Низомномаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров аз 28 марти соли 2024, № 172

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 172

Низомномаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров (минбаъд - Низомнома) тартиби пешниҳод ва баррасии корҳои довталабонро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров (минбаъд - Ҷоиза), мақом ва ваколатҳои кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров (минбаъд - Кумита), инчунин тартиби супоридани Ҷоизаро муайян менамояд.

2. Ҷоиза барои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаҳои зерини илм дода мешавад:

- таърихи халқи тоҷик;

- бостоншиносӣ;

- мардумшиносӣ;

- шарқшиносӣ.

3. Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии барои озмун ба дарёфти Ҷоиза пешниҳодшаванда бояд дорои натиҷаҳои нав ва кашфиёт буда, илми ватаниро дар ин соҳаҳо ба қадри назаррас ғанӣ гардонида, инчунин ба муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон дар ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

4. Ҳуқуқи пешниҳоди корҳои илмию таҳқиқотиро ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти Ҷоиза олимони соҳиби дараҷаҳои илмӣ доро мебошанд.

5. Довталаб барои дарёфти Ҷоиза ҳуҷҷатҳоро тибқи замимаи 1 Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд.

6. Озмун барои дарёфти Ҷоиза дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, дар он ду Ҷоиза дода мешавад:

- дар соҳаи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ - 1 Ҷоиза;

- дар соҳаи шарқшиносӣ - 1 Ҷоиза.

7. Ҳаҷми маблағ барои як Ҷоиза ба 30000 (сӣ ҳазор) сомонӣ баробар мебошад.

8. Ҷоиза хусусияти шахсӣ дорад ва ба як ғолиби озмун супорида мешавад. Агар натиҷаҳои кори илмӣ ба якчанд нафар мансуб бошад, Ҷоиза мумкин аст ба ҳамаи ғолибони озмун, ки на бештар аз шаш нафар иборат мебошад, супорида шавад. Мукофоти пулӣ байни ғолибони озмун баробар тақсим шуда, диплом ва нишони сарисинагӣ ба ҳар яке аз онҳо супорида мешавад.

9. Ба ғолиби озмун тибқи замимаҳои 2 ва 3 Низомнома диплом ва нишони сарисинагӣ дода мешавад.

10. Дар ҳолати вафот кардани шахсе, ки барои сазовор гардидан ба Ҷоиза ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, додани Ҷоиза баъд аз вафоти ӯ иҷозат дода мешавад. Диплом ва нишони сарисинагӣ ҳамчун хотира ва мукофотпулӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меросгирони ӯ мегузаранд.

11. Дар ҳолати гум шудани диплом ё нишони сарисинагии дорандаи Ҷоиза, нусхаи онҳо ба соҳиби Ҷоиза тибқи қарори Кумита супорида мешавад.

2. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД ВА БАРРАСИИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАФҚИҚОТӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗА

12. Барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти Ҷоиза корҳои илмию таҳқиқотие пешниҳод шуда метавонанд, ки ба соҳаҳои дар банди 2 Низомнома нишондодашуда мувофиқ буда, на камтар аз як сол пеш аз пешниҳоди онҳо ба дарёфти Ҷоиза ба нашр расида бошанд.

13. Корҳои илмию таҳқиқотии довталабон ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти Ҷоиза тавассути субъектони зерин пешниҳод карда мешаванд:

- раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

- муассисаҳои илмӣ;

- ҳайати мушовараи вазорату идораҳо;

- шуроҳои илмии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

14. Кори илмию таҳқиқотӣ мумкин аст аз тарафи гурӯҳи муаллифони якчанд муассисаҳо пешниҳод карда шавад. Дар ин маврид бо ризояти умумӣ яке аз онҳо ҳамчун муассисаи пешбар, муассисаҳои дигар ҳамчун муассисаҳои ҳамроҳ муайян карда мешаванд.

15. Пешбарии корҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Агар кори пешбаришуда аз озмун нагузашта бошад, пешниҳоди минбаъдаи он барои дарёфти Ҷоиза иҷозат дода намешавад.

16. Ба ҳайати довталабон шахсони аз рӯйи нишонаи маъмурӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба кор дахлдошта набояд дохил карда шаванд.

17. Ба ҳайати гурӯҳи довталабон метавонанд шахсоне дохил шаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, аммо корҳоро якҷо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нақшаю барномаҳо иҷро кардаанд ва аз тарафи ин муассисаҳо пешбарӣ карда шудаанд.

18. Эълон оид ба баргузории озмун барои дарёфти Ҷоиза дар матбуоти расмӣ то 1 апрели соли супоридани Ҷоиза бо тартиби муқарраркардаи Кумита нашр карда мешавад.

19. Корҳои илмию таҳқиқотии ба дарёфти Ҷоиза пешниҳодшударо Кумита то 1 майи соли супоридани Ҷоиза қабул менамояд.

20. Кумита дар муддати 10 рӯз пас аз гузаштани муҳлати муқарраршудаи пешбарии корҳо ба озмун, ҳуҷҷатҳоро ба қайд гирифта, онҳоро ба бахшҳои дахлдори Кумита мефиристад.

21. Бахшҳои Кумита дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ баъд аз ворид гардидани ҳуҷҷатҳо корҳои воридшударо баррасӣ карда, хулоса тартиб медиҳанд ва корҳои шоистаро муайян ва онҳоро барои дарёфти Ҷоиза ба Кумита тавсия менамоянд.

22. Қарор дар бораи ба озмун иҷозат додани корҳо аз тарафи Кумита қабул карда мешавад.

23. Қарор дар бораи супоридани Ҷоизаро Кумита бо тарзи овоздиҳии пинҳонӣ қабул менамояд. Барои дарёфти Ҷоиза кор бояд аз чор се ҳиссаи овози аъзои иштирокдоштаро ба даст оварад. Қарори Кумита ҳангоми дар овоздиҳӣ иштирок кардани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои ҳайати он қабулшуда ҳисоб мешавад.

24. Қарори Кумита дар бораи супоридани Ҷоиза бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли супоридани он пешниҳод карда мешавад.

25. Қарори Кумита дар бораи супоридани Ҷоиза пас аз тасдиқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

3. МАҚОМ ВА ВАЗИФАҲОИ КУМИТА

26. Кумита бахшҳои зеринро то 1 майи соли дахлдор ба муҳлати то супоридани Ҷоиза таъсис медиҳад:

- бахши таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ;

- бахши шарқшиносӣ.

27. Ҳайати бахшҳои Кумита аз 11-нафарӣ иборат буда, аз ҳисоби олимони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва шарқшиносӣ интихоб шуда, аз ҷониби Кумита тасдиқ карда мешавад.

28. Кумита мувофиқи ҳадафҳои фаъолияти худ:

- корҳоеро, ки барои дарёфти Ҷоиза пешбарӣ шудаанд, қабул менамояд;

- корҳои арзандаро барои ширкат дар озмун интихоб мекунад;

- дар ташкили муҳокимаи васеъ ва ошкорои корҳое, ки барои гирифтани Ҷоиза пешбарӣ шудаанд, иштирок менамояд, барои ибрози афкор ва баҳодиҳии ҷомеа мусоидат карда, дар бораи супоридани Ҷоиза қарор қабул карда, онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- пардохти ҳиссаи пулии дорандаи Ҷоизаро таъмин менамояд;

- барои паҳн шудани таҷрибаҳои эҷодӣ ва комёбиҳои дорандагони Ҷоиза дар воситаҳои ахбори омма мусоидат менамояд.

29. Таъминоти моддию техникии Кумитаро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Ниг. ба Замимаҳои 1-3

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 172

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров

1. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (раиси Кумита).

2. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раис).

3. Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо.

4. Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.

5. Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

7. Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

8. Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (котиби Кумита).