Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 майи соли 2024, № 292
НИЗОМНОМАИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2024
№ 619)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, истеҳсолӣ, касбомӯзӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии тарбиятгирандагон, шунавандагон, таълимгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ менамояд.
2. Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро роҳбарӣ намуда, раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият таъмин карда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро бевосита ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ месозад.
3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) ба роҳбарӣ мегирад.
4. Низоми ягонаи мақомоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро дастгоҳи марказӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Муносибатҳои мутақобилаи Кумита ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ тибқи созишнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА
6. Ваколатҳои Кумита аз инҳо иборатанд:
- амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар литсейҳои касбию техникӣ, литсейҳои касбӣ, литсейҳои махсуси касбӣ, комбинатҳои таълимию истеҳсолӣ, марказҳои таълимии калонсолон, марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ, марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, коллеҷҳо ва муассисаҳои дигари таҳсилоти миёнаи касбӣ, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ;
- таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- ба имзо расонидани созишнома ва санадҳои дигар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии кадрҳо ва роҳбарии методӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва гузаронидани ислоҳоти соҳа тибқи талаботи бозори меҳнат дар самти мазкур;
- тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси коргарии дорои дараҷаҳои тахассусии коргарӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби наврасону ҷавонон барои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инноватсионӣ ва афзалиятнок;
- қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо роҳи гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дар доираи ваколатҳои худ ва низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ мондани таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус, дуалӣ, фаромарзӣ, шаклҳои гуногуни таълим, аз ҷумла таълими электронӣ, технологияҳои фосилавии таҳсилот;
- омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
- ташкил ва гузаронидани корҳои методӣ, илмӣ, таҷрибавию лоиҳасозӣ, инноватсионӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ, таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ, кампусҳои таълимӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ;
- дар асоси фармоиши давлатӣ ва шартномаҳои дахлдор таъмини бозомӯзӣ, тайёрии касбӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои дигари иқисодиёти миллӣ;
- амалӣ намудани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- ташкил намудани курсҳои тайёрӣ ва касбомӯзӣ бо роҳи хизматрасонии таълимии музднок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба ҷорӣ намудани маблағгузории бисёршабакавии низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва таълими музднок дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- амалӣ намудани роҳбарии ташкилию методии омӯзиши касбии аҳолӣ, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳо;
- таҳия ва тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои қабули хонандагону донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи ваколатҳояш;
- таҳия ва тасдиқи стандартҳои фаннӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа;
- тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор;
- муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводди таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- таъмини рақамикунии соҳа, ворид намудани таҳсилоти рақамӣ, таъсиси портали ягонаи давлатӣ, махзани маълумоти иттилооти соҳавӣ, маводди таълимии электронӣ, системаҳои иттилоотии муассиса ва ташкилотҳои тобеъ, ҳамоҳангкунии онҳо, гузаштан ба низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ;
- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби гузаштани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- тасдиқи низомномаи намунавии воҳидҳои сохтории таҳсилоти иловагии касбии мутахассисон, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда шудаанд;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудани тартиб ва тарзи гузаронидани имтиҳонҳои қабул/дохилшавӣ, санҷишу аттестатсияҳои фосилавӣ, ҷамъбастии хатм ва ниҳоии давлатии хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- тасдиқи модулҳои таълимӣ аз рӯйи зеҳни сунъӣ ва назорати ҷории ҳатмии он дар муассисаҳои таълимии тобеъ, номгӯйи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ, номгӯйи самтҳои тайёрии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, номгӯйи самтҳо (ихтисосҳо)-и тайёрӣ, ки ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонад имтиҳони иловагии дохилшавӣ аз рӯйи маҳорати эҷодӣ ва (ё) касбӣ гузаронида шавад;
- тасдиқи намуна ва қоидаҳои пӯшидани сару либоси расмии хонандагон, донишҷӯён, шунавандагон ва кормандони педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст ва назорати иҷрои онҳо;
- ба роҳ мондани таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин дар коргоҳҳою корхонаҳо, таълимгоҳҳои онҳо, иншоотҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини заминаи моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони дигари соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;
- додани розигӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими музднок барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмили маҳорати касбии мутахассисон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ташкил ва гузаронидани аттестатсияи дохилии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ҷалби намояндагони муассис (ё муассисон) ҷиҳати баҳогузории маҷмуии онҳо бо тартиби муқарраргардида;
- тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- якҷо бо вазорату идораҳо ба роҳ мондани омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон ва кормандон барои корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ;
- ташкил кардани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва воҳидҳои зерсохтор ва бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва татбиқи тадбирҳои зарурӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар соҳа;
- таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда;
- бо тартиби муқарраргардида дар асоси созишномаҳои дутарафа амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии дигар, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии моддию молиявии ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди илму техника дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- ташкил ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника;
- пешниҳод намудани таклифҳо оид ба ташкили сохторҳои илмӣ ҷиҳати рушди илм ва техника;
- таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо кадрҳои дараҷаи илмидошта вобаста ба самт ва имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дониши мукаммали назариявӣ ва амалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои илмӣ, фондҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ;
- тасдиқи оинномаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбии зерсохтори худ;
- иштирок дар кори шуроҳои илмӣ ва комиссияҳои илмию методӣ;
- назорати иҷрои саривақтии мавзуъҳои тасдиқшудаи фармоишии аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузоришаванда дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- мусоидат ба коромӯзиву бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ;
- амалисозии ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои генералӣ оид ба соҳаи илм;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мавриди бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, табодули хонандагону донишҷӯён ва фаъолияти дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт ва созишномаҳои байналмилалӣ;
- ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи ваколати худ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. ҲУҚУҚҲОИ КУМИТА
7. Кумита тибқи ваколатҳои дар доираи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:
- механизми муосири идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таълими таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, хизматрасонии муздноки таълимӣ, мустақилияти молиявии таълимгоҳҳо, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, сармоягузории дохилию хориҷиро таъмин намояд ва ба рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ мусоидат кунад;
- фаъолияти ташкилотҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ҳамоҳанг созад;
- бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ташкили таълиму тарбияи кӯдакони душвортарбия ва дорои имкониятҳои маҳдуд ҳамкорӣ намуда, ба онҳо кумаки молиявӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва методӣ расонад;
- бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва шаҳрвандони кишвар ба касбомӯзӣ, махсусан касбҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ тибқи тартиби муқарраршуда курсҳои кутоҳмуддати семоҳа, шашмоҳа ва нуҳмоҳаро бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда ташкил ва дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монад;
- аттестатсияи малака ва маҳорати касбиро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ амалӣ намояд;
- оид ба масъалаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқарраргардида конференсия, семинар, симпозиум, анҷуман ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар кори ташкилотҳои байнидавлатии таълимӣ, комиссия, кумита, форум, симпозиум, намоишгоҳ ва озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзад;
- раисони комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна касбиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар мувофиқа бо муассиси (ё муассисони) муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии хусусӣ ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муасисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доранд, тасдиқ намояд;
- роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии зертобеи худро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намояд;
- бо пешниҳоди роҳбари муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии зертобеи худ масъалаҳои ба мансаб таъин ва аз мансаб озод кардани муовини якум ва муовинони онҳоро ҳал намояд;
- низомномаҳое, ки фаъолияти таълимро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба танзим медароранд, тасдиқ намояд;
- ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиии рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд;
- номгӯйи адабиёти таълимиву методиро барои муассисаҳои таълими таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян карда, эҳтиёҷот ба нашр, хариди адабиёти таълимию методӣ, воситаҳои техникии таълимӣ, тартиби ба фурӯш баровардан ва таъмини китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ муқаррар намояд;
- фаъолияти муассисаҳои таълими таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати муайян кардани теъдод, сохтор, равия, ихтисос ва сифати тайёр кардани мутахассисон ба низом дарорад;
- қоидаҳои гузаронидани хонандагону донишҷӯёнро аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигари таълимӣ тасдиқ намояд;
- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва харҷномаҳоро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои тайёр кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ муайян карда, ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷиро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
- намунаи ҳуҷҷатҳои давлатиро оид ба дараҷаи таҳсилот барои зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби додан, нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муқаррар намояд;
- қоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд;
- феҳристи мансабҳои кормандони роҳбарикунандаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро муайян намояд;
- якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, шунавандагон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароит фароҳам орад;
- маълумоти омориро оид ба рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд ва дар навбати худ аз мақомоти давлатӣ дар соҳаи омор (ҳамзамон аз муассисаҳои таълимӣ) маълумот гирад;
- бо дархости муассисаҳои илмӣ корҳои илмию таҳқиқотиро дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасӣ карда, маблағгузорӣ намояд;
- иттилоотикунонии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таъмин ва корҳои табъу нашриявиро ба роҳ монад;
- оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда, иҷрои уҳдадориҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавиро таъмин намояд;
- оид ба масъалаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ намояд ва шартнома ба имзо расонад;
- тартиби гузаронидани озмунҳо (олимпиадаҳо)-и ҷумҳуриявиро дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- оид ба тарбияи варзишии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар бо мақомоти давлатии дахлдор ҳамкорӣ карда, тартиби гузаронидани чорабиниҳои варзиширо дар муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- барои омода намудани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти таълиму тарбияи ҳарбӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ намуда, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шартномаҳо ба имзо расонад;
- бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намояд;
- дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати рушди малакаҳои касбӣ ва бокортаъминкунӣ марказҳо ташкил диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида хариди давлатиро анҷом диҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шуро, комиссия ва гурӯҳҳо) ташкил диҳад;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро амалӣ намояд.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
8. Кумитаро раис роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.
9. Раис муовинҳо, аз ҷумла муовини якум ва муовин дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди раис Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.
10. Раиси Кумита:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ масъул мебошад;
- фаъолияти Кумитаро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳои худ вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Кумита, ташкилотҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳатмӣ мебошад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва оинномаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии зертобеи худро тасдиқ мекунад;
- уҳдадориҳои мансабии муовини якум, муовин, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони ташкилотҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро муайян мекунад;
- сохтор ва басти вазифаҳои Кумитаро тибқи тартиби муқарраршуда дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва харҷномаи ягонаи даромад ва хароҷоти Кумитаро дар доираи маблағгузории барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва роҳбарону муовинони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии зертобеи худро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ташкилотҳои дигари зерсохтори Кумита пешниҳод манзур месозад;
- нақшаи кори шашмоҳа, солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои низоми соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро тасдиқ карда, дар бораи фаъолияти онҳо ҳисобот талаб менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои доир ба таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ дар қисмати маблағгузории фаъолияти сохторҳои Кумита пешниҳод манзур месозад;
- ба роҳбарони ташкилотҳои тобеи Кумита дастуру супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргадида кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои тобеъро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои дарёфти мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.
11. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати раис (раиси ҳайати мушовара), муовини якум, муовини раис ва кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита дар ҳайати 7 нафар таъсис дода мешавад.
12. Аъзои ҳайати мушовараи Кумита ба истиснои раис ва муовинон, ки мувофиқи вазифа ба ҳайати он дохил шудаанд, бо пешниҳоди раис аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармоиши раис тасдиқ карда мешаванд.
13. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои нақшаи идоракунии Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.
14. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ ва забони русӣ, тамға, бланкҳои дахлдор, тавозуни мустақил мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
15. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи варзишгарон, 6.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "14" майи соли 2024, № 292
Сохтори дастгоҳи марказии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ
Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот
Шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсус
Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа
Шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат
Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "14" майи соли 2024, № 292
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ";
2. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ";
3. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров";
4. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ";
5. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав";
6. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор";
7. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода";
8. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисӣмаърифатии ноҳияи Рашт";
9. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён";
10. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом";
11. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент";
12. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ";
13. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар";
14. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш";
15. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод";
16. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан";
17. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳат Қаҳҳорови шаҳри Конибодом";
18. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод";
19. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ";
20. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат";
21. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод";
22. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе";
23. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара";
24. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов";
25. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе";
26. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе";
27. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон";
28. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ";
29. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ";
30. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода";
31. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун";
32. Муассисаи давлатии таълимии "Филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон";
33. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати насоҷии шаҳри Душанбе";
34. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе";
35. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе";
36. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе";
37. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе";
38. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи шаҳри Душанбе";
39. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе";
40. хориҷ карда шуд (№ 619)
41. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе";
42. хориҷ карда шуд (№ 619)
43. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии махсуси маъюбон";
44. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон";
45. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор";
46. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар";
47. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг";
48. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Восеъ";
49. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ";
50. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб";
51. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус";
52. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ";
53. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун";
54. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ";
55. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён";
56. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон";
57. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ";
58. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш";
59. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара";
60. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб";
61. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара";
62. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара";
63. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан";
64. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт";
65. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол";
66. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд";
67. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд";
68. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент";
69. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич";
70. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод";
71. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Айнӣ";
72. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич";
73. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов";
74. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Спитамен";
75. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт";
76. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";
77. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод";
78. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии агросаноатии шаҳри Конибодом";
79. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Шаҳристон";
80. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Мастчоҳ";
81. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд";
82. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом";
83. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор";
84. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор";
85. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав";
86. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод";
87. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод";
88. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат";
89. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт";
90. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш";
91. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии шабонаи шаҳри Ваҳдат";
92. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода";
93. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон";
94. Муассисаи давлатии таълимии "Филиали Литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон"
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "14" майи соли 2024, № 292
Номгӯйи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар асоси шартнома (созишномаҳо)-и дуҷониба бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд
1. Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон";
2. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ";
3. Муассисаи давлатии "Маркази таълимию методӣ ва мониторинги сифати таҳсилот";
4. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ба номи Мирзораҳмат Олимов";
5. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи Партов Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ";
6. Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова";
7. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов";
8. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов";
9. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхони Ҳофиз";
10. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ";
11. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ";
12. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз";
13. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар";
14. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент";
15. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом";
16. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан";
17. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии назди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара";
18. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики назди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон";
19. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон";
20. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ";
21. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор";
22. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат";
23. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт";
24. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода";
25. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара";
26. Муассисаи давлатии "Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант"
27. Муассисаи давлатии "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд";
28. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб";
29. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникӣоташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара";
30. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш";
31. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳамадонӣ";
32. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб";
33. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар";
34. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон";
35. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббӣинноватсионии нохияи Панҷ";
36. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббӣиҷтимоии шаҳри Левакант";
37. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии хусусии "Даво"-и шаҳри Бохтар";
38. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббӣиҷтимоии ноҳияи Данғара";
39. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Восеъ";
40. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор";
41. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббӣинноватсионии шаҳри Бохтар";
42. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг";
43. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббӣиҷтимоии ноҳияи Шаҳритус";
44. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Муъминобод";
45. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода";
46. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ";
47. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии "Оби Гарм" дар шаҳри Роғун";
48. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон";
49. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";
50. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи технологӣ-инноватсионии шаҳри Панҷакент";
51. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи инноватсионии Хуҷанд";
52. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар";
53. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб";
54. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи иқтисодӣтехникии шаҳри Кӯлоб";
55. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи муҳадисию омӯзгории ноҳияи Ҷайҳун";
56. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар шаҳри Кӯлоб";
57. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи омӯзгорӣ ва сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат";
58. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи хусусии омӯзгории "Асосгузор" дар шаҳри Турсунзода";
59. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант";
60. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон";
61. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд";
62. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Литсейи касбӣтехникии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
63. Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Литсейи касбии техникии "Атлас" дар шаҳри Душанбе";
64. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе»;
65. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе (№ 619).