ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти маблағҳои Ҷоизаи мазкур дар соли баргузории озмун барои дарёфти Ҷоиза аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои заруриро ҷудо намояд.
4. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 марти соли 2024, № 172
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Государственной премии академика Бободжона Гафурова
В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Учредить Государственную премию академика Бободжона Гафурова.
2. Утвердить положение и состав комитета Государственной премии академика Бободжона Гафурова (приложения 1 и 2).
3. Министерству финансов Республики Таджикистан выделить необходимые средства за счет республиканского бюджета для выплаты средств настоящей Премии в год проведения конкурса для получения Премии.
4. Национальной академии наук Таджикистана принять необходимые меры по выполнению настоящего постановления.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 28 марта 2024 года, №172