Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба Низомнома оид ба Назорати давлатии оташнишонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1995 № 726 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- бандҳои 4.2 ва 4.8 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"4.2. Ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёриро ҷиҳати дар онҳо риоя шудани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дида мебарояд ва мувофиқа менамояд.";
"4.8. Талаботҳоеро, ки дар меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор пешбинӣ карда нашудаанд ва ё аз онҳо қисман фарқ мекунанд, дида мебарояд ва мувофиқа менамояд;".
2) Сархати даҳуми банди 4 "Тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 139 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
" - барои ба истифода додани иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги истеҳсолӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ дошта;".
3) Банди 4 "Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 № 374 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад.
"4. Мутобиқи моддаи 6 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар мӯҳлати на дертар аз 25 (бисту панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани ариза (мактуб, дархост) бо замимаи тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (парвандаи заминсозӣ) дода мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2010 № 105
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Внести в Положение о государственном пожарном надзоре в Республике Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 7 декабря 1995 года № 726 следующие изменения:
- пункты 4.2. и 4.8 изложить в следующей редакции:
"4.2 Рассматривает и согласовывает градостроительную документацию, проекты стандартов, норм, правил, других нормативных документов, в части учета в них требований пожарной безопасности";
"4.8 Рассматривает и согласовывает требования, не указанные в нормах и правилах противопожарной безопасности, или имеющие частичное отступление от них;".
2) Абзац десятый пункта 4 Порядка оформления, регистрации и выдачи санитарно-эпидемиологического заключения, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2004 года № 139, изложить в следующей редакции:
" - вводу в эксплуатацию объектов, в том числе производственных, крупных сооружений и инженерных сетей, транспортных средств, продукции производственно -технологического назначения;",
3)
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 27 февраля 2010 года №105
г. Душанбе