Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 пас аз калимаҳои "захираҳои табиӣ" калимаҳои "аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия" илова карда шаванд;
- дар банди 5 пас аз сархати 19 сархатҳои зерин бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- таҳия ва тасдиқи қоидаҳое, ки барои амалисозии таъминот бо энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия заруранд;
- додани ҳуҷҷатҳое, ки тавоноии таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҷҳизоти технологии навкардашуда ва комплексҳои таҷҳизоти технологиро барои истеҳсол, табдилдиҳӣ, нигаҳдорӣ ва интиқоли энергия тасдиқ менамояд;
- муайян намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгиранд, баҳисобгирии онҳо, инчунин баҳисобгирии таҷҳизоте, ки барои истифодабарии ин манбаъҳо пешбинӣ шудаанд;
- тасдиқ намудани тартиби ташаккул, мундариҷа, шакл ва мӯҳлатҳои пешниҳоди иттилоот ҷиҳати пешбурди кадастри манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин тартиби қабули қарорҳо оид ба ворид ва хориҷ намудани онҳо аз кадастр;
- амалисозии таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 октябри соли 2010 № 529
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнений и изменений в постановление Правительство Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №605
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Положение о Министерстве энергетики и промышленности Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительство Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №605 следующие дополнения:
- в пункт 1 после слов "природных ресурсов" дополнить словами "в том числе возобновляемых источников энергии";
- в пункт 5 после абзаца 19, дополнить абзацами следующего содержания:
"-разрабатывает и утверждает правила, который необходимы для осуществления энергоснабжения из возобновляемых источников энергии;
- выдаёт документы, подтверждающие способность установок возобновляемых источников энергии, переоборудованного технологического оборудования либо комплекса технологического оборудования к производству, преобразованию, аккумулированию и передаче энергии;
- осуществляет учет возобновляемых источников энергии, расположенных на территории республики, а также установок по использованию возобновляемых источников энергии;
- утверждает порядок формирования, объем, формы и сроки предоставления информации для ведения кадастра возобновляемых источников энергии, а также порядок принятия решений о включении организаций в кадастр и их исключение из кадастра;
- осуществляет информационное обеспечение в сфере возобновляемых источников энергии".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 октября 2010 года № 529
г. Душанбе