Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 № 707
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009 №707 "Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2) Ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар мақомоту идораҳои дахлдор барои саривақт иҷро намудани Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар доираи маблағҳои тасдиқгардидаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 чораҳои амалӣ андешида, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани онро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2009 № 667
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 15 сентября 2009 года № 707
В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикиста" и с целью реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 15 сентября 2009 года №707 "Об объявлении 2010 года Годом образования и технического знания" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить План мероприятий Года образования и технических знаний (приложение 1).
2) Утвердить состав Оргкомитета празднования Года образования и технических знаний (приложение 2).
3) Министерству образования Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Академии наук Республики Таджикистан, местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения, соответствующим министерствам и ведомствам, в пределах средств, утвержденных Государственным бюджетом Республики Таджикистан на 2010 год, принять необходимые меры по своевременному выполнению Плана мероприятий Года образования и технического знания и обеспечить его проведение на высоком политическом и организационном уровне.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 декабря 2009 года №667
г. Душанбе