ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5
Мутобики моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1) дар банди 1:
- дар қисмати муқаддимавӣ рақамҳо ва калимаҳои "80" ва "2500000 (ду миллиону панҷсад ҳазор)" мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои "120" ва "5000000 (панҷ миллион)" иваз карда шуда, пас аз калимаи "занон" калимаҳои ", ки 10 дарсади он барои лоиҳаҳои ба иқлим алоқаманд ҷудо карда мешаванд," илова карда шаванд;
- сархатҳои якум ва дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- 20 грант ба андозаи 60000 (шаст ҳазор) сомонӣ;
- 20 грант ба андозаи 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ;";
- дар сархати якум рақам ва калимаҳои "40000 (чил ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "45000 (чилу панҷ ҳазор)" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм рақам ва калимаҳои "35000 (сию панҷ ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "40000 (чил ҳазор)" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум рақам ва калимаҳои "20000 (бист ҳазор) ба рақам ва калимаҳои "25000 (бисту панҷ ҳазор)" иваз карда шаванд;
2) дар Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025:
- ба банди 3 пас аз калимаи "занон" калимаҳои "лоиҳаҳои ба иқлим алоқаманд" илова карда шавад;
- дар банди 12 рақам ва калимаи "80 (ҳаштод)" ба рақам ва калимаҳои "120 (як саду бист)" иваз карда шавад;
- дар банди 17 калимаҳои "як моҳ" ба рақам ва калимаҳои "45 рӯзи корӣ" иваз карда шаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши маблағгузории грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занонро дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 апрели соли 2024, № 257
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2021 года №5
В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2021 года, №5 "О грантах Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021 - 2025 годы" следующие изменения и дополнения:
1) в пункте 1:
- в вводной части цифры и слова "80" и "2500000 (два миллиона пятьсот тысяч)" соответственно заменить цифрами и словами "120" и "5000000 (пять миллионов)" и после слова "женщины" дополнить словами ",10 процентов из которых будут выделены на проекты, связанный с климатом";
- дополнить абзацами первым и вторым следующего содержания.
"- 20 грантов в размере 60000 (шестьдесят тысяч) сомони;
- 20 грантов в размере 50000 (пятьдесят тысяч) сомони;";
- в абзаце первом цифру и слова "40000 (сорок тысяч)" заменить цифрой и словами "45000 (сорок пять тысяч)";
- в абзаце втором цифру и слова "35000 (тридцать пять тысяч)" заменить цифрой и словами "40000 (сорок тысяч)";
- в абзаце четвертом цифру и слова "20000 (двадцать тысяч)" заменить цифрой и словами "25000 (двадцать пять тысяч)",
2) в Правилах выделения грантов Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы:
- пункт 3 после слова "женщин" дополнить словами ",проекты, ориентированные на климат";
- в пункте 12 цифру и слово "80 (восемьдесят)" заменить цифрой и словами "120 (сто двадцать)";
- в пункте 17 слова "одного месяца" заменить цифрой и словами "45 рабочих дней",
2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить увеличение финансирования грантов Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2024 год за счет резервных средств республиканского бюджета, предусмотренных для развития социальных секторов.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 29 апреля 2024 года №257