Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 № 624 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи коркарди меваю сабзавот ва содироти он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имкоиияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар бораи афзун намудани нмконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намоянд (замима мегардад).

3) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорати идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ инъикоси татбиқи барномаи мазкурро дар воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2010 № 624

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной программы по усилению экспортного потенциала сектора переработки фруктов и овощей на 2010-2012 годы

В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью дальнейшего развития отрасли переработки фруктов и овощей и их экспорта Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную программу по усилению экспортного потенциала сектора переработки фруктов и овощей на 2010-2012 годы (прилагается).

2) Соответствующим министерствам, ведомствам и местным органам государственной власти ежеквартально представлять в Правительство Республики Таджикистан отчет о реализации Плана мероприятий по усилению экспортного потенциала сектора переработки фруктов и овощей на 2010-2012 годы (прилагается).

3) Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти обеспечить широкое освещение хода реализации данной программы в средствах массовой информации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

от 3 декабря 2010 года № 624

 г. Душанбе