ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 122; с. 2007, №3, мод. 159) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 7:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ метавонанд ба тарзи зерин таъсис дода шаванд:
- дар асоси штати доимӣ - хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ, зиддифавворавӣ, наҷотдиҳӣ аз газ, оташнишонӣ, наҷотдиҳӣ дар об, дигар воҳидҳо ва сохторҳои махсусгардонидашудаи наҷотдиҳии фаврӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда;
- дар асоси ғайриштатӣ - сохторҳои ғайриштатии садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла сохторҳои ихтиёрии наҷотдиҳии кӯҳӣ, зиддифавворавӣ, наҷотдиҳӣ аз газ, оташнишонӣ, наҷотдиҳӣ дар об;
- дар асосҳои ҷамъиятӣ - сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ.";
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Низомнома ва оинномаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, аз ҷумла қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.";
- қисмҳои сеюм ва чорум мутаносибан қисмҳои чорум ва панҷум ҳисобида шаванд.
2. Дар моддаи 19:
- дар номи модда калимаҳои "Маблағгузории фаъолияти" ба калимаҳои "Маблағгузорӣ ва таъминоти моддии" иваз карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Тартиби таъминоти моддии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
3. Ба моддаи 25 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- барои қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ, ки дар асоси шартнома фаъолият менамоянд, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар асоси шартнома ворид мегарданд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 декабри соли 2010 № 645
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон" қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев
ш. Душанбе,
13 октябри соли 2010, № 198
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
16 декабри соли 2010 № 79
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об аварийно-спасательных службах, аварийно-спасательных формированиях и статусе спасателей"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 марта 2005 года "Об аварийно-спасательных службах, аварийно-спасательных формированиях и статусе спасателей" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №3, ст. 122; 2007 г., №3, ст. 159) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 7:
- часть первую изложить в следующей редакции: "Аварийно-спасательная служба и аварийно-спасательные формирования могут создаваться:
- на постоянной штатной основе - профессиональные аварийноспасательные службы и формирования, в том числе, военизированные горноспасательные, противофонтанные, газоспасательные, противопожарные, водно-спасательные, другие оперативно-спасательные и специализированные в области чрезвычайных ситуаций части и подразделения;
- на внештатной основе - внештатные аварийно-спасательные формирования, добровольные горноспасательные, противофонтанные, газоспасательные, противопожарные и водно-спасательные;
- на общественных началах- общественные аварийно-спасательные формирования.";
- дополнить частью третьей следующего содержания:
"Положения и уставы профессиональных аварийно-спасательных служб и формирований, в том числе, военизированных горноспасательных частей и формирований Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан утверждаются Правительством Республики Таджикистан.";
- части третью и четвертую соответственно считать частями четвертой и пятой.
2. В статье 19:
- в наименовании статьи слова "Финансирование деятельности" заменить словами "Финансирование и материальное обеспечение";
- дополнить частью второй следующего содержания:
"Порядок материального обеспечения военизированных горноспасательных частей и формирований Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан определяется Правительством Республики Таджикистан.".
3. Статью 25 дополнить новым абзацем следующего содержания:
"- для военизированных горноспасательных частей и формирований, функционирующих на основе договора, за счет денежных средств поступающих на основе договоров.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
29 декабря 2010 года № 645
ПОСТАНОВЛЕНИИ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об аварийно-спасательных службах, аварийно-спасательных формированиях и статусе спасателей"
В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об аварийно-спасательных службах, аварийно-спасательных формированиях и статусе спасателей".
Первый заместитель Председателя
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан А.Миралиев
г. Душанбе 13 октября 2010 года, №198
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об аварийно - спасательных службах, аварийно - спасательных формированиях и статусе спасателей"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об аварийно-спасательных службах, аварийно-спасательных формированиях и статусе спасателей", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об аварийно -спасательных службах, аварийно - спасательных формированиях и статусе спасателей".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе 16 декабря 2010 года №79