Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, №676
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, №676 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1) Дар банди 2:
- дар зербандҳои б) ва д) калимаҳои "таҳқиқи пешакӣ" ба калимаи "таҳқиқ" ва калимаи "таҳқиқгар" ба калимаи "таҳқиқбаранда" иваз карда шаванд.
- дар зербанди з) рақами "103" ба рақами "140" ва калимаҳои "бо бандҳои 1,2,3 моддаи 195" ба калимаҳои "бо қисми 1 моддаи 230" иваз карда шаванд.
- дар зербанди к) калимаҳои "бандҳои 1 ва 3 моддаи 195" ба калимаҳои "сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230" иваз карда шаванд.
2) Зербандҳои 1), 2) ва 3) банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"л) Асосҳои ғайрисафедкунанда - рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо сабабҳои:
- гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан (сархати сеюми қисми 1 моддаи 27 ё ин ки сархати чоруми қисми 1 моддаи 28 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурин Тоҷикистон);
- нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон (сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ (сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- ҳангоми қабули санади авф (сархати чоруми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- пушаймонӣ аз кирдор (сархати якуми қисми 1 моддаи 28 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- тағйир ёфтани вазъиёт (сархати сеюми қисми 1 моддаи 28 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта нисбати айбдоршавандаи ноболиғ (моддаи 89 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- дар сурате, ки маҳали будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ӯ ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хизматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имконияти воқеии иштироки ӯ дар парванда мавҷуд нест (сархати чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
м) Асосҳои сафедкунанда:
- ҳукми сафедкунанда дар сурати вуҷуд надоштани ҳодисаи ҷиноят, дар кирдори судшаванда мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ва исбот нашудани иштироки судшаванда дар содир кардани ҷиноят (қисми 1 моддаи 340 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бароварда мешавад;
- қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ ва ё рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои зерин: бинобар набудани ҳодисаи ҷиноят; ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят; бинобар набудани аризаи ҷабрдида оид ба парвандаи ҷиноятие, ки танҳо аз рӯи аризаи ҷабрдида оғоз карда мешавад (сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар ҳолате, ки то ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд ҷиноят будани кирдор ва ҷазо барои он бо қонуни нави ҷиноятӣ бартараф карда шудааст (декриминализатсияи ҷиноят) (қисми 1 моддаи 13 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бинобар исбот нагардидани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир кардани ҷиноят (сархати сеюми қисми 1 моддаи 340 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷцкистон) нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ӯ аз рӯи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон асос мавҷуд аст; нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад (сархатҳои ҳаштум ва нӯҳуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
н) Асосҳои баҳисобгирии алоҳида:
- қать намудани парвандаи ҷиноятӣ (таъқиби ҷиноятӣ) нисбат ба шахсе, ки дар вақти содир намудани кирдори бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ нарасидааст;
- қать намудани таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғе, ки дар вақти содир намудани кирдори бо қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ расида бошад ҳам, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рӯҳӣ, ки бо парешонҳолии рӯҳӣ алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусусияти воқеӣ ва хавфӣ ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд (қисми 4 моддаи 23 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми татбиқи сархати якуми қисми 1 моддаи 445 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне, нисбат ба шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун номукаллаф эътироф шудааст), агар хусусияти кирдори содиршуда ва парешонҳолии рӯҳии шахс бо хавфнокӣ барои худи ӯ ва ё шахсони дигар ё ин ки бо имконияти расонидани зарари ҷиддӣ ба онҳо алоқаманд набошанд;
- ирсол намудани парвандаи ҷиноятӣ ба суд дар асоси сархати дуюми қисми 1 моддаи 445 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне нисбат ба шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун номукаллаф эътироф шудааст) ҷиҳати татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;
- таъиноти суд оид ба озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар асоси қисми 1 моддаи 449 Кодекси Мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3) Аз сархати ҳаштуми банди 3 калимаи "ибтидоии" хориҷ карда шавад.
4) Банди 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"6. Шаклҳои намунавии ҳисоботи оморӣ, реквизитҳои ҳатмии варақаҳои оморӣ, икчунин тағйиру иловаҳои дахлдор ба дастурамалҳои вобастаба қайди ягонаи ҷиноятҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ бо дигар субъектҳои баҳисобгирӣ мувофиқа карда мешаванд".
5) Дар банди 16 калимаҳои "бандҳои 1 ва 3 моддаи 195" ба калимаҳои "сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230" иваз карда шаванд.
6) Дар банди 25 калимаи "таҳқиқотчӣ" ба калимаи "таҳқиқбаранда" иваз карда шавад.
7) Дар сархати сеюми банди 32 калимаи "таҳқиқгар" ба калимаи "таҳқиқбаранда" иваз карда шавад.
8) Дар банди 34:
- дар зербанди а) калимаҳои "банди 3 қисми 1 моддаи 5" ба калимаҳои "сархати сеюми қисми 1 моддаи 27 ё ин ки сархати чоруми қисми 1 моддаи 28" иваз карда шаванд;
- зербандҳои б), в), г), д) ва ж) дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"б) нисбат ба шахси фавтида ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон (сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
в) қать намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ (сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
г) ҳангоми қабули санади авф (сархати чоруми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
д) пушаймонӣ аз кирдор (сархати якуми қисми 1 моддаи 28 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
ж) дар сурате, ки маҳали будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ӯ ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хизматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имконияти воқеии иштироки ӯ дар парванда мавҷуд нест (сархати чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);";
- дар зербанди е) калимаи "моддаи 5(1)" ба калимаҳои "сархати сеюми қисми 1 моддаи 28" иваз карда шавад.
9) Зербанди ж) банди 40 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ж) дар сурате, ки маҳали будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба: ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ӯ ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари ҳизматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имконияти воқеии иштироки ӯ дар парванда мавҷуд нест (сархати чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).".
10) Дар банди 49:
- дар сархати панҷум калимаи "таҳқиқот" ба калимаи "таҳқиқ" ва калимаи"таҳқиқгар" ба калимаи "таҳқиқбаранда" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаи "қарордодҳои" ба калимаи "қарорҳои" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2010 № 451
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 декабря 2009 года, №676
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В Порядок ведения единого учёта, регистрации преступлений и лиц их совершивших, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 22 декабря 2009 года №676, внести следующие изменения и дополнения:
1) В пункте 2:
- в подпункте з) цифру "103" заменить цифрой "140" слова "по пунктам 1,2,3 статьи 195" заменить словами "частью первой статьи.230".
- в подпункте к) слова "по пунктам 1 и 3 статьи 195" заменить словами "абзацам первыми и вторым части 1 статьи 230".
2) Подпункты 1) 2) и 3) пункта 2 изложить в следующей редакции:
"л) Нереабилитирующие основания - прекращение уголовного дела или отказ в возбуждении уголовного дела в связи:
- с истечением сроков давности уголовного преследования (абзац третий части 1 статьи 27 или абзац четвёртый части 1 статьи 28 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- в отношении умершего, за исключением случаев, когда производство по делу необходимо для установления невиновности умершего или возобновления дела в отношении других лиц по вновь открывшимся обстоятельствам; (абзац седьмой части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- за примирением потерпевшего с обвиняемым по уголовным делам частного обвинения; (абзацы пятый и шестой части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- вследствие акта амнистии (абзац четвёртый части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- в связи с деятельным раскаянием (абзац первый части 1 статьи 28 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- с изменением обстановки (абзац третий части 1 статьи 28 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- в связи с применением к несовершеннолетнему обвиняемому принудительные меры воспитательного воздействия (статья 89 Уголовного кодекса Республики Таджикистан);
- с отказом в возбуждении уголовного дела или прекращение уголовного дела либо уголовного преследования в отношении лица, имеющего по закону особый правовой статус, когда для возбуждения уголовного дела и привлечения такого лица к уголовной ответственности требуется согласие органа государственной власти;
- с освобождением от уголовной ответственности в других случаях, предусмотренных Уголовным кодексом Республики Таджикистан.
м) Реабилитирующие основания:
- оправдательный приговор выносится в случаях отсутствия события преступления, отсутствия состава преступления в деянии подсудимого и не доказанности участия подсудимого в совершении преступления (часть 1 статьи 340 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- прекращение уголовного дела или отказ в возбуждении уголовного дела по следующим основаниям: отсутствие события преступления; отсутствие в деянии состава преступления; отсутствие заявления потерпевшего, если уголовное дело может быть возбуждено не иначе как по его заявлению (абзацы первый и второй части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- прекращение уголовного дела в случае, когда до вступления приговора в законную силу преступность и наказуемость этого деяния были устранены новым уголовным законом (декриминализация преступления) (часть 1 статьи 12 Уголовного кодекса Республики Таджикистан);
- прекращение уголовного дела в связи с недоказанностью участия подозреваемого или обвиняемого в совершении преступления (абзац третий части 1 статьи 340. Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан), в отношении лица, о котором имеется вступивший в законную силу приговор по тому же обвинению, либо определение суда или постановление суда, судьи о прекращении дела по тому же основанию; в отношении лица, о котором имеется не отмененное постановление дознавателя, следователя, прокурора о прекращении уголовного дела по тому же обвинению постановление, об отказе в возбуждении уголовного дела (абзацы восьмой и девятый части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан).
н) Основания постановки на отдельный учет:
- прекращение уголовного преследования (уголовного дела) в отношений лица, не достигшего к моменту совершения деяния предусмотренного уголовным законом возраста, с которого наступает уголовная ответственность;
- прекращение уголовного преследования в отношении несовершеннолетнего, который хотя и достиг возраста, с которого наступает уголовная ответственность, но вследствие отставания в психическом развитии, не связанного с психическим расстройством, не мог в полной мере осознавать фактический характер и общественную опасность своих действий (бездействия) и руководить ими в момент совершения деяния, предусмотренного уголовным законом (част 4 статьи 23 Уголовного кодекса Республики Таджикистан);
- прекращение уголовного дела в случае применения абзаца первого части 1 статьи. 445 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан (то есть, в отношении лица, признанного невменяемым в порядке предусмотренным законом), когда характер совершенного деяния и психическое расстройство лица не связаны с опасностью для него или Других лиц либо возможностью причинения им иного существенного вреда;
- направление уголовного дела в суд на основании абзаца второго части 1 статьи 445 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан (то есть, в отношении лица, признанного невменяемым в порядке предусмотренным законом), для применения принудительной меры медицинского характера;
д) определение суда об освобождении от уголовной ответственности на основании части 1 статьи 449 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан.
3) Пункт 6 изложить в следующей редакции:
"6. Типовые образцы статистической отчётности, обязательные реквизиты статистических карточек, а также соответствующие изменения в инструкции, связанные с единым учётом преступлений устанавливаются Министерством внутренних дел Республики Таджикистан и в необходимых случаях по согласованию с другими субъектами учёта".
4) В пункте 16 слова "пунктами 1 и 3 статьи 195" заменить словами "абзацами первым и вторым части 1 статьи 230".
5) В пункте 34:
- в подпункте а) слова "пункт 3 часть 1 статьи 5" заменить словами "абзац третий части 1 статьи 27 или абзац четвёртый части 1 статьи 28";
- подпункты б), в), г), д) и ж) изложить в следующей редакции:
"б) в отношении умершего , за исключением случаев, когда производство по делу необходимо для установления невиновности умершего или возобновления дела в отношении других лиц по вновь открывшимся обстоятельствам; (абзац седьмой части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
в) за примирением потерпевшего с обвиняемым по уголовным делам частного обвинения; (абзацы пятый и шестой части 1 статьи 27Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
г) вследствие акта амнистии (абзац четвёртый части 1 статьи 27 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
д) в связи с деятельным раскаянием (абзац первый части 1 статьи 28 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);
- подпункт ж) изложить в следующей редакции:
ж) в случае, когда местонахождение обвиняемого известно, однако отсутствует реальная возможность его участия в деле в связи с решением вопроса о лишении обвиняемого иммунитета, либо его выдаче иностранному государству, а также в связи с нахождением в экспедиции, служебной командировке более двух месяцев (абзац четвёртый части 1 статьи 230 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан);";
- в подпункте е) слова "статья 5(1)" заменить словами "абзац третий части 1 статьи 28";
6) Подпункт ж) пункта 40 изложить в следующей редакции:
"ж) в случае, когда местонахождение обвиняемого известно, однако отсутствует реальная возможность его участия в деле в связи с решением вопроса о лишении обвиняемого иммунитета, либо его выдаче иностранному государству, а также в связи с нахождением в экспедиции, служебной командировке более двух месяцев (абзац четвёртый части 1 статьи 230 Уголовно-процессуального кодекса Республики Таджикистан)".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 сентября 2010 года № 451
г. Душанбе