ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № 138
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № 138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 3 рақами "75" ба рақами "82" иваз карда шавад;
- ба банди 4 баъд аз калимаи "шавад" аломат ва калимаҳои ", аз ҷумла барои ҳайати асосӣ маблағгузории музди меҳнати 60 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус ва 22 воҳиди кории дигар танҳо аз ҳисоби маблағҳои махсус" илова карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 7 майи соли 2024, № 826
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменения и дополнения в указ Президента Республики Таджикистан от 10 февраля 2014 года, №138
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 10 февраля 2014 года, №138 "О создании Национального центра тестирования при Президенте Республики Таджикистан" следующие изменение и дополнение:
- в пункте 3 цифру "75" заменить цифрой "82";
- пункт 4 после слова "средств" дополнить знаком и словами ", в том числе для основного состава финансирование заработной платы 60 штатных единиц за счет средств республиканского бюджета и специальных средств и 22 других штатных единиц только за счет специальных средств".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
7 мая 2024 года №826