муомилоти асъорӣ ва содиротӣ ва тадбирҳои таъмини бозгашти пурраи даромади асъор ба ҷумҳурӣ";

-банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1996 №478 "Дар бораи дохил кардани тағйирот ва аз эътибор соқит донистани баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 1996 №524 "Дар хусуси илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996 №424 "Дар бораи озод кардани муомилоти асъорӣ ва содиротӣ ва тадбирҳои таъмини бозгашти пурраи даромади асъор ба ҷумҳурӣ";

-банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1997 №823 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фурӯши маҳсулоти пахта";

-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 1999 №1249 "Дар хусуси ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озод кардани муомилоти асъорӣ ва содиротӣ ва тадбирҳои таъмини бозгашти пурраи даромади асъор ба ҷумҳурӣ";

-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2001 №694 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996 №424".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

 26 августи соли 2010 № 911

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О признании утратившими силу некоторых указов Президента Республики Таджикистан

В соответствие со статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

Признать утратившими силу следующие указы Президента Республики Таджикистан:

- Указ Президента Республики Таджикистан от 24 февраля 1996 года №424 "О либерализации валютных и экспортных операций и мерах по обеспечению полного возврата в республику валютной выручки";

- пункт 2 Указа Президента Республики Таджикистан от 30 апреля 1996 года №478 "О внесении изменений и признании утратившими силу некоторых указов Президента Республики Таджикистан,;

- Указ Президента Республики Таджикистан от 9 июля 1996 года №524 "О дополнении к Указу Президента Республики Таджикистан от 24 февраля 1996 года  №424"О либерализации валютных и экспортных операций и мерах по обеспечению полного возврата в республику валютной выручки";

- пункт 1 Указа Президента Республики Таджикистан от 10 сентября 1997 года №823 "О внесении изменений и дополнений в некоторые указы Президента Республики Таджикистан по вопросу реализации хлопковой продукции";

- Указ Президента Республики Таджикистан от 13 июля 1999 года №1249 "О внесении изменения в Указ Президента Республики Таджикистан "О либерализации валютных и экспортных операций и мерах по обеспечению полного возврата в республику валютной выручки";

- Указ Президента Республики Таджикистан от 22 октября 2001 года №694 "О внесении изменений и дополнений в Указ Президента Республики Таджикистан от 24 февраля 1996 года №424".

Президент

Республики Таджикистан                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе ,

 26 августа 2010 год № 911