Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, № 244 "Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик"

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба маблағи 282406700 (дусаду ҳаштоду ду миллиону чорсаду шаш ҳазору ҳафтсад) сомонӣ бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шуда, сармояи оинномавии ташаккулёфта ба маблағи умумии 14527904300 (чордаҳ миллиарду панҷсаду бисту ҳафт миллиону нуҳсаду чор ҳазору сесад) сомонӣ муайян карда шавад.

2. Дар банди 33 замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023, № 18 "Дар бораи масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" рақам ва калимаҳои "14245497600 (чордаҳ миллиарду дусаду чилу панҷ миллиону чорсаду наваду ҳафт ҳазору шашсад)" ва "142454976 (як саду чилу ду миллиону чорсаду панҷову чор ҳазору нуҳсаду ҳафтоду шаш)" мутаносибан ба рақам ва калимаҳои "14527904300 (чордаҳ миллиарду панҷсаду бисту ҳафт миллиону нуҳсаду чор ҳазору сесад)" ва "145279043 (як саду чилу панҷ миллиону дусаду ҳафтоду нуҳ ҳазору чилу се)" иваз карда шаванд.

3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2024, № 244