Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш" дар назди Агентин сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва ҷойгиркунии Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"-ро дар мӯҳлати ду моҳ ҳал намояд.
3) Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон замимаи 4, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №614 "Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 октябри соли 2010 № 579
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об учреждении Государственного унитарного предприятия "Лоихакаш"
В соответствии со статьёй 125 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьи 5 Закона Республики Таджикистан "О государственных предприятиях" и статьи 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Создать Государственное унитарное предприятие "Лоихакаш" при Агентстве по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан.
2) Агентству по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке в течение двух месяцев решить организационно-правовые вопросы и размещения Государственного унитарного предприятия "Лоихакаш".
3) Перечень организаций системы Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан, приложение 4 утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №614 "Об Агентстве по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан", дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Государственное унитарное предприятие "Лоихакаш".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 октября 2010 года № 579
г. Душанбе