Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 № 416 "Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф татбиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро дар доираи Барномаи Миёнамӯҳлати Хароҷоти Давлатӣ барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи Барномаи сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро пешбинӣ намоянд.

4) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- барои таъмиру истифодабарӣ аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар назди Раёсат, шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ таъсис диҳад;

- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки компютерҳо муассисаҳои таҳсилоти умумиро то соли 2015 бо хати озоди барқ таъмин намуда, дар минтақаҳое, ки имконияти техникии гузаронидани хати озоди барқ вуҷуд надорад, масъалаи таъмини онҳоро бо генераторҳо то соли 2015 ҳал кунанд ва баҳри иҷрои Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро ҷалб намояд;

- ҷиҳати пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет тадбирҳои амалӣ андешад;

5) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои амалӣ намудани Барномаи мазкур то соли 2015 чораҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 сентябри соли 2010 № 416

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на 2011-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития" и с целью обеспечения общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан компьютерной техникой и глубокого изучения информационнокоммуникационных технологий, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Государственную программу компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на 2011- 2015 годы (прилагается).

2) Министерству образования и науки Республики Таджикистан при разработке проекта, бюджета сферы образования для реализации Государственной программы компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на 2011-2015 годы в рамках Среднесрочной Программы Государственных Расходов на 2011-2013 и на последующие годы принять необходимые меры (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежегодно при разработке Государственной инвестиционной программы, грантов и основного строительства предусмотреть финансирование данной Программы.

4) Министерству образования и науки Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66):

- создать центры и филиалы компьютерного обслуживания для ремонта и использования средств информационных технологий и коммуникации при Управлениях и отделов образования областей, городов и районов республики;

- совместно с Министерством промышленности и новых технологий Республики Таджикистан для эффективного использования компьютеров до 2015 года решить вопрос обеспечения общеобразовательных школ свободной линией электропередачи а в регионах, не имеющих технической возможности подсоединения к свободной линии электропередачи, до 2015 года решить вопрос их обеспечения генераторами и для выполнения данной Программы привлечь государственные и негосударственные предприятия, организации и юридические лица (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

- принять практические меры по подключению общеобразовательных школ к сети Интернет.

5) Местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения в сотрудничестве с Министерством образования и науки Республики Таджикистан, Министерством энергетики и промышленности Республики Таджикистан и Акционерной открытой холдинговой компании "Барки Точик" до 2015 года принять необходимые меры по реализации данной Программы (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон

от 2 сентября 2010 года № 416

 г. Душанбе