Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 № 567 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 146; с. 1999, №11, мод. 278; с. 2003, №8, мод. 453; с. 2005, №12, мод. 642; с. 2006, №3, мод. 147, №7, мод. 339; с. 2007, №5, мод. 361; с. 2009, №7-8, мод. 491) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун қисмҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ ва сархатҳо бо дефис (-) ишора карда, калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - намуди фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё махфӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомоти давлатии бо Қонуни мазкур ваколатдоршуда, бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷинояткорона амалӣ карда мешавад;";

- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҷамъоварии маълумот - гирифтани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки чунин маълумотро дорад ё метавонад дошта бошад, ҳамчунин дастрас намудани он бо роҳи шиносшавии бевосита бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз ҷумла манбаи маълумоти оперативӣ, криминалистӣ ва манбаи дигари маълумот (ҳисобот), низоми иттилоотӣ ва дигар сарчашмаҳо;".

3. Ба моддаи 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- дарёфт ва ошкор намудани моликияти аз тарафи суд мусодирашаванда.".

4. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

5. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ танҳо барои расидан ба мақсад ва иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.".

6. Дар моддаи 8:

- дар қисми якум калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;

- дар қисми нӯҳум рақамҳои "8-11" ба рақамҳои "9-12" иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 9:

- дар қисми сеюм калимаи "ходимони" ба калимаи "кормандони" иваз карда шавад;

- дар қисми шашум калимаи "судя" ба калимаҳои "ба суд" иваз карда шавад.

8. Дар қисми дуюми моддаи 11 калимаҳои "ва барои исботкунӣ дар парвандаи ҷиноӣ мутобиқи қоидаҳои қонунгузории ҷиноию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "инчунин барои исбот дар парвандаи ҷиноятӣ тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

9. Дар моддаи 12:

- дар қисми якум калимаҳои "дар бораи шахсони махфӣ ба онҳо ёрирасонанда" ба калимаҳои "дар бораи шахсони ба онҳо ба таври пинҳонӣ кӯмаккунанда" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "дар бораи шахсони махфӣ ба онҳо ёрӣ мерасонанд ва ёрӣ расонидаанд" ба калимаҳои "дар бораи шахсоне, ки ба онҳо ба таври пинҳонӣ кӯмак мекунанд ё кӯмак кардаанд" иваз карда шаванд.

10. Дар банди 2) моддаи 14 баъд аз калимаҳои "супоришҳои хаттии" калимаҳои "мақоми таҳқиқ," илова карда шаванд.

11. Дар қисми дуюми моддаи 16 баъд аз калимаҳои "дахолат намояд" калимаҳои "ба истиснои шахсоне, ки бевосита тибқи Қонуни мазкур ваколатдор карда шудаанд" илова карда шаванд.

12. Дар қисми сеюми моддаи 17 калимаҳои "ёрии махфии" ба калимаҳои "кӯмаки пинҳонии" иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 18:

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд;

- дар қисми ҳаштум калимаи "Қонун" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

14. Дар қисми сеюми моддаи 21 калимаҳои "пинҳонӣ ёридиҳанда" ба калимаҳои "ба таври пинҳонӣ кӯмаккунанда" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 3 декабри соли 2009 № 567

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣҷустуҷӯӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Хайруллоев

ш. Душанбе, 28 октябри соли 2009 № 1448

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ -ҷустуҷӯӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣҷустуҷӯӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2009 № 699

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно-розыскной деятельности"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 22 мая 1998 года "Об оперативно - розыскной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998г., №10, ст. 146; 1999г., №11, ст. 278; 2003г., №8, ст. 453; 2005г., №12, ст. 642; 2006 г., №3, ст.147, №7, ст. 339; 2007г., №5, ст. 361; 2009 г., №7-8, ст. 491) следующие изменения и дополнения:

1. В тексте Закона части пронумеровывать арабскими цифрами, абзацы обозначить знаком дефис (-).

2. В статье 1:

- абзац первый изложить в следующей редакции: "- оперативнорозыскная деятельность -вид деятельности, осуществляемая гласно или негласно уполномоченными на эту деятельность государственными органами в соответствии с настоящим  Законом  путем проведения оперативно-розыскных мероприятий в целях защиты жизни, здоровья, конституционных прав и свобод человека и гражданина, собственности, обеспечения безопасности общества и государства от преступных посягательств;".

3. Статью 2 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- обнаружение и выявление собственности, подлежащей конфискации судом.".

4. Статью 4 изложить в следующей редакции:

"Статья 4. Законодательство Республики Таджикистан об оперативно - розыскной деятельности

Законодательство Республики Таджикистан об оперативно -розыскной деятельности основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

5. Часть первую статьи 5 изложить в следующей редакции:

"Оперативно -розыскная деятельность осуществляется только для достижения целей и решения задач, установленных настоящим Законом.".

6. В статье 8:

- в части первой слово "закон" заменить словами "законодательством Республики Таджикистан";

- в части девятой цифры "8-11" заменить цифрами "9-12".

7. В части шестой статьи 9 слово "судье" заменить словом "в суд".

8. В части второй статьи 16 слово "законом" заменить словами "настоящим Законом".

9. В статье 18:

- в части седьмой слова "законом и иными" исключить;

- в части восьмой слова "и в установленном законом порядке" заменить словами "и в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

 

Президент

Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

3 декабря 2009 года № 567

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности"

В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в  Закон  Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности".

 

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                     С.Хайруллоев

г. Душанбе, 28 октября 2009 года, № 1448

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в  Закон  Республики Таджикистан "Об оперативно -розыскной деятельности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в  Закон  Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности".

 

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 19 ноября 2009 года №699