Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, № 797 "Дар бораи сохтори дастгоҳ ва шумораи воҳидҳои кории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сохтори дастгоҳ ва шумораи воҳидҳои кории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 91 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Сохтори дастгоҳи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Шумораи воҳидҳои кории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла:

- раис, муовини якуми раис, 2 муовини раис ва 12 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 воҳид;

- раис, муовини раис ва 2 судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 4 воҳид;

- раис, муовини раис ва 5 судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон - 7 воҳид;

- раис, муовини раис ва 6 судяи суди иқтисодии вилояти Суғд8 воҳид;

- раис, муовини раис ва 5 судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе - 7 воҳид;

- дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон - 46 воҳид;

- дастгоҳи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 8 воҳид;

- дастгоҳи суди иқтисодии вилояти Хатлон - 11 воҳид;

- дастгоҳи суди иқтисодии вилояти Суғд - 12 воҳид;

- дастгоҳи суди иқтисодии шаҳри Душанбе - 11 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016, № 700 "Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

аз 20 марти соли 2024, № 797

Замима

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 марти соли 2024, № 797

Сохтори дастгоҳи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳбарият;

- раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо;

- раёсати коргузорӣ ва назорат;

- шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо;

- шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- бахши кадрҳо ва корҳои махсус;

- бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ;

- бахши иттилоот ва рақамикунонӣ;

- котиботи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Дастгоҳи судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе:

- шуъбаи коргузорӣ ва назорат;

- котибот.