Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2010, № 626
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2010, № 626
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 166, аз 23.08.2016 № 354)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 166, аз 23.08.2016 № 354)
Муқаддима
Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 (минбаъд - Барнома) - барномаи чораҳои миёнамӯҳлатест, ки бо мақсади вусъатбахшии минбаъдаи ислоҳоти ташкилию идоравӣ дар соҳаи маъмурикунонии миллии андоз амалӣ мегардад .
Барномаи мазкур тибқи сархати якуми банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, № 474 "Дар бораи ҳисоботи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009", инчунин тибқи бандҳои 1.21-1.22 Матритсаи амалиёт барои солҳои 2010-2012 Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 таҳия шудааст.
Барнома ба Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Стратегияи идораи молияи давлатӣ дар солҳои 2009-2018, инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468, ки ислоҳот ва содда намудани маъмурикунонии андоз, зиёд намудани воридоти андозҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкориро дар назар доранд, асос сфтааст.
1. Вазъи ҷорӣ
1) Новобаста ба афзоиши ҳарсолаи даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва нақши фаъолтари мақомоти андоз дар рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, суръати ислоҳот дар соҳаи андоз ҳанӯз қаноатбахш намебошад.
2) Таҳияи Барномаи ислоҳоти маъмурикуноиии андоз шарҳи ҷанбаъҳои мусбат ва манфии системаи андози Тоҷикистон, инчунин имконияту ҳавфҳоеро, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, тақозо менамояд.
...