Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри 607 "Дар бораи Низомномаи Комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.07.2011 № 322 аъ эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи Комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ" бо мақсади саривақт иҷро намудани корҳои давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Низомномаи Комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 фаъолияти худро тибқи Қоидаҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 №312 тасдиқ шудаанд, ба роҳ монад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2009 № 607

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 01.07.2011г.№322

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Положении Комиссии содействия переписи населения

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О переписи населения" в целях своевременного выполнения работ подготовительного периода и проведения переписи населения Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Положение Комиссии содействия переписи населения (прилагается).

2) Комиссии содействия переписи населения в связи с подготовкой и проведением переписи населения в 2010 году осуществить свою деятельность в соответствии с Правилами проведения переписи населения Республики Таджикистан в 2010 году, утвержденными постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 года №312.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 31 октября 2009 года №607

г. Душанбе