Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 №359
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 № 359 "Дар бораи Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) номи қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ";
2) дар матн калимаҳои "Классификатори" ва "Манбаи марказонидашудаи" мутаносибан ба калимаҳои "Таснифи" ва "Маҳзани мутамарказӣ" иваз карда шаванд;
3) дар муқаддима рақами "79" ба рақами " 13" иваз карда шавад;
4) сархати сеюми банди 2 хориҷ карда шавад;
5) банди 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.";
6) ба фасли "0.10. Асосҳои сохтори конститутсионӣ":
- зерфасл дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"010.200.100. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон";
- зерфасл дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"010.180.080. Дигар мақомот (кумитаҳо, комиссияҳо, шӯроҳо, комиссияҳои байниҳукуматӣ";
7) ба фасли "030. Фаъолияти хоҷагидорӣ. Ҳуқуқи тиҷоратӣ" зерфасл дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"030.030.010. Фармоиши иҷтимоии давлатӣ";
8) ба фасли "070. Молия ва кредит. Ҳуқуқи андоз. Фаъолияти бонкӣ" зерфасл дар таҳрири зерин илова карда шавад:
"070.180.010. Металҳои қиматбаҳо";
9) ба фасли "190. Тандурустӣ. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Туризм" зерфаслҳо дар таҳрири зерин илова карда шаванд:
"190.010.160. Тибби халқӣ";
"190.010.170. Донор".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2009 № 619
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2006 года №359
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2006 года № 359 "О едином общеправовом классификаторе Республики Таджикистан и Централизованном банке правовой информации" следующие изменения и дополнения:
1) в преамбуле цифру "79" заменить на цифру "13";
2) абзац третий пункта 2 исключить;
3) пункт 5 изложить в следующей редакции:
"5. Контроль исполнения за данным постановлением возложить на Министерство юстиции Республики Таджикистан"
4) раздел "010.Основы конституционного устройства" дополнить подразделом в следующей редакции:
"010.200.100. Уполномоченный по правам человека";
5) раздел "030. Хозяйственная деятельность. Коммерческое право" дополнить подразделом в следующей редакции:
"030.030.010. Государственный социальный заказ";
6) раздел "070. Финансы и кредит. Налоговое право. Банковская деятельность" дополнить подразделом в следующей редакции:
"070.180.010.Драгоценные металлы";
7) раздел "190. Здравоохранение. Физическая культура и спорт.
Туризм." дополнить подразделами в следующее редакции: "190.010.160. Народная медицина" "190.010.170. Донорство"
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 31 октябри соли 2009 № 619
Г. Душанбе