Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1)Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Ба Кумитаи миллии ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ Нақшаи миллии "Мониторинг ва арзёбӣ" ва Нақшаи амалисозии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
3) Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи салҳои 2011-2015-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ таъмин намуда, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.
4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №86 "Дар бораи Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010" аз 1 январи соли 2011 аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 октябри соли 2010 № 562
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы по противодействию эпидемии ВИЧ/СПИД в Республике Таджикистан на период 2011-2015 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально- экономического развития Республики Таджикистан" правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Программу по противодействию эпидемии ВИЧ/СПИД в Республике Таджикистан на период 2011-2015 годы (прилагается).
2) Поручить Национальному координационному комитету по профилактике и борьбе с вирусом иммунодефицита человека/синдрома приобретенного иммунодефицита (ВИЧ/СПИД), туберкулезом и малярией в Республике Таджикистан совместно с Министерством здравоохранения Республики Таджикистан в трехмесячный срок разработать и утвердить Национальный план по "Мониторингу и оценке" и План по реализации Программы по противодействию эпидемии ВИЧ/СПИД в Республике Таджикистан на период 2011-2015 годы.
3) Руководителям министерств и ведомств, Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках ежегодно предусмотренных средств государственного Бюджета обеспечить реализацию Программы по противодействию эпидемии ВИЧ/СПИД в Республике Таджикистан на период, 2011-2015 годы и ежегодно предоставлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
4) Постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года №86 "Об утверждении программы по противодействию эпидемии ВИЧ/СПИД в Республике Таджикистан на период 2007-2010 годы" с 1 января 2011 года считать недействительным.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 октября 2010 года № 562
г. Душанбе