Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти соҳаи хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикястон қарор мекунад:
1) Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- оид ба татбиқи Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- Барномаи рушди соҳавӣ ва минтақавии хоҷагии манзилию коммуналиро дар давраи то соли 2025 таҳия намоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар таҳия намудани Барномаи соҳавӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мусоидат намояд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳия намудани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои ояндаи миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, эҳтиёҷоти соҳаро барои татбиқи талаботи муқаррариамудаи Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 ба инобат гиранд.
4) Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахбори хаттӣ пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2010 № 321
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Концепции реформы жилищно-коммунального хозяйства в Республике Таджикистан на период 2010-2025 годов
В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", с целью улучшения деятельности сферы услуг жилищно-коммунального хозяйства Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Концепцию реформы жилищно-коммунального хозяйства в Республике Таджикистан на период 2010-2025 годов (прилагается).
2) Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти:
- принять меры по реализации Концепции реформы жилищнокоммунального хозяйства в Республике Таджикистан на период 2010- 2025 годов;
- разработать Программу отраслевого и регионального развития жилищно-коммунального хозяйства на период до 2025 года.
Государственному унитарному предприятию "Хочагии манзилию коммунали" оказать содействие министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти в разработке отраслевой программы.
3) Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному унитарному предприятию "Хочагии манзилию коммунали", совместно с министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти при разработке средне - и долгосрочных программ социальноэкономического развития республики, учесть потребности отрасли для реализации установленных требований Концепции реформы жилищно-коммунального хозяйства в Республике Таджикистан на период 2010-2025 годов.
4) Государственному унитарному предприятию "Хочагии манзилию коммунали" о выполнении данной Концепции ежегодно предоставлять письменную информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1 июля 2010 года № 321
г. Душанбе