Низомномаи Комиссияи мусоидатба барӯйхатгирии аҳолӣ аз 21 октябри соли 2009 № 607

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.07.2011 № 322 аъ эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 607

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

1) Комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ (минбаъд - Комиссия) барои мусоидат ва назорати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005 №282 "Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010" ва аз 4 июли соли 2006 №312 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010" таъсис дода шудааст.

2) Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ", санадҳои меъёрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3) Вазифаҳои асосии Комиссия иборатанд аз:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттииҳодияхои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон аз рӯи масъалаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, иҷрои чорабиниҳо доир ба ташкил ва гузаронидани корҳои фаврии аввалиндараҷае, ки ба ташкил ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил вобастаанд;

- расонидани ёрии амалӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил.

- тасдиқи барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил.

4) Дар ҷаласаҳои Комиссия баррасӣ карда мешаванд:

- лоиҳаҳои таҳияшудаи варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин рӯйхатҳои иловагии саволҳо барои варақаҳои барӯйхатгирӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии тавсифдиҳандаи сатҳи иҷтимоию демографии ҳаёти аҳолӣ;

- чорабиниҳо ва нақшаи тақвимӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

- қоидаҳои асосии ташкилию методологии барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

- лоиҳаҳои сметаи хароҷотҳои ҳарсола барои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин барои коркарди маводи он.

5) Комиссия ҳуқуқ дорад:

- ба ҷаласаҳо роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро даъват намояд ва ахбори онҳоро оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гӯш кунад ва баррасӣ намояд;

- аз мақомотҳои давлатӣ ва шахсони воқеӣ маводи заруриро барои иҷрои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Комиссия дохил мешаванд, дархост ва қабул намояд;

- бо тартиби муқарраргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба пуррагӣ ҳалталаб таклифу мулоҳизаҳои оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вобастаро, пешниҳод намояд.

6) Қарорҳои Комиссия бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ барои иҷро расонида мешаванд.

7) Фаъолияти Комиссия тибқи нақшаҳои кории тасдиқшуда амалӣ мегардад.

8) Раиси Комиссия фаъолияти онро роҳбарӣ мекунад, дар ҷаласаҳои Комиссия раисикунанда мебошад, корҳои давраи тайёрӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро ба нақша мегирад, аз рӯи иҷрои қарорҳо назорати умумӣ мебарад ва ҷиҳати фаъолияти Комиссия масъулиятро ба зимма дорад.

9) Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти кории Комиссия ба ҳисоб меравад ва корҳои ташкилии Комиссияро амалӣ мегардонад.

10) Корҳои ташкилии Комиссия, омода намудани ҳуҷҷату маводи дахлдор ва ба расмият даровардани протоколҳои ҷаласаи Комиссияро котиби Комиссия иҷро менамояд.

11) Ҷаласаҳои Комиссия бо мурури зарурият, вале на камтар аз як маротиба дар семоҳа баргузор мегарданд.

12) Ба ҷаласаҳои Комиссия кормандони масъули вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар муассисаҳо, ки бо масъалаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ вобастагӣ доранд, метавонанд даъват шаванд.

13) Комиссия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

14) Комиссия дар давоми тамоми давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ амал мекунад ва фаъолияти худро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардонад.

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 01.07.2011 г.№322

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "31" октября 2009 года № 607

Положение о Комиссии содействия переписи населения

1) Комиссия содействия переписи населения (далее - Комиссия) создана для координации деятельности министерств, ведомств, местных органов государственной власти, контроля за ходом выполнения Закона Республики Таджикистан "О переписи населения" от 19 мая 2009 года №523, постановлений Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2005 года №282 "О подготовке и проведении переписи населения в Республике Таджикистан" и от 4 июля 2006 года за №312 "О дополнительных мерах по проведению переписи населения и жилищного фонда Республики Таджикистан в 2010 году".

2) Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О переписи населения", актами Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

3) Основными задачами Комиссии являются:

- координация деятельности министерств, государственных комитетов, других центральных органов, и местных исполнительных органов государственной власти по вопросам переписи населения, выполнению мероприятий по подготовке и проведению неотложных первоочередных работ, связанных с организацией и проведением переписи населения и жилого фонда;

- оказание практической помощи местным исполнительным органам государственной власти и местным органам статистики в подготовке и проведении переписи населения и жилого фонда.

4) Комиссия на своих заседаниях рассматривает:

- разработанные проекты переписного листа переписи населения и жилого фонда, а также дополнительные перечни вопросов переписных бланков по основным показателям, характеризующим социально-демографический уровень жизни населения;

- мероприятия и календарный план по подготовке и проведению переписи населения и жилого фонда;

- основные организационно-методологические положения программы переписи населения и жилого фонда;

- проекты ежегодных смет расходов на подготовку, проведение переписи населения и жилого фонда, а также обработку ее материалов.

5) Комиссия имеет право:

- приглашать на заседания, заслушать и рассмотреть информацию руководителей министерств, государственных комитетов, других исполнительных органов государственной власти по вопросам, касающихся переписи населения и жилого фонда;

- запрашивать и получать от государственных органов и физических лиц материалы, входящие в компетенцию Комиссии;

- вносить в установленном порядке в Правительство Республики Таджикистан предложения по вопросам, требующим окончательного решения, связанным с подготовкой и проведением переписи населения и жилого фонда.

6) Решения Комиссии оформляются протоколами доводятся до всех соответствующих органов государственной власти для исполнения.

7) Деятельность Комиссии проводится в соответствии с утвержденными планами работы.

8) Председатель Комиссии руководит ее деятельностью, председательствует на заседаниях, планирует работу подготовительного периода переписи населения и жилого фонда, осуществляет общий контроль над реализацией решений, несет ответственность за деятельность Комиссии.

9) Рабочим органом Комиссии является Государственный комитет статистики Республики Таджикистан, который осуществляет организационные работы Комиссии.

10) Организационные работы Комиссии, подготовку соответствующих документов и материалов а также оформление протоколов заседания Комиссии осуществляет секретарь Комиссии.

11) Заседания Комиссии проводятся по мере необходимости, но не реже одного раза в квартал.

12) На заседания Комиссии могут быть приглашены ответственные работники министерств, государственных комитетов, иных центральных органов государственной власти, научных и других учреждений, связанных с вопросами переписи населения.

13) Комиссия подотчетна Правительству Республики Таджикистан.

14) Комиссия действует в течение всего периода подготовки и проведения переписи населения в республике и прекращает свою деятельность на основании решения Правительства Республики Таджикистан.