Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №486
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2009" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар ном, матни қарор ва Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2009 рақамҳои "2009" ба рақамҳои "2012" иваз карда шаванд;
- банди 2 қарор дар таҳрири зерин баён карда шавад:
"2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши 100 фоиз саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии боқимонда ва ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар давраи солҳои 2010-2012 дар заминаи корхонаҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд, тибқи бандҳои "а" ва "б" боби II Нақшаи стратегӣ пурра таъмин намояд";
- Боби II Нақшаи стратегӣ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"II. Тартиби хусусигардониии корхонаҳое, ки дар замимаҳои ва 2 Нақшаи стратегӣ нишон дода шудаанд:
а) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар давраи солҳои 2010-2012 таъсис дода шудаанд, дар музояда бо усули англисӣ бо нархи ибтидоӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фурӯш гузошта мешаванд;
б) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомии дар давраи солҳои 2010-2012 таъсисдодашуда, ки дар музояда бо усули англисӣ ба фурӯш нарафтаанд, дар мӯҳлати 35 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаштани ин музояда ба тендери инвеститсионӣ ба андозаи 50 фоиз аз нархи ибтидоии бо усули англисӣ ба савдо баровардашуда ба фурӯш гузошта мешаванд;
в) нисбати корхонаҳое, ки дар тендери инвеститсионӣ ба фурӯш нарафтаанд, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаронидани тендери инвеститсионӣ мутобиқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи расмиёти муфлисшавиро оғоз менамояд;
г) ҳангоми аз тарафи суд рад гардидани аризаи муфлисшавии корхона, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ аз санаи қабули қарори суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи барҳамдиҳии корхонаро баррасӣ менамояд;
д) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар музояда фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда амалӣ мегардад;
е) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар тендерҳои инвеститсионӣ фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои тендерӣ, пас аз ду сол амалӣ мегардад;
ё) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатиро дар музоядаҳо ва тендерҳо тасдиқ менамояд. Ҳангоми зарурат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба ворид намудани илова ва тағйирот ба санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, ба мақомоти қонунгузорӣ ирсол менамояд.
Ваколати қабули қарор барои дар музояда ва тендерҳои инвеститсионӣ ба фурӯш гузоштани корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба зиммаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад";
- Боби III Нақшаи стратегӣ хориҷ карда шавад;
- Бобҳои IV, V, VI ва VII Нақшаи стратегӣ мутаносибан бобҳои III, IV, V ва VI ҳисобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 марти соли 2010 № 187
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 ноября 2003 года №486
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 ноября 2003 года № 486 "О Стратегическом плане приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий на 2003-2009 годы" внести следующие изменения и дополнения:
в названии, тексте постановления и Стратегическом плане приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий на 2003-2009 годы цифры "2009" заменить на цифры "2012";
- пункт 2 постановления изложить в следующей редакции:
"2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан обеспечить продажу 100 процентов акций оставшихся акционерных обществ, а также акционерных обществ, которые будут созданы на базе государственных предприятий в период 2010-2012 годов, согласно пунктов "а" и "б" раздела II Стратегического плана;
- Раздел II Стратегического плана изложить в следующей редакции:
"II. Порядок приватизации предприятий, приведенных в приложениях 1 и 2 Стратегического плана:
а) предприятия, указанные в приложениях 1 и 2, а также акционерные общества, которые созданы в период 2010-2012 годов, выставляются на аукцион по английскому методу со стартовой ценой в соответствии с установленным законодательством Республики Таджикистан порядком;
б) предприятия, указанные в приложениях 1 и 2 и акционерные общества, созданные в период 2010-2012 годов, которые не реализованы на аукционе по английскому методу в течении 35 банковских дней со дня проведения аукциона, выставляются на инвестиционный тендер со стартовой ценой в размере 50 процентов от стартовой цены выставленной на аукционе по английскому методу;
в) по отношению к предприятиям, не реализованным на инвестиционном тендере, уполномоченный орган Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом в течении 60 банковских дней со дня проведения инвестиционного тендера начинает применение процедуры банкротства в соответствии с порядком предусмотренным законодательством Республики Таджикистан;
г) в случае, когда заявление о признании предприятия банкротом отклонено судом, уполномоченный орган Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом в течении 60 банковских дней со дня вынесения решения суда приступает к процедуре ликвидации предприятия в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан;
д) передача прав собственности покупателю в отношении предприятий, проданных на аукционе, осуществляется после выплаты всей суммы за выкупаемое имущество в порядке установленном законодательством Республики Таджикистан;
е) передача прав собственности покупателю в отношении предприятий, проданных на инвестиционных тендерах, осуществляется по истечении двух лет в порядке установленном законодательством Республики Таджикистан после выплаты всей суммы за выкупаемое имущество и выполнения тендерных обязательств;
ё) Правительство Республики Таджикистан утвердит постановление о внесении изменений и дополнений в положения о порядке продажи объектов государственной собственности на аукционах и тендерах. В случае необходимости Правительство Республики Таджикистан разработает предложения о внесении изменений и дополнений в другие нормативные правовые акты и представит в законодательный орган.
Полномочие по принятию решений о реализации на аукционах и инвестиционных тендерах предприятий, определенных в приложениях 1 и 2, и реализации принадлежащих государству пакетов акций акционерных обществ возлагается на Государственный комитет по инвестициям и управлению государственной имуществом Республики Таджикистан";
- Исключить раздел Ш Стратегического плана;
- Разделы IV, V, VI и VII Стратегического плана считать соответственно разделами III, IV, V и VI.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 марта 2010 года № 187
г. Душанбе