Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010 № 188 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 98"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 "Дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо" рақамҳои "2007" ба рақамҳои "2012" иваз карда шаванд.

2) Ба Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар матни Низомнома рақамҳои "2007" ба рақамҳои "2012" иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми банди 2 баъди калимаҳои "тасдиқ шудааст", калимаҳои "тибқи қонунгузории ҷорӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 8 сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум пурра хориҷ карда шуда, сархатҳои нав дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"-корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишондодашуда ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар давраи солҳои 2010-2012 таъсис дода мешаванд, дар музоядаи тарзи англисӣ ба андозаи 100 фоиз бо нархи ибтидоӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ ба фурӯш гузошта мешаванд;

- корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишондодашуда ва ҷамъиятҳои саҳомии дар давраи солҳои 2010-2012 таъсисдодашуда, ки дар музоядаи тарзи савдои англисӣ ба фурӯш нарафтаанд, дар муддати 35 рӯзи бонкӣ пас аз рӯзи гузаронидани ин музояда, ба тендери инвеститсионӣ ба андозаи 50 фоиз аз нархи ибтидоии бо тарзи англисӣ ба савдо баровардашуда ба фурӯш гузошта мешаванд.";

- дар сархатҳои якум, дуюм, чоруми банди 21 ва минбаъд калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 33 рақамҳои "1000, 50 ва 500 доллари ШМА" мутаносибан ба калимаҳои "350, 15 ва 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд;

- дар банди 55 баъд аз калимаҳои "иштирокчиёни музояда" калимаҳои "дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда" илова карда шавад;

- дар банди 83 калимаҳои "дар ҳаҷми дукарата" хориҷ карда шуда, баъди калимаҳои "ба маблағи" калимаҳои "20 фоиз" илова карда шаванд;

- рақамгузории боби ҶV матни русӣ ба рақамгузории боби ҶV матни тоҷикӣ мутбиқ гардонида шавад;

- аз банди 110 калимаҳои "аммо на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда" хориҷ карда шаванд.

3) Ба Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати бисту ҳафтуми банди 1 рақами "2007" ба рақами "2012" иваз карда шавад;

- дар банди 5 сархати нав дар таҳрири зерин илова карда шавад: "пешниҳодоти молиявии иштирокунандагони тендери инвеститсионӣ бояд на кам аз 25 фоизи маблағи аз нархи ибтидоии бо тарзи англисӣ ба савдои музоядавӣ баровардашудаи корхонаро ташкил диҳад.";

- дар бандҳои 43 ва 105 калимаи "рӯз" ба калимаҳои "рӯзи бонкӣ" иваз карда шавад;

- дар банди 49 калимаҳои "ба маблағи як ҳазор доллари ШМА" ба калимаҳои "дар ҳаҷми 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд;

- аз банди 110 калимаҳои "аммо на барвақтар аз 30 рӯзи бонкӣ аз санаи гузаронидани тендер" хориҷ карда шаванд;

- дар банди 119 баъди калимаи "фурӯшанда" калимаҳои "баъди ду сол" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2010 № 188

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2004 года № 98

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В тексте постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2004 года №98 "О порядке продажи объектов государственной собственности на аукционах и тендерах" цифры "2007" заменить на цифры "2012".

2) Внести в Положение о порядке продажи объектов государственной собственности на аукционах, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2004 года №98, следующие изменения и дополнения:

- в тексте Положения цифры "2007" заменить на цифры "2012";

- в первом абзаце пункта 2 после слов "в соответствии с" добавить слова "действующим законодательством и";

- в пункте 8 абзацы первый, второй, третий, четвертый полностью исключить и изложить новые абзацы в следующей редакции:

"- предприятия, указанные в приложениях 1 и 2, и акционерные общества, которые будут созданы в период 2010-2012 годов, выставляются на аукционные торги по английскому методу, со стартовой ценой в размере 100 процентов стоимости в соответствии действующим законодательством;

- предприятия, указанные в приложениях 1 и 2, и акционерные общества, которые созданы в период 2010-2012 годов, выставленные, но нереализованные на аукционе по английскому методу, в течении 35 дней после проведения этого аукциона выставляются на продажу в инвестиционном тендере в размере 50 процентов от стартовой цены выставленной на аукционе по английскому методу";

- в абзаце первом, втором, четвертом пункта 21 и далее слова "Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан", "Министерства экономики и торговли Республики Таджикистан", "Государственного комитета Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом" заменить, соответственно, на слова "Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан", "Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан", "Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан";

- в абзацах первом, втором и третьем пункта 33 слова "1000, 50 и 500 долларов США" заменить соответственно на слова "350, 15 и 200 показателей для расчётов";

- в пункте 55 после слов "участники аукциона" добавить слова "на основании подтверждающих документов";

- в пункте 83 исключить слова "в двойном размере" и после слова "превышающей" добавить слова "на 20 процентов", далее по тексту.

- нумерацию XV раздела русского текста привести в соответствие с нумерацией XV раздела таджикского текста;

- из пункта 110 исключить слова "но не ранее 30 банковских дней с даты проведения аукциона".

3) В Положение о порядке продажи объектов государственной собственности на тендерах, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2004 года № 98, внести следующие изменения и дополнения:

- в абзаце двадцать седьмом пункта 1 цифру "2007" заменить на цифру "2012";

- в пункте 5 добавить новый абзац в следующей редакции: "Финансовое предложение участника инвестиционного тендера не должно быть меньше 25 процентов от суммы стартовой стоимости предприятия, выставленного на аукционных торгах по английскому методу";

- в пунктах 43 и 105 слово "дней" заменить на слова "банковских дней";

- в пункте 49 слова "тысячи долларов США" заменить на слова "350 показателей для расчётов";

- из пункта 110 исключить слова "но не ранее 30 банковских дней с даты проведения тендера";

- в пункте 119 после слов "продавец" добавить слова "после двух лет".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

от 30 марта 2010 года № 188

 г. Душанбе