ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ"
Моддаи 1. Сархати дуюми банди б) моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 336; с. 1997, №23-24, мод.333; с. 2000, №11, мод.527; с. 2008, №3 мод. 189) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира ва пардаҳои паҳлӯӣ, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ба истиснои воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
аз 3 декабри соли 2009 № 570
ш.Душанбе
аз 3 декабри соли 2009 № 570
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" қабул карда шавад.
...