ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 314; с. 2008, №10, мод. 810) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар банди сеюми қисми 1 моддаи 13 калимаҳои "Дар бораи сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Дар бораи сармоягузорӣ" иваз карда шаванд.
3. Банди дуюми қисми 4 моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Тағйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷуданд, пас аз ворид намудани тағйирот ба ҳамин Феҳрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд.".
4. Қисми 1 моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад".
5. Қисми 2 моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он пурра аз ҷониби муассисони он пардохта шавад.".
6. Дар моддаи 21:
- банди чоруми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабули қарор аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи тасдиқи натиҷаҳои аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият ба сармояи оинномавии ҷамъият пардохт намудани саҳмҳои иловагӣ оид ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.";
- дар банди панҷуми қисми 1 калимаҳои "сарсатрҳои сеюм ва чоруми банди" ба калимаҳои "сарсатри сеюми қисми" иваз карда шаванд;
...