ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"13. Дар муассисаи таҳсилоти умумӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни созмонҳои хонандагон таъсис додан мумкин аст.";
- дар банди 31 калимаҳои "синфҳои ислоҳӣ (махсус)" ва "синфҳои махсус (ислоҳӣ)" ба калимаҳои "синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ)" иваз карда шаванд;
- банди 49 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"49. Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 сентябр оғоз гардида, 31 май ба анҷом мерасад. Давомнокии соли таҳсил бе баҳисобгирии аттестатсияи давраи ҷамъбастӣ 35 ҳафтаи таълим (барои синфҳои якум 34 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба ду нимсола ва чор чоряк тақсим мешавад:
- нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр;
- нимсолаи дуюм аз 8 январ то 31 май.
Дар нимсолаи аввал:
- чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр;
- чоряки дуюм аз 8 ноябр то 31 декабр.
Дар нимсолаи дуюм:
- чоряки сеюм аз 8 январ то 20 март;
- чоряки чорум аз 30 март то 31 май.
Дар давоми сол сатҳи дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шурои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар муассисаҳои таълимӣ таътил чунин муқаррар карда мешавад:
- таътили тирамоҳӣ 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр);
- таътили зимистона 7 рӯз (аз 1 то 7 январ);
- таътили баҳорӣ 5 рӯз (аз 25 то 29 март);
- таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад;
- машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои якум як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил ва таҳсил танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф сурат мегирад.";
- дар банди 51 калимаҳои "Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва шуъбаҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе" ва "мақомоти мазкур дар мувофиқа бо Муассиси он" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" ва "мақоми мазкур" иваз карда шаванд;
- банди 55 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"55. Ба муассисаи таҳсилоти умумӣ ба қайд гирифтани ноболиғони дар ҳудуди маҳалли муассисаи таълимӣ зиндагидошта ҳатмӣ мебошад.";
- банди 66 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"66. Идомаи таҳсили хонандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд, дар асоси қоидаҳои умумии қабули тарбиятгирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф қабул карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.";
- ба банди 73 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Таҳсили такрории хонандагон дар синфи 11 (дар шакли рӯзона) иҷозат дода намешавад.";
- банди 84 хориҷ карда шавад;
- банди 91(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"91(1). Дар ҳолатҳои истисноӣ ба кори педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ метавонанд донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-уми ихтисосҳои ҳамгирои шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равияи омӯзгорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф қабул карда шаванд.";
- дар банди 96 калимаи "ҷонишинони" ба калимаи "муовинони" иваз карда шавад;
- ба банди 101 пас аз калимаи "мӯҳлат" калимаҳои "дар як муассиса" илова карда шаванд;
- сархати нуҳуми банди 103 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ба мансаб таъин ва озод намудани муовинони худ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия;";
- сархати сеюми банди 109 хориҷ карда шуда, сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- аз ҳисоби эҳсонкориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 марти соли 2024, № 187