Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №624 аз 20 феврали соли 2009 "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Дар сархати дуюми банди 8 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 №69 "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "буҷети ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "суратҳисоби махсус ташкилкардашудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2) Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 №207 "Дар бораи тадбирҳои таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки муваққатан дар хориҷи кишвар иқомат мекунанд":
- дар сархати дуюми банди 4 баъди калимаҳои "25 доллари ШМА" калимаҳои "ба суратҳисоби махсус ташкилкардашудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- дар сархати панҷуми банди 5 калимаҳои "ба буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "ба суратҳисоби махсус ташкилкардашудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3) Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз 1 январи соли 2010 то рӯзи қабули қарори мазкур аз ҳисоби фурӯши шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ воридгардида ба ҳисоби пардохти қарзи Вазорати корҳои хориҷӣ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009 №624 "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд" ҷудо карда шудааст, гузаронида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2010 № 104
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 20 февраля 2009 года №624 "О вводе заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Во втором абзаце пункта 8 постановления Правительства Республики Таджикистан от 26 февраля 1998 года №69 "О вводе заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан" слова "республиканский бюджет" заменить словами "специально созданный счет Министерства иностранных дел Республики Таджикистан".
2) В постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 июня 2005 года №207 "О мерах по обеспечению общегражданскими заграничными паспортами граждан Республики Таджикистан, временно проживающих за пределами республики":
- второй абзац пункта 4 после слов "25 долларов США" дополнить словами "специально созданный счет Министерства иностранных дел Республики Таджикистан";
- в пятом абзаце пункта 5 слова "республиканского бюджета Республики Таджикистан" заменить словами "специально созданный счет Министерства иностранных дел Республики Таджикистан".
3) Установить, что средства, поступившие в республиканский бюджет от реализации общегражданских заграничных паспортов с 1 января 2010 года до принятия настоящего постановления, направить на погашение долга Министерства иностранных дел перед Министерством финансов Республики Таджикистан, выделенных в целях реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 20 февраля 2009 года №624 "О вводе заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 27 февраля 2010 года №104
г. Душанбе