Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707 "Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи маориф, ташаккули пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, воридшавӣ ба фазои ҷахонии таҳсилот, таъмини сифати таҳсилот ва рушди тафаккури техникии аҳолӣ фармон медиҳам:

1. Соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ барои амалӣ намудани Фармони мазкур тадбирҳои амалӣ андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

15 сентябри соли 2009 № 707

УКАЗ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об объявлении 2010 года Годом образования и технического знания

С целью дальнейшего развития отрасли образования, укрепления материально-технической базы учебных заведений, вхождения в сферу международного образования, обеспечения качества образования и развития технического мышления населения постановляю:

1. Объявить 2010 год Годом образования и технического знания.

2. Правительству Республики Таджикистан в двухмесячный срок принять необходимые меры для выполнения настоящего Указа.

Президент

Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе

 15 сентября 2008 года № 707