Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2024, № 224
тасдиқ шудааст
Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2028
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, идоракунӣ ва батанзимдарории давлатии содирот ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи бозори дохилӣ аз омилҳои манфии беруна, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ ҷиҳати дастрасӣ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳифзи растанӣ ва чорвои хонагӣ аз зараррасонҳои карантинӣ ва бемориҳои сироятӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, рақамикунонии низоми бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, баланд бардоштани тахассуси мутахассисон ва иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст.
2. Барнома дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ", ки аз 19 июли соли 2022, № 1894, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, № 636 тасдиқ шудааст, Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, № 566 тасдиқ гардидааст ва Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, № 54 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
3. Тибқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмингардида ҳисобида мешавад, ки агар ҳамаи одамон ҳама вақт дар ҳаҷми зарурӣ ба маҳсулоти озуқавории безарар ва ғизонок дастрасии воқеӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ифодагари вазъи иқтисодии давлат аст, ки зимни он аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти худӣ амнияти озуқавории кишвар таъмин гашта, ба дастрасии воқеӣ барои тарзи фаъол ва солими ҳаёт, инчунин таъмини рушди демографӣ кафолат дода мешавад.
4. Тадбирҳо ва чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда бо дар назар доштани талаботи муқаррарнамудаи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва амалияҳои пешрафтаи байналмилалӣ таҳия карда шудаанд, ки дараҷаи баландтари мутобиқати низоми назорати бехатарии маҳсулоти озуқавории миллиро ба талаботи байналмилалӣ таъмин карда, ба дастрасии бештар васеи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқавории миллӣ ба бозорҳои хориҷӣ мусоидат мекунанд. Барномаи мазкур барои муҳокимаи доимӣ бо шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми расмии назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ҳам тавассути дастгирии молиявӣ, кумаки техникӣ ва ҳам тавассути мубодилаи донишҳо барои баланд бардоштани самаранокии ин гуна кумакҳо мусоидат мекунанд, пешбинӣ шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
5. Таҳлили рафти амалисозии Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, № 520 тасдиқ гардидааст) нишон дод, ки назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ бояд дар ҳамаи зинаҳои занҷираи истеҳсолӣ (парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ) ба роҳ монда шавад.
6. Дар марҳилаи иҷрои Барномаи болозикр як қатор корҳо гузаронида шуд, аз он ҷумла:
- тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ;
- беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ин соҳа;
- санҷиш ва назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ;
- ташкили низоми тадбирҳо оид ба муҳофизати бозори дохилӣ ва маҳсулоти аз хориҷа воридшавандаи дар соҳаҳои иқтисодӣ ва аз ҷониби аҳолӣ истифодашаванда;
- таъсиси 8 озмоишгоҳи сайёри бехатарии озуқаворӣ дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқавории нуқтаҳои гузаргоҳии сарҳадӣ.
7. Сарфи назар аз тадбирҳое, ки ҷиҳати дастгирии инфрасохтори миллии сифат андешида шудаанд, озмоишгоҳҳои бехатарии озуқаворӣ, таҳлили хок ва об ба талаботи аккредитатсияи байналмилалӣ ҷавобгӯй набуда, ба такмилу азнавсозӣ ҳам аз нигоҳи таҷҳизоти техникии мавҷуда, таъмини усулҳои тадқиқот аз ҷониби мутахассисони дахлдор ва ҳам танзими меъёрию техникӣ ва маблағгузорӣ ниёз дорад. Дар кишвар низоми мукаммали пайгирии маҳсулот аз истеҳсол то истеъмол, ки барои идоракунии самараноки хатарҳо ва тақвияти иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст, дар сатҳи дахлдор рушд наёфтааст.
8. Озмоишгоҳҳои фитосанитарӣ барои гузаронидани санҷиши расмии зироатҳои кишоварзӣ ҷиҳати ошкор намудани мавҷудияти зараррасонҳо ва касалиҳои ҷойдошта масъул мебошанд. Дар рафти амалишавии Барнома баъзе аз озмоишгоҳҳои фитосанитарӣ аз тарафи шарикони рушд (Бонки Осиёии Рушд ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид) дастгирии назаррас ёфта, маблағҳо барои азнавсозии биноҳо ва таъмини таҷҳизоти муосири озмоишгоҳҳо равона гардиданд. Бо вуҷуди ин, имкониятҳои ташхисии озмоишгоҳҳои фитосанитарӣ ба талаботи Конвенсияи байналмилалии карантин ва ҳифзи растаниҳо ҷиҳати ошкор намудани организмҳои зараррасони карантинӣ ҷавобгӯй намебошанд.
9. Маълумоти оморӣ оид ба бемориҳои дар натиҷаи ғизогирӣ пайдошуда (масалан, салмонеллез, кампилобактериоз, бемориҳое, ки дар натиҷаи штаммҳои патогении "E.Coli" ва ғайра ба вуҷуд омадаанд) нишон медиҳад, ки ҳама ҳолатҳои хуруҷи бемориҳо бештар ба ошхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ рост меояд. Дар баробари ин, ягон ҳодисаи гирифторшавӣ ба касалиҳои вобаста ба маҳсулоти саноати хурокворӣ дида намешавад. Муқоиса бо омори ба маротиб беҳтари бемориҳои сироятӣ вобаста ба ғизо дар кишварҳои дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки бо сабабҳои истифодаи усулҳои кӯҳнашудаи назорат, имкониятҳои маҳдуди озмоишгоҳҳои эпидемиологӣ, амалияи тиббӣ ва рафтори истеъмолӣ, омори кишвари мо дар ин самт беҳбудиро металабад.
10. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторшавӣ ба чунин бемориҳо, ба монанди домана, салмонеллез, шигеллёз, брутселлёз, гепатити А, лямблиоз, эхинококкоз, сил, ботулизм нисбатан баланд аст. Мавридҳои бештари гирифторӣ ба бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз ҷумла марговар, бо ташхиси озмоишгоҳӣ тасдиқ нашуда, бештар дар асоси таърихи беморӣ ва аломатҳои он ташхис карда мешавад. Вақте ки санҷиши бактериологӣ гузаронида мешавад, аксар вақт муайян кардани ангезандаҳои мушаххас ғайриимкон аст, зеро санҷиши серологӣ вуҷуд надорад ва муайян кардани навъи микробҳо имконнопазир аст.
11. Таҳқиқи озмоишгоҳии маҳсулоти хӯрокворӣ барои муайян кардани мавҷуд будани ангезандаҳои асосии вобаста ба амнияти маҳсулоти озуқаворӣ, масалан, кампилобактер "jejeuni", салмонелла, листерияи моноситогенҳо, "E.Coli"-и баландпатогенӣ, аз ҷумла серотипсозӣ аз сабаби паст будани имкониятҳои техникии озмоишгоҳҳо маҳдуд аст. Аксар вақт дар доираи назорати расмии маҳсулоти озуқаворӣ ба мушаххасот (параметрҳо)-и сифат (масалан, дар шири хом- ба равғаннокӣ, таркиби сафеда, зичӣ ва ғайра) нисбат ба миқдори умумии микроорганизмҳо, шумораи ҳуҷайраҳои соматикӣ, боқимондаҳои ингибиторҳо ва ифлоскунандаҳо таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.
12. Низоми назорат ва ҳавасмандгардонии истифодаи оқилонаи антибиотикҳо ҳангоми парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ дар Тоҷикистон хеле суст аст. Дастрасӣ ва истифодаи антибиотикҳо ҳам барои одамон ва ҳам ҳайвонот нисбатан озодтар мебошад, ки ин боиси истифодаи аз меъёр зиёди доруҳои зиддимикробӣ ва афзоиши устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ мегардад.
13. Ҳаҷм ва устувории рушди истеҳсолоти маводди озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ яке аз омилҳои таъмини бехатарии озуқавории кишвар самарабахшии бахши аграрӣ ба ҳисоб рафта, инчунин самаранокии истифодаи заминҳои корами мамлакат дар он нақши муҳим мебозад. Шумораи умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2023 тибқи маълумоти оморӣ 10165 ҳазор нафарро ташкил дода, вобаста ба афзоиши мунтазами аҳолии ҷумҳурӣ ва сатҳи баланди таваллуд талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ сол аз сол зиёд мегардад.
14. Тибқи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маводди асосии озуқаворӣ ба ҳар нафар аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018, № 451 тасдиқ шудааст, сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маводди асосии истеъмолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 чунин аст:
Ҷадвали 1
Р/т
|
Номгӯйи маводди хӯрока
|
Меъёри истеъмолӣ, кг
|
Истеҳсол ба як нафар аҳолӣ, кг
|
Дараҷаи таъминот, фоиз
|
1
|
Нон ва маҳсулоти нонӣ
|
147,7
|
175,0
|
118,5
|
2
|
Картошка
|
92,0
|
109,6
|
119,1
|
3
|
Сабзавот ва полизиҳо
|
166,1
|
356,4
|
214,5
|
4
|
Мева, ангур ва буттамевагиҳо
|
124,1
|
81,5
|
65,6
|
5
|
Гӯшт ва маҳсулоти
гӯштӣ
|
40,8
|
17,5
|
42,9
|
6
|
Шир ва маҳсулоти ширӣ
|
115,3
|
106,6
|
92,4
|
7
|
Тухм, млн/дона
|
180 дона
|
121,4
|
67,4
|
15. Вобастагии таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ аз воридоти баъзе намуди маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ танзими нархи бозори истеъмолиро мушкил гардонида, барои дастрасии аҳолӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Илова бар ин, тибқи пешгӯйиҳо дар асоси маълумоти созмонҳои байналмилалӣ маълум мегардад, ки нархҳо барои маводди хӯрокворӣ вобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани авзои геосиёсию ҳарбӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар солҳои минбаъда сол ба сол афзоиш хоҳад ёфт.
16. Дар асоси пешгӯйиҳои вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ болоравии нархи гандум ба ҳисоби миёна ҳамасола 4 фоизро ташкил намуда, то соли 2030 ба 500 доллари ИМА барои як тонна баробар мешавад. Дар солҳои алоҳида бо дарназардошти шароитҳои иқлимӣ нархи гандум то соли 2030 метавонад тағйирпазир гардад. Бозори ғалла, орд ва маҳсулоти нонӣ дар Тоҷикистон нисбати устувории нархҳо хело ҳассос буда, он бештар аз воридоти маҳсулот вобастагӣ дорад. Суръати болоравии нарх ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ, махсусан ба гандум ва орд, дастрасии аҳолиро ба ин намуди маҳсулот мушкил мегардонад.
17. Зоонозҳо ин бемориҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои ҳайвонот ва инсон умумӣ мебошанд. Аз рӯйи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид сабаби сироятёбии 68 фоизи бемориҳои инсон аз ҳайвонот аст. Ҳангоми бемориҳои сироятии зоонозии салмонеллёз, трихофития (шукуфаи мӯчин), вабои суму даҳондард (оқсил) маҳсулнокии чорвои калон ва хурди шохдор (минбаъд-ЧКШ ва ЧМ) кам гардида, талафоти калон дар байни ҷавонаҳо ва бузғолаю баррача ва гӯсолаҳои ҳайвонот ба миён омада, зарари назарраси молию иқтисодӣ ба хоҷагиҳо ва оилаҳо расонида мешавад.
Ҷадвали 2
Бақайдгирии бемориҳои зоонозӣ дар байни ҳайвонот ва одамон дар солҳои
2016-2022
Р/т
|
Номгӯйи бемориҳо
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
2021
|
2022
|
1
|
Сӯхтании ЧКШ
|
10
|
4
|
5
|
6
|
2
|
5
|
2
|
2
|
Сӯхтании одам
|
33
|
31
|
38
|
33
|
38
|
46
|
8
|
3
|
Брутселлёзи ЧКШ
|
663
|
610
|
313
|
374
|
351
|
340
|
309
|
4
|
Брутселлёзи
ЧМ
|
2099
|
1178
|
481
|
608
|
437
|
441
|
340
|
5
|
Брутселлёзи одам
|
928
|
1122
|
765
|
777
|
367
|
521
|
516
|
6
|
Сили ЧКШ
|
9
|
3
|
2
|
1
|
2
|
-
|
|
7
|
Сили одам
|
0
|
0
|
5975
|
5976
|
4316
|
4304
|
4418
|
8
|
Ҳории ЧКШ
|
27
|
13
|
19
|
4
|
11
|
17
|
9
|
9
|
Ҳории саг
|
64
|
54
|
42
|
40
|
22
|
20
|
25
|
10
|
Ҳории дигар
намуди ҳайвонот
|
6
|
8
|
4
|
7
|
5
|
2
|
2
|
11
|
Ҳории одам
|
12
|
14
|
11
|
8
|
6
|
7
|
9
|
12
|
Газидани саг ва дигар намуди ҳайвонот
|
13207
|
13275
|
12389
|
13346
|
10721
|
12233
|
13180
|
18. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 намуди бемориҳои зоонозӣ ба қайд гирифта шудааст, ки вобаста ба таъсири онҳо ба бемориҳои ниҳоят хатарноки сирояти ҳорӣ, сӯхтанӣ, табъи хунину ғайраҳо ва дар ҳолати наандешидани чорабиниҳои фаврии беҳдоштию байторӣ ба талафоти зиёди ҳайвонот ва одамон оварда мерасонад. Бемориҳои хатарноки сироятии брутселлёз, хламидиоз, сил, эхинококкоз, токсоплазмоз, трихинеллёз, лептоспироз, ки ба генофонди миллат таъсир мерасонанд, барои сироятёбии зиёди ҳайвонот ва маъюбшавии якумра сабаб шуда метавонад. Дар ҳолати сироятёбӣ ба бемориҳои зоонозии салмонеллёз, трихофития, оқсил, маҳсулнокии чорводрӣ паст шуда, ба хоҷагиҳо ва оилаҳо зарари назарраси молиявию хоҷагӣ расонида мешавад. Ҳодисаҳои афзоиши бақайдгирии бемориҳои сироятии сӯхтанӣ, ҳорӣ, брутселлёз, сил дар байни ҳайвонот ва одамон сол аз сол новобаста аз андешидани як қатор чорабиниҳои саривақтӣ қиёсан рӯ ба таназзул ниҳода бошад ҳам, вале мутаассифона хавфи сироятёбӣ ва бақайдгирии бемориҳои сироятии зоонозӣ то имрӯз боқӣ мемонад.
19. Бинобар болоравии нархи харидории маводди ташхисӣ, реагентҳо, рангҳо ва дигар ташхисвораҳо санҷишу муайян намудани бемориҳо дар байни ҳайвонот ва маҳсулоти он, ҳамзамон муайян намудани муқовимати масуниятнокии чорво пас аз 14-21 рӯзи эмгузаронӣ ғайриимкон гардида истодааст. Рушди чорводорӣ бе рушди соҳаи байторӣ, бе таъмини соҳа бо маводди зарурии ташхисӣ, табобатӣ ва пешгирикунанда аз имконият берун аст. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ истеҳсолкунандагони маводди зарурии ташхисии лабораторӣ фаъолият надоранд ва 100 фоизи талаботи чорводорон бо ин маводди зарурии байторӣ аз хориҷи кишвар (Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Фаронса, Урдун ва Ирландияи Шимолӣ) ворид мегарданд.
3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
20. Ҳадафи асосии таҳияи Барнома аз ташаккули таҷрибаи миллии ба низоми ҷаҳонӣ ҳамгирошудаи таъмини бехатарии озуқаворӣ бо истифода аз Консепсияи амнияти озуқаворӣ ва ғизои босифат бо дарназардошти унсурҳои мавҷудият, дастрасӣ, истифодабарӣ ва устуворӣ, ки дар доираи он рушди хизматрасониҳои байторию санитарӣ ва фитосанитарию карантинӣ таъмин мегардад, иборат мебошад.
21. Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:
- таҷдиду таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, унсурҳои муҳимми сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳифзи манфиати истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд;
- баланд бардоштани сатҳи худидоракунӣ ва риояи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ;
- такмил додани низоми назорати озмоишии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ;
- раванди гузариши низоми назорати маҳсулоти озуқавории ватанӣ ва хориҷӣ бо роҳи ба тартиб даровардан, такмил додан ва дар ҳолатҳои зарурӣ ворид намудани унсурҳои нав тибқи уҳдадориҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва амалияи пешрафтаи байналмилалӣ;
- мусоидат намудан ба содироти маҳсулоти озуқаворӣ бо мақсади ҷавобгӯ будан ба талаботи бозорҳои мақсаднок аз нуқтаи назари бехатарӣ ва сифати маҳсулоти озуқаворӣ;
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ҳангоми банақшагирӣ ва амалигардонии назорати давлатии маҳсулоти озуқаворӣ;
- таҳкимбахшии иқтидори кадрӣ ва рушди захираҳои инсонӣ, ки дар таҳия ва амалигардонии чораҳо оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳама сатҳҳо ширкат меварзанд.
4. АФЗАЛИЯТҲОИ СТРАТЕГИИ БАРНОМА
§ 1. Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо мақсади беҳтар гардонидани бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ
22. Барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо мақсади беҳтар гардонидани бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- ба роҳ мондани омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба назорати байторӣ, фитосанитарӣ, тухмипарварӣ ва зотпаварӣ, бо мақсади муайян намудани такроршавии вазифаҳо ва мухолифати онҳо;
- бартараф кардани мухолифатҳо ва расмиёти нолозим, барои густариши раванди ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдор;
- мутобиқ намудани талаботи қонунгузорӣ ба тамғагузории умумии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин пешбинии иддаоҳо оид ба арзиши ғизоӣ ва манфиатҳо барои саломатӣ;
- омӯзиши меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба тамғагузории умумии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дарназардошти манфиатҳо барои саломатии шаҳрвандон;
- аз байн бурдани камбудию норасоиҳо дар фазои қонунии тамғагузории умумии маҳсулоти хӯрокворӣ.
§ 2. Беҳтар намудани назорати эпидемиологӣ дар самти бемориҳои ба ғизо алоқаманд
23. Барои беҳтар намудани назорати эпидемиологӣ дар самти бемориҳои ба ғизо алоқаманд амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- такмили усулҳои амалиётӣ ва усулҳои назорати эпидемиологии бемориҳои ба ғизо алоқаманд, бо мақсади гузаронидани арзёбии камбудиҳои усулҳои айни замон дар назорати эпидемиологӣ истифодашаванда ва вокуниш ҳангоми зарурат дар асоси тавсияҳо такмил додани онҳо, таҳияи дастурамалҳои илман асоснок оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ба ғизо алоқаманд бо таваҷҷуҳдиҳии махсус ба бемориҳои мушаххас, аз қабили брутселлёз, ботулизм, салмонеллёз, сӯхтанӣ ва ғайра, такмил додани низоми огоҳкунии бармаҳал ва чораҳои фаврӣ нисбат ба бемориҳои ба ғизо алоқаманд ва зоонозӣ, таҳияи барномаи пилотӣ оид ба назорати эпидемиологии салмонелла ва устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ;
- таъмин намудани воридкунии маълумоти мушоҳидаҳои оморӣ ба нақшаҳои миллии афзалиятноки назорати маҳсулоти озуқаворӣ талаб менамояд, ки ҳар сол дар асоси маълумоти назорати эпидемиологӣ, бемориҳои ба ғизо алоқаманди аввалия муайян гашта, барангезандаҳои ба он алоқаманду маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси хавфҳо ҳамчун афзалият бояд ба нақшаҳои солонаи назорати расмии озуқаворӣ дохил карда шаванд;
- таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳои алоҳидаи ба ғизо алоқаманд, ки дараҷаи афзалиятнокиашон баланд аст, аз ҷумла шигеллёз, брутселлёз, гепатити А, лямблиоз, эхинококкоз, сил, ботулизм ва мубодилаи маълумот ва механизмҳои амалиёти муштарак байни ниҳодҳои дахлдор, ки дар назорати маҳсулоти озуқаворӣ аз болои банақшагирӣ, назорат ва вокуниши фаврӣ ба бемориҳои ба ғизо алоқаманд иштирок мекунанд;
- таҳия ва татбиқи чораҳои ҳамаҷониба барои вокуниш ба мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, ҷорӣ намудани унсурҳои назорати маҷмуии устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар бактерияҳои ғизоӣ, таҳияи низоми мониторинги устуворӣ ба антибиотикҳо барои бемориҳои мушаххаси ғизоӣ, таҳия ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои байнисоҳавӣ оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, аз ҷумла дар мавзуи бехатарии маводди хӯрокворӣ, таъсиси механизми ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ барои мониторинги миллии истеъмоли антибиотикҳо ва устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар одамон ва гӯшти ҳайвоноте, ки аз онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол кардан мумкин аст;
- беҳтар намудани афзоиши иқтидор дар соҳаи назорати эпидемиологӣ ва таъсиси шабакаҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гузаронидани тайёрии махсус барои эпидемиологҳо, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ, таҳияи намунаи хароҷотнок барои арзёбии сарбории бемориҳои ба ғизо алоқаманд дар Тоҷикистон, ки ба он барангезандаҳои аввалияи ғизоӣ, ки сабабгори бемориҳо, бистарӣ шудан ва фавт мешаванд, аз он ҷумла басомадҳои дахлдор, омилҳои хавф ва хароҷоти вобаста ба он дохил мешаванд;
- таъсиси Шурои олимон-эпидемиологон барои пешниҳоди машваратҳои илмӣ ва густариш додани иштироки Тоҷикистон дар шабакаҳо ва барномаҳои мониторинги байналмилалӣ ва ҷаҳонии бемориҳои ба ғизо алоқаманд (Шабакаи глобалии сироятҳои ғизоӣ).
§ 3. Таъсиси шабакаи ягонаи махзани маълумоти мақомоти марказӣ ва минтақавии назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ
24. Барои таъсиси шабакаи ягонаи махзани маълумоти мақомоти марказӣ ва минтақавии назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- ҷорӣ намудани тартиби ҳисоботсупории ҳамоҳангшудаи рақамӣ оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати байторӣ, фитосанитарию санитарӣ ва таъмини назорати эпидемиологӣ барои таъмини мутобиқат ва таҳлили дастаҷамъона;
- мусоидат намудан ба ҳамгироии махзани маълумот дар як шабакаи ягона, ки ба мақомоти гуногуни масъули назорати маҳсулоти озуқаворӣ тааллуқ дорад;
- таҳлил ва арзёбии рақамикунонии тамоми самтҳои фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҷиҳати ҳисоботсупорӣ аз рӯйи натиҷаҳои назорати байторӣ, фитосанитарӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар мақомоти бехатарии озуқаворӣ.
§ 4. Беҳтар намудани назорати мутобиқати ашёи хоми кишоварзӣ ва маҳсулоти он ба талаботи меъёрҳои бехатарии озуқаворӣ
25. Барои беҳтар намудани назорати мутобиқатии ашёи хоми кишоварзӣ ва маҳсулоти он ба талаботи меъёрҳои бехатарии озуқаворӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- ба тартиб даровардани низоми миллии назорати расмӣ ва мониторинги пасмондаҳои маводҳои зараровар;
- такмил додан ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қоидаю меъёрҳои санитарӣ - гигиенӣ, стандартҳо ва талаботи бехатарии озуқаворӣ;
- гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ дар байни деҳқонон, вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ, роҳҳои муҳофизати хок ва истифодаи дурусти воситаҳои ҳифзи растаниҳо ва ҳайвонот аз бемориҳо.
§ 5. Такмил додани талабот ва чораҳои расмӣ дар соҳаи назорати байторӣ
26. Барои такмил додани талабот ва чораҳои расмӣ дар соҳаи назорати байторӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- таҷдиди раванди бақайдгирии доруҳои байторӣ, хӯроки чорво ва иловаҳои хӯрокворӣ, аз ҷумла ҷавобгӯ будан ба талаботи байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешрафта ва пурзӯр намудани тадбирҳои мубориза бар зидди фурӯши ғайриқонунии доруҳои байторӣ;
- пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба назорати эпизоотикии бемориҳои ҳайвонот ва зоонозҳо, аз ҷумла аз рӯйи имконият, ҳайвоноти ваҳшӣ;
- ҷудо кардани маблағ барои харидорӣ ва нигоҳдории мунтазами ваксинаҳое, ки барои мубориза бар зидди бемориҳои зоонозӣ заруранд ва таъмини ваксинатсияи мунтазами ҳайвонот;
- таҳияи принсипҳои асосии истифодаи оқилонаи антибиотикҳо дар хӯроки чорво ва низоми дахлдори мониторинг;
- ба байторони давлатӣ ва хусусӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ омӯзонидани хизматрасонӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ оид ба нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таркиби ғизои ҳайвонот ва усулҳои пешгирии бемориҳо ҳамчун чораҳои беҳтар намудани саломатии ҳайвонот, сифат ва бехатарии ашёи хом;
- баланд бардоштани маълумотнокии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ оид ба аҳаммияти ваксинатсия ва профилактикаи бемориҳои ҳайвонот, устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, истифодаи дурусти доруҳои байторӣ, амалияи пешрафтаи нигоҳубини чорво, қоидаҳои гигиенаи асосӣ ва беҳдошти забҳ, ширҷушӣ ва ғайра;
- таҳия ва гузаронидани машғулиятҳои намоишӣ доир ба хуруҷи бемориҳои ҳайвонот барои омодагӣ ба вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода;
- то ба сатҳи амалиётӣ овардани тартиби нобудсозии фавқулодаи ҳайвоноти ба бемориҳо мубталогашта, маҳсулоти олудашуда ба ангезаҳои бемориҳо ва механизми пардохти ҷуброни зарар.
§ 6. Такмил додани талабот ва чораҳои расмӣ дар соҳаи назорати фитосанитарӣ
27. Барои такмил додани талабот ва чораҳои расмӣ дар соҳаи назорати фитосанитарӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- пурзӯр намудани мубориза бо фурӯши ғайриқонунии воситаҳои муҳофизати растаниҳо;
- гузаронидани арзёбии хавфи касалию зараррасонҳо;
- таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ оид ба таҷрибаи пешрафта дар соҳаи агротехника ва обёрӣ, истифодабарии дурусти нуриҳои минералӣ ва воситаҳои ҳифзи растанӣ ва ғайра;
- пурзӯр кардани назорати нигоҳдорӣ ва нобуд кардани заҳрдоруҳои кӯҳнашуда.
§ 7. Ҷорӣ намудани чораҳои самаранок оид ба пурзӯр намудани назорати маҳсулоти озуқавории воридотӣ ва дастгирии содироти он
28. Барои ҷорӣ намудани чораҳои самаранок оид ба пурзӯр намудани назорати маҳсулоти озуқавории воридотӣ ва дастгирии содироти он амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- таъсиси механизми ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини назорати самарабахш ва содироту воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, ашёи хом ва ҳайвоноти зинда ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ;
- беҳтар намудани инфрасохтори воқеӣ (аз ҷумла иншоотҳои карантинӣ ва анборҳои муваққатӣ) ва баланд бардоштани иқтидори техникии нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, таъсис додани озмоишгоҳҳои сайёр дар назди нуқтаҳои назорати сарҳадӣ аз рӯйи зарурат;
- таҳияи дастурҳо оид ба расмиёти воридот, ки дар бозорҳои содиротии амалкунанда ва минбаъда татбиқ мешаванд;
- мусоидат ба иштироки истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои пешбурди содирот;
- такмил додани расмиёти миллии воридот, пурзӯр кардани назорати маҳсулоти воридотӣ тавассути таҳияи низоми ба хавф нигаронидашуда ҷиҳати пурзӯр намудани назорати маҳсулоти озуқавории воридотӣ дар бозор.
§ 8. Баланд бардоштани иқтидори марказҳои таъминоту ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва инфрасохтори онҳо
29. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори марказҳои таъминоту ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва инфрасохтори онҳо амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- банақшагирии сохтмони марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва инфрасохтори онҳо, таҳлилу арзёбии ҳолати воқеии ин марказҳо, бо истифода аз ҳама сарчашмаҳо ба роҳ мондани сохтмони марказҳо ва дигар инфрасохтори мақомоти ҳудудӣ, беҳтар гардидани шароити кории кормандон, ба эътидол омадани хизматрасонии мақомоти бехатарии озуқаворӣ;
- таъмини таҷҳизоти санҷишию озмоишии озмоишгоҳӣ ва усулҳои озмоишӣ дар озмоишгоҳҳои ташхиси бехатарии озуқавории марказӣ ва минтақавӣ, бо мақсади арзёбии таҷҳизоти санҷишию озмоишии муосир ва усулҳои озмоиш дар ин озмоишгоҳҳо мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, харидорӣ ва насби таҷҳизоти санҷишию озмоишии озмоишгоҳии муосир, таҳияи усулҳои озмоишӣ, ки фаъолиятро дар самти санҷиш дақиқ ва самаранок мегардонад;
- тақвияти иқтидори озмоишгоҳҳо аз ҳисоби сохтмони озмоишгоҳҳои нав, харидорӣ ва насби таҷҳизоти нав, озмоишгоҳҳои сайёри бехатарии озуқаворӣ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои эътирофшудаи санҷиши таҳлилӣ барои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ба ин васила барои содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба хориҷи кишвар мутобиқи талаботи байналмилалӣ замина фоҳам меоварад;
- васеъ намудани доираи ваколатҳои озмоишгоҳҳо бо мақсади гирифтани мақоми байналмилалӣ, гузаронидани арзёбӣ ва мониторинги онҳо ва ташхисҳои дар ин озмоишгоҳҳо гузаронидашуда бошанд, ба сертификати байналмилалӣ доро гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда мешаванд.
§ 9. Ҷорӣ намудани барномаҳои нишонагузорӣ (идентификатсия) ва баҳисобгирии ҳайвоноти кишоварзӣ ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии чорво
30. Барои ҷорӣ намудани барномаҳои нишонагузорӣ (идентификатсия) ва баҳисобгирии ҳайвоноти кишоварзӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво чорабиниҳои зерин зарур аст:
- нишонагузорӣ ва баҳисобгирии ҳайвонот бо дарназардошти гурӯҳҳои афзалиятноки ҳайвонот ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти чорводорӣ таҳлил мешавад, тартиби нишонагузорӣ ва баҳисобгирии ҳайвонот таҳия мегардад, ки ба фаъолияти байторон дар маҳалҳо таъсири мусбат расонида, таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотиро осон мегардонад;
- дастрасии аҳолӣ ва чорводорон дар маҳалҳо ба бордоркунии сунъӣ осон гашта, нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ азнавсозӣ ва заминаи моддию техникии онҳо қавӣ гардонида шуда, зоти чорвои калони шохдор дар маҳалҳо беҳтар гардида, маҳсулнокии онҳо баланд ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир зиёд мешавад.
§ 10. Баланд бардоштани иқтидори кормандони назорати маҳсулоти озуқаворӣ тавассути низоми такмили ихтисоси касбӣ
31. Барои баланд бардоштани иқтидори кормандони назорати маҳсулоти озуқаворӣ тавассути низоми такмили ихтисоси касбӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:
- бозомӯзии мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар самти назорати байторӣ, фитосанитарӣ, тухмипарварӣ ва зотпарварӣ ба роҳ монда шуда, сатҳи тахассуси касбии мутахассисони соҳа баҳогузорӣ гардида, барномаи бозомӯзии онҳо таҳия ва амалӣ мегардад;
- сатҳи касбии мутахассисони соҳа ба роҳ монда шуда, назорат дар самти бехатарии озуқаворӣ баланд мегардад;
- ташкил намудани маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва малакаи кории кормандон бо дарназардошти талаботи муосир тадриҷан мусоидат менамояд.
5. МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИСОЗӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
32. Амалисозии Барнома аз се марҳила иборат аст:
- марҳилаи якум солҳои 2024-2026;
- марҳилаи дуюм соли 2027;
- марҳилаи сеюм соли 2028.
33. Дар натиҷаи амалисозии Барнома:
- бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ таъмин мегардад;
- идоракунӣ ва батанзимдарории давлатии содирот ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ба роҳ монда мешавад;
- бозори дохилӣ аз омилҳои манфии беруна ҳифз карда мешавад;
- ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад;
- растанӣ ва чорво аз зараррасонҳои карантинӣ ва бемориҳои сироятӣ ҳифз карда мешаванд;
- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ афзоиш меёбад;
- рақамикунонии низоми бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ташкил карда мешавад;
- дараҷаи тахассуси мутахассисони соҳаи назорати бехатарии озуқаворӣ ва иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт баланд бардошта мешавад.
34. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар солҳои 2024-2028 ба маблағи умумии 81,5 миллион сомонӣ, аз ин 21,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, 58,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва 1,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба нақша гирифта шудааст.
6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА
35. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
36. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносонро ҷалб намояд.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
37. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Барнома ҳамасола маълумот таҳия карда, инчунин нақшаи амали минбаъдаи Барномаро барои солҳои 2027 ва 2028 бо тартиби муқарраргардида таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2024, № 224
тасдиқ шудааст
Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
Ниг. ба Замима