Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" банди 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаи зотпарвариро таҳлил намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.".
2) Аз шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 тасдиқ гардидааст, бандҳои 3,4 ва 27 хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2010 № 714
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2007 года, № 245
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Дополнить постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2007 года, № 245 "О племенных заводов, хозяйств и фермах Республики Таджикистан по выращиванию племенного скота, птиц, рыб и пчел" пунктом 3 следующего содержания:
"3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан совместно с местными исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов в трёхмесячный срок изучить организационно - правовые вопросы государственной поддержки племенного дела и представить Правительству Республики Таджикистан конкретные предложения.".
2) Исключить из сеть племенных заводов, хозяйств и ферм по выращиванию племенного, скота, птицы, рыб и пчёл, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2007 года, № 245 пункты 3,4, и 27.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 декабря 2010 года № 714
г. Душанбе