Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2055 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон""

Санаи амалкуни: 20.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 июни соли 2024, № 1359

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 июни соли 2024, № 493

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 августи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 254, №23-24, мод. 333; с. 2001, №4, мод. 197, мод. 203; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 200; с. 2005, №7, мод. 403; с. 2006, №11, мод. 470; с. 2008, №10, мод. 801; с. 2009, №3, мод. 94) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 11 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд назорати сарҳадиро тавассути "Дарвозаҳои электронӣ" гузаранд. Тартиби гузаштан аз назорати сарҳадӣ тавассути "Дарвозаҳои электронӣ" аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".

2. Дар банди 8) қисми дуюми моддаи 33 аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар сурати убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавассути "Дарвозаҳои электронӣ" дар ҳуҷҷатҳои онҳо, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузошта намешаванд;".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 20 июни соли 2024, № 2055

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ ГРАНИЦЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят постановлением МН МОРТ

от 12 июня 2024 года №1359 

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 19 июня 2024 года №493

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О Государственной границе Республики Таджикистан" от 1 августа 1997 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №15-16, ст. 254, №23-24, ст. 333; 2001 г., №4, ст. 197, ст. 203; 2002 г., №4, ч. 1, ст. 200; 2005 г., №7, ст. 403; 2006 г., №11, ст. 470; 2008 г., №10, ст. 801; 2009 г., №3 ст. 94) следующие изменение и дополнения:

1. Статью 11 дополнить частью пятым следующего содержания:

"Граждане Республики Таджикистан, иностранные граждане и лица без гражданства имеют право на прохождение пограничного контроля посредством "Электронные ворота". Порядок прохождения пограничного контроля посредством "Электронные ворота" утверждается Правительством Республики Таджикистан.".

2. В пункте 8) части второй статьи 33 знак точки с запятой ";" заменить знаком точки и дополнить вторым предложением следующего содержания:

"В случае пересечения Государственной границы гражданами Республики Таджикистан, иностранными гражданами и лицами без гражданства посредством "Электронные ворота", в их документах, дающих право на пересечение Государственной границы, не ставятся соответствующие отметки;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент 

Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г.Душанбе

20 июня 2024 года №2055