ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар асоси шартнома (созишномаҳо)-и дуҷониба бо Кумита анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Вазорату идораҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 14 майи соли 2024, № 292
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Комитете по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 12 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить положение, структуру центрального аппарата, перечень организаций системы Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию и перечень государственных и негосударственных образовательных учреждений, осуществляющих свою деятельность на основе двухсторонних договоров (соглашений) с Комитетом (приложения 1, 2, 3 и 4).
2. Министерствам и ведомствам привести отраслевые нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 14 мая 2024 года №292