Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 № 59 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳн давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд" таъсис дода шавад.

2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал, намоянд.

3) Дар Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар асоси созишномаҳои сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006№ 594 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 феврали соли 2010 № 59

 ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного образовательного учреждения "Институт экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в городе Худжанд"

В соответствии со статьей 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Создать Государственное образовательное учреждение "Институт экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в городе Худжанд".

2) Министерству образования Республики Таджикистан и Правлению Союза "Таджикматлубот" в двухмесячный срок и установленном порядке решить организационно-правовые вопросы данного образовательного учреждения.

3) Перечень государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность в сфере образования на основе трехстороннего соглашения с Министерством образования Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года№594, дополнить абзацем следующего содержания:

"Государственное образовательное учреждение "Институт экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в городе Худжанд".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон

от 12 февраля 2010 года №59

 г. Душанбе