Тартиби расондани хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ аз 27 феврали соли 2024, № 95

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2024, № 95

тасдиқ шудааст

Тартиби расондани хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 577)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби расондани хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ (минбаъд - Тартиб) тартиби расондани хизматрасониҳои иҷтимоии музднокро дар хадамоти иҷтимоии давлатие, ки хизматҳои иҷтимоиро пешниҳод менамоянд, муайян мекунад.

2. Хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ бо мақсади ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, инчунин васеъ намудани доираи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва тақвияти фаъолияти самарабахши муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил карда мешаванд.

3. Хизматҳои иҷтимоии музднок аз ҷониби хадамоти иҷтимоии давлатӣ ба истифодабарандагон дар асоси ихтиёрӣ расонида мешаванд.

4. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешавад:

- хадамоти иҷтимоии давлатӣ - муассисаҳои давлатие, ки хизматҳои иҷтимоиро анҷом медиҳанд;

- истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ - шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва бинобар ҳамин ба онҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида мешавад;

- хизматҳои иҷтимоии музднок - хизматҳои иҷтимоие, ки ба қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ва расондани ёрӣ дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ ва пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо аз ҳисоби воситаҳои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ равона гардидаанд.

5. Хизматҳои иҷтимоии музднок ба истифодабарандагони онҳо тибқи Стандартҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо фармоиши дахлдори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, расонида мешаванд.

6. Хадамоти иҷтимоии давлатӣ тибқи оиннома ва самти фаъолияти худ рӯйхати мушаххаси хизматҳои иҷтимоии муздноки дар ин муассиса пешниҳодшавандаро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ тасдиқ мекунанд.

7. Хизматрасонии иҷтимоии музднок ба шаҳрвандоне, ки дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ хизматрасониҳои иҷтимоии ройгон мегиранд, пешниҳод карда намешавад.

8. Ҳуқуқи хадамоти иҷтимоии давлатӣ барои анҷом додани фаъолияте, ки барои онҳо гирифтани иҷозатнома, гузаштан аз аккредитатсия ва аттестатсия зарур аст, аз лаҳзаи гирифтани ҳуҷҷати дахлдор пайдо мешавад.

9. Хизматрасонии иҷтимоии музднок ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо ҳамон шартҳое, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, анҷом меёбад.

91. Пардохти маблағи хизматрасониҳои иҷтимоии музднок, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 577).

2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ХИЗМАТҲОИ ИҶТИМОИИ МУЗДНОК

10. Хизматрасонии иҷтимоии музднок метавонад дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва/ё дар хона амалӣ карда шавад.

11. Сарчашмаи воситаҳои молиявии хадамоти давлатии иҷтимоӣ зимни пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии музднок инҳоянд:

- маблағҳои шахсии шаҳрвандон;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

12. Ба ҳайати кормандони ташкилоту муассиса ва воҳидҳои сохтории хадамоти иҷтимоӣ, ки хизматрасонии иҷтимоии музднокро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати расондани ёрии методӣ метавонанд мутахассисон-мушовирон аз дигар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳоро ҷалб намоянд.

13. Ба истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоии музднок хизматрасонии иҷтимоӣ метавонад тибқи шартнома аз ҷониби хадамоти иҷтимоии давлатӣ, ки барои анҷом додани намудҳои дахлдори фаъолият иҷозатнома дорад, ташкил карда шавад.

14. Барои расондани хизматҳои иҷтимоии музднок роҳбари хадамоти иҷтимоии давлатӣ чораҳои зеринро меандешад:

- фармоишро дар бораи ташкили хизматрасонии музднок дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба тасвиб мерасонад;

- номгӯйи хизматҳои иҷтимоии муздноки пешниҳодшавандаро тибқи талаботи Тартиби мазкур тасдиқ мекунад;

- шахси масъулро барои ташкили хизматрасонии иҷтимоии музднок таъин мекунад;

- муносибатҳои меҳнатиро бо кормандоне, ки ба ташкил ва хизматрасонии иҷтимоии музднок машғуланд, ба расмият медарорад;

- бо тартиби муқарраргардида нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва баҳисобгириро ташкил мекунад.

15. Хароҷоти маблағҳо дар асоси сметаи ягонаи даромад ва хароҷот, ки он дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дахлдор тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад.

3. ИТТИЛООТОНИИ АҲОЛӢ ОИД БА ХИЗМАТҲОИ ИҶТИМОИИ МУЗДНОК

16. Хадамоти иҷтимоии давлатӣ, ки хизматҳои иҷтимоии музднокро мерасонанд, уҳдадоранд ба маълумоти аҳолӣ (аз ҷумла бо роҳи ҷойгиронӣ дар ҷойҳои барои дидану хондан мувофиқ, дар сомонаҳои расмӣ) иттилои дорои маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

- ном ва маҳалли ҷойгиршави (суроғаи ҳуқуқӣ)-и хадамоти иҷтимоии давлатӣ, инчунин маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатномаи ҳуқуқи барои пешниҳоди ин намуди фаъолият ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ барои муассисаҳои таълимӣ бо нишон додани рақами бақайдгирӣ, муҳлати эътибор ва мақоме, ки онҳоро додааст;

- сатҳ ва намудҳои хизматҳои иҷтимоии муздноки пешниҳодшаванда, шаклҳо ва муҳлати пешниҳоди онҳо;

- номгӯйи хизматҳои иҷтимоие, ки арзиши онҳо тибқи шартнома ба пардохти асосӣ дохил карда мешавад ва номгӯйи хизматҳои иловагии иҷтимоии музднок, ки бо розигии истифодабаранда бо тартиби муқарраргардида расонида мешавад;

- арзиши хизматҳо ва тартиби пардохти онҳо;

- тартиби қабул ва талабот нисбати қабулшавандагон ба хадамоти иҷтимоии давлатӣ;

- филиал, шуъба ё воҳиди дигари сохтории ҳудудии алоҳидаи дахлдори хадамоти иҷтимоии давлатӣ, ки инчунин иттилоотро дар бораи бо худ доштани ваколатнома барои пурра ё қисман амалӣ сохтани салоҳиятҳои хадамоти иҷтимоии давлатӣ пешниҳод менамояд.

4. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТҲОИ ИҶТИМОИИ МУЗДНОК

17. Шахсе, ки ба хизматрасонии иҷтимоии музднок ниёз дорад (ё намояндаи қонунии ӯ) ба хадамоти иҷтимоии давлатӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат менамояд:

- ариза аз рӯйи намунаи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дахлдор;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти истифодабарандаи хизматҳо;

- нусхаи шаҳодатномаи маъюбӣ барои маъюбон;

- нусхаи шаҳодатномаи гирандаи пардохтҳои нафақа аз рӯйи синну сол барои нафақагирандагон;

- корти тиббӣ ба намунаи тибқи Стандартҳо;

- маълумотнома дар бораи ҷойи зист, ки аз ҷониби ҷамоати шаҳрак ва деҳот ё аз ҷониби мақоми худфаъолияти ҷамъиятӣ, дода шудааст.

18. Зидди нишондоди тиббӣ барои хизматҳои иҷтимоии музднок тибқи Стандартҳо муайян карда мешаванд.

19. Хадамоти иҷтимоии давлатие, ки хизматҳои иҷтимоии музднокро пешниҳод менамояд, ҳуҷҷатҳои тибқи банди 17 Тартиби мазкур пешниҳодшударо бояд дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ баррасӣ намояд.

20. Асоси рад кардани пешниҳоди хизматрасонии музднок инҳо буда метавонанд:

- беэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

- мавҷуд будани зидди нишондоди тиббӣ барои расондани хизматҳои иҷтимоии музднок.

21. Дар ҳолати ба асосҳои дар банди 20 Тартиби мазкур зикргардида мутобиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, хадамоти иҷтимоии давлатӣ дар муҳлати се рӯзи корӣ, пас аз баррасии ҳуҷҷатҳо ба шахси эҳтиёҷманд ба хизматрасонӣ, дар бораи рад кардани хизматрасонии иҷтимоии музднок ба таври хаттӣ хабар медиҳад.

22. Дар сурати аз ҷониби роҳбари хадамоти иҷтимоии давлатии пешниҳодкунандаи хизматҳои иҷтимоӣ қабул намудани қарор дар хусуси пешниҳоди хизматрасонии музднок ба шахси ба хизматрасонии музднок эҳтиёҷдошта, дар байни онҳо шартномаи хизматрасонии иҷтимоии музднок (минбаъд - Шартнома) тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дахлдор баста мешавад.

23. Истифодабарандаи хизматҳо (ё намояндаи қонунии ӯ) уҳдадор аст, ки маблағи хизматҳои иҷтимоии расондашударо бо тартиб ва муҳлатҳои дар Шартнома пешбинишуда ба суратҳисоби махсуси хадамоти иҷтимоии давлатӣ пардохт намояд. Ба истифодабарандаи хизматрасониҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷати электронии тасдиқкунандаи пардохти арзиши хизматҳои иҷтимоӣ дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 577).

24. Барои расондани хизматҳои иҷтимоӣ, ки дар Шартнома пешбинӣ шудаанд, харҷномаи арзиши умумии хизматҳои пешниҳодшаванда тартиб дода мешавад. Бо талаби истифодабаранда аз ҷониби хизматрасон бояд сметаи хароҷот ё ҳисоби он тартиб дода шавад.

25. Муваққатан боздоштани амали Шартнома бо аризаи шахсии истифодабарандаи хизматҳо (ё намояндаи қонунии ӯ) иҷозат дода мешавад.

26. Хизматҳои иҷтимоии музднок дар асоси Номгӯйи хизматҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи Тартиби мазкур пешниҳод мегарданд.

27. Махфияти иттилоот дар бораи истифодабарандаи хизматҳои музднок мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ" таъмин карда мешавад.

5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

28. Ҳуқуқҳои Тарафҳо:

- дар сурати аз ҷониби шаҳрванде, ки аз хизматҳои иҷтимоии музднок истифода мебарад, якчанд маротиба риоя нагардидани қоидаҳои тартиби дохилии муассиса ва шартҳои Шартнома, муассиса ҳуқуқ дорад бо тартиби яктарафа Шартномаро бо огоҳ намудани истифодабаранда (ё намояндаи қонунии ӯ) тариқи хаттӣ (на дертар аз 5 рӯз) бекор намояд;

- шаҳрвандоне, ки аз хизматҳои иҷтимоии музднок истифода мебаранд, ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии сифатнок, маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатнома ва ҳисоби арзиши хизмати расонидашударо талаб намоянд.

29. Хадамоти иҷтимоии давлатӣ барои расондани хизматҳои иҷтимоии музднок уҳдадоранд:

- ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ мувофиқи Шартномаи басташуда хизматрасониҳоро бо сифати зарурӣ пешниҳод намоянд;

- назорати сифати хизматҳои музднокро таъмин намоянд;

- ба шаҳрвандон иттилооти барои онҳо заруриро дар бораи хизматҳои иҷтимоии музднок ба таври ройгон пешниҳод намоянд;

- ба истифодабарандагон оид ба пардохт гардидани маблағ маълумот пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 577).

30. Шаҳрвандоне, ки аз хизматҳои иҷтимоии музднок истифода мебаранд, уҳдадоранд:

- арзиши хизматрасониро бо тартиби муқаррарнамудаи Шартнома ба суратҳисоби махсуси хадамоти иҷтимоии давлатӣ пардохт намоянд;

- талаботеро, ки хизматҳои сифатноки иҷтимоии музднокро таъмин мекунад, иҷро намоянд.

6. НАЗОРАТИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТҲОИ ИҶТИМОИИ МУЗДНОК

31. Назорати ташкил ва сифати иҷрои хизматҳои иҷтимоии музднок, инчунин арзиш ва тартиби ситондани маблағ аз истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ аз ҷониби роҳбарони хадамоти давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад ва барои ин масъулияти шахсӣ доранд.

32. Назорати ташкил ва сифатнок расондани хизматҳои иҷтимоии музднок, инчунин, дурустии ситондани ҳаққи маблағро дар доираи ваколати худ мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудаанд, анҷом медиҳанд.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

33. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Замима

ба Тартиби расондани хизматҳои

иҷтимоии музднок дар хадамоти

иҷтимоии давлатӣ

Номгӯйи хизматҳои иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ

1. Хизматҳои иҷтимоии маишӣ:

- ҷудо намудани ҷойи истиқомат барои будубоши муваққатӣ, инчунин макон барои ташкил намудани чорабиниҳои таълимӣ ва хизматрасониҳои фарҳангию маишӣ дар муассисаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ;

- мусоидат барои тайёр намудани хӯрок ё омода намудан ва додани хӯрок, аз ҷумла хӯроки парҳезӣ;

- харидорӣ ва ба манзили зист расондани маводи хӯрокворӣ, наҳории гарм ва маҳсулоти саноатии ниёзи аввалия;

- кумак дар нигоҳубини кӯдакон, аъзои дигари оила, ки муддати тӯлонӣ гирифтори бемории вазнин мебошанд;

- кашондани об, ҳезуми печу оташдон, кумак дар таъмини сӯзишворӣ ба шахсоне, ки манзили истиқоматиашон ба системаи гармидиҳии марказондашуда ва обтаъминкунӣ пайваст нест;

- супоридани либосҳо барои шустушӯ, шустушӯйи кимиёӣ, таъмиру барқароркунӣ ва бозпас гирифтану ба манзил расондани онҳо;

- мусоидат ба ташкили таъмир ва рӯбучини манзили истиқоматӣ;

- мусоидат дар пардохти андози манзил ва хизматрасониҳои коммуналӣ;

- мусоидат дар ташкили хизматрасонӣ аз тарафи муассисаҳои савдо, хизматрасонии коммуналию маишӣ, алоқа ва дигар муассисаҳое, ки дар ҳудуди маҳалли истиқоматӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд;

- мутобиқшавии иҷтимоию маишӣ ва меҳнатии маъюб;

- ҳамроҳӣ намудани шахсони яккаву танҳо берун аз манзил, аз ҷумла вақти рафтан ба назди духтур;

- таъмин намудан бо манзили муваққатӣ;

- ташкили хизматрасониҳои маросимӣ (дар сурати набудани хешовандони марҳум ё хоҳиш надоштани онҳо барои анҷом додани маросими дафн);

- ба иҷора додани воситаҳои техникии тавонбахшӣ.

2. Хизматҳои иҷтимоии тиббӣ:

- дастгирӣ зимни дастрасии хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;

- мусоидат ҷиҳати гирифтани кумаки тиббӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ;

- таъмини нигоҳубин бо дарназардошти вазъи саломатӣ, аз ҷумла хизматрасонии санитарию беҳдоштӣ (тозакунӣ, шустушӯ, ваннаҳои беҳдоштӣ);

- кумакрасони барои гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва муоинаи тиббию иҷтимоӣ;

- мусоидат барои амалисозии чорабиниҳои тавонбахшии хусусияти иҷтимоию тиббидошта, аз ҷумла мутобиқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- расондани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифодабарандагони муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ;

- мусоидат барои аз муоинаи умумии тиббӣ (диспансеризатсия) гузаштани истифодабарандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоии давлатӣ;

- бистарикунонии истифодабарандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоии давлатӣ дар муассисаҳои табобатӣ, мусоидат ҷиҳати гирифтани табобати санаторию курортӣ, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок;

- кумак ҷиҳати гирифтани кумакҳои муздноки барои гузоштани дандонҳои сунъӣ, протезию ортопедӣ, айнакҳо ва дастгоҳи шунавоӣ;

- ташкил намудани машварати тахассусии тиббӣ;

- расондани ёрӣ барои мутобиқшавии тиббии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ;

- иҷрои амалҳо вобаста ба вазъи саломатӣ (додани дору, чаконидани дору ва ғайраҳо);

- расондани ёрӣ барои иҷрои машқҳои ҷисмонӣ;

- ташкил намудани фаъолияти табобатию меҳнатӣ;

- машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоии тиббӣ (банақшагирии оила, беҳдошти хӯрок ва манзил, халос шудан аз вазни барзиёд ва одатҳои бад);

- гузарондани корҳои тарбиявию солимгардонӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои мутобиқшавӣ ба синну сол равона карда шудаанд;

- ташкил намудани ёрии фаврии тиббию равонӣ;

- кумак дар таъмини маводи доруворӣ ва таъиноти тиббӣ бо тавсияи табибон;

- расондани ёрии таъҷилӣ то омадани духтур, даъвати духтур ба хона, ҳамроҳӣ намудану бурда расондани шаҳрванди эҳтиёҷманд ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва аёдати онҳо дар сурати бистарӣ шуданашон;

- мувофиқи таъиноти духтури табобаткунанда анҷом додани чорабиниҳои табобатӣ (гузарондани сӯзандору, гузоштани компрессҳо, бандинаҳо, тоза кардани ҷойи захм ва гузоштани малҳам, тозакунии рӯдаҳо, ҷамъоварии мавод барои таҳқиқоти озмоишӣ, расондани кумак дар истифодаи катетер ва дигар асбобҳои тиббӣ) ҳангоми доштани иҷозатнома ба намудҳои зикргардидаи фаъолияти тиббӣ;

- ба аъзои оила омӯзонидани асосҳои дониши тиббию равонӣ ва иҷтимоии тиббӣ барои иҷрои чорабиниҳои тавонбахшӣ дар шароити хона;

- назорат намудани вазъи саломатӣ (санҷиши ҳарорати бадан, фишори шараёнии хун);

- расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон барои дастрасӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои тавонбахшӣ, табобати санаторию курортӣ;

- мусоидат дар табобат ва омӯзиши малакаи худхизматрасонӣ, муошират ва худназораткунӣ ба оилаҳое, ки дар шароити хона кӯдакони маъюбро тарбия менамоянд.

3. Хизматҳои иҷтимоии равонӣ:

- машваратдиҳии иҷтимоии равонӣ дар якҷоягӣ бо истифодабаранда, таҳлил намудани ҳолати душвори зиндагии ӯ, маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилот;

- ташхиси равондармонӣ ва муоинаи шахсият;

- ислоҳи ҳолати равонӣ;

- кумаки равондармонӣ (психотерапевтӣ - кумаки мутахассиси соҳаи бемориҳои рӯҳӣ);

- таҳқиқи равонӣ;

- кумаки таъҷилии равонӣ (аз ҷумла тавассути телефон) ва тибби равонӣ;

- расонидани кумаки равонӣ (психологӣ), аз ҷумла гузарондани суҳбатҳо, муошират, шунидан, тарбия, руҳбаландсозӣ, ангезонидани фаъолнокӣ, дастгирии равонии завқи зиндагӣ;

- дастгирии иҷтимоию равонии оилаҳое, ки дар онҳо шахсони дорои бемориҳои руҳӣ (иллати равонӣ) ва ғайри қобили меҳнат зиндагӣ мекунанд;

4. Хизматҳои иҷтимоии педагогӣ:

- маслиҳатдиҳии иҷтимоию педагогӣ;

- ташхис ва муоинаи иҷтимоию педагогии шахсият;

- ислоҳи педагогии рафтор;

- баланд бардоштани сатҳи маърифати маъюбон бо дарназардошти имкониятҳои ҷисмонӣ ва қобилияти зеҳнии онҳо, аз ҷумла аз рӯйи барномаҳои махсуси таҳсилоти ибтидоӣ, умумӣ ва миёнаи касбӣ;

- дастгирӣ дар ташкил намудани таълими кӯдакони маъюб дар хона;

- ба падару модарони кӯдакони маъюб таълим додани асосҳои тавонбахшии онҳо дар шароити хона;

- ташкили таълими кӯдакону наврасон, ки дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ қарор доранд, мувофиқи барномаҳои тасдиқшудаи таҳсилотӣ, аз ҷумла барномаҳои махсус;

- тавонбахшии иҷтимоӣ, инкишоф додани малакаҳои муошират ва зиндагӣ дар коллектив;

- ба маъюбон омӯзондани истифодабарии воситаҳои техникии тавонбахшӣ;

- тавонбахшии касбии маъюбон ва машваратдиҳии касбӣ;

- ба хатмкунандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ки зиндагии мустақилона доранд, таълим додани асосҳои рӯзгордорӣ (омода кардани ғизо, тармими хурди либос, нигоҳубини хона);

- ташкил намудани роҳнамоии касбӣ, омодагии касбӣ ва бо кор таъмин кардани ҷавонон;

- мусоидат дар ташкил намудани шуғлнокии наврасони маъюб ва аъзои оилаи онҳо дар хона, таъмин намудани онҳо бо ашёи хом ва дастгирӣ дар фурӯши маҳсулоти тайёр;

- таълими малакаҳои худхизматрасонӣ, рафтор дар зиндагии ҳаррӯза ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, худназораткунӣ, омӯзондани малакаҳои муошират ва дигар шаклҳои фаъолияти ҳаётӣ;

- хизматрасониҳои фарҳангӣ (экскурсияҳо, тамошои намоишномаҳои театрӣ, намоишгоҳҳо, консертҳо, ташкил намудани иду ҷашнҳо, маҳфилҳои ҳаводорони санъат ва ғайраҳо);

- ташкили таълими забони имову ишора барои кӯдакони маъюбе, ки узви шунавоиашон заиф аст, падару модари онҳо ва дигар шахсони манфиатдор;

- хизматрасониҳо оид ба тарҷума ба забони имову ишора;

- дастгирии омӯзиши донишҳои компютерӣ.

5. Хизматрасониҳои иҷтимоии ҳуқуқӣ:

- маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар системаи давлатӣ ва ғайридавлатии хадамоти иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо;

- мусоидат ҷиҳати гирифтани имтиёзҳо, кумакпулиҳо, ҷубронпулиҳо, алиментҳо ва дигар пардохтҳое, ки ба истифодабаранда тааллуқ доранд, беҳтар намудани шароити манзил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ёрӣ расонидан дар тартиб додани ҳуҷҷатҳо, омода намудан ва пешниҳод кардани арзу шикоятномаҳо аз болои рафтору кирдор ё бефаъолиятии хадамоти иҷтимоӣ, ё худ кормандони ин хадамот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ҳуқуқи қонунии шаҳрвандонро вайрон ё халалдор месозанд;

- маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ (қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон, оид ба манзил, масъалаҳои оилавӣ, тандурустӣ, таъминоти нафақа, ҷинояткорӣ, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқи кӯдакон, занон, волидайн, маъюбон ва кӯдакон);

- расондани ёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба таъминоти нафақа, имтиёзу бартариҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ;

- пешниҳод намудан ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандаи хизматрасонӣ дар мақомоти судӣ;

- мусоидат намудан барои ҳимояи ҳуқуқҳои вобаста ба манзил ва молу мулк;

- расондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар масъалаҳои танзим ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои васояту парасторӣ ва фарзандхондии кӯдаконе, ки бе саробонии падару модар мондаанд;

- расондани ёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ба тартиб даровардан ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои бо кор таъмин кардан, гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки эътибори ҳуқуқӣ доранд;

- бо ваколатнома гирифтани нафақа, кумакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;

- расондани ёрӣ ҷиҳати таҳия ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо бо мақсади фиристодани кӯдакон ва наврасон (ҳангоми зарурат) ба муассисаҳои хадамоти иҷтимоии будубоши муваққатӣ;

- расондани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳимоя ва риояи ҳуқуқи кӯдакон ва наврасон дар давраи тарбия ва ғамхорӣ нисбати онҳо, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатиашон хатар таҳдид мекунад;

- ҷуброни хароҷоти мизоҷони муассисаҳои доимоамалкунанда (маъюбон) вобаста ба сафари онҳо ба ҷойи таълим, табобат ё солимгардонӣ, маслиҳатгирӣ;

- кумакрасонӣ дар таъмини узвҳои сунъӣ ва маснуоти ортопедӣ, дастгоҳи шунавоӣ ва айнакҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат намудан дар ҳалли масъалаҳои бокортаъминкунӣ, додани роҳхат ба курсҳои тайёрӣ, ҷустуҷӯйи кори муваққатӣ (мавсимӣ), кор бо рӯзи кори кутоҳкардашуда, кор дар хона.

23. Истифодабарандаи хизматҳо (ё намояндаи қонунии ӯ) уҳдадор аст, ки маблағи хизматҳои иҷтимоии расондашударо бо тартиб ва муҳлатҳои дар Шартнома пешбинишуда ба суратҳисоби махсуси хадамоти иҷтимоии давлатӣ пардохт намояд. Ба истифодабарандаи хизматрасониҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти арзиши хизматҳои иҷтимоӣ дода шавад.

24. Барои расондани хизматҳои иҷтимоӣ, ки дар Шартнома пешбинӣ шудаанд, харҷномаи арзиши умумии хизматҳои пешниҳодшаванда тартиб дода мешавад. Бо талаби истифодабаранда аз ҷониби хизматрасон бояд сметаи хароҷот ё ҳисоби он тартиб дода шавад.

25. Муваққатан боздоштани амали Шартнома бо аризаи шахсии истифодабарандаи хизматҳо (ё намояндаи қонунии ӯ) иҷозат дода мешавад.

26. Хизматҳои иҷтимоии музднок дар асоси Номгӯйи хизматҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи Тартиби мазкур пешниҳод мегарданд.

27. Махфияти иттилоот дар бораи истифодабарандаи хизматҳои музднок мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ" таъмин карда мешавад.

5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

28. Ҳуқуқҳои Тарафҳо:

- дар сурати аз ҷониби шаҳрванде, ки аз хизматҳои иҷтимоии музднок истифода мебарад, якчанд маротиба риоя нагардидани қоидаҳои тартиби дохилии муассиса ва шартҳои Шартнома, муассиса ҳуқуқ дорад бо тартиби яктарафа Шартномаро бо огоҳ намудани истифодабаранда (ё намояндаи қонунии ӯ) тариқи хаттӣ (на дертар аз 5 рӯз) бекор намояд;

- шаҳрвандоне, ки аз хизматҳои иҷтимоии музднок истифода мебаранд, ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии сифатнок, маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатнома ва ҳисоби арзиши хизмати расонидашударо талаб намоянд.

29. Хадамоти иҷтимоии давлатӣ барои расондани хизматҳои иҷтимоии музднок уҳдадоранд:

- ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ мувофиқи Шартномаи басташуда хизматрасониҳоро бо сифати зарурӣ пешниҳод намоянд;

- назорати сифати хизматҳои музднокро таъмин намоянд;

- ба шаҳрвандон иттилооти барои онҳо заруриро дар бораи хизматҳои иҷтимоии музднок ба таври ройгон пешниҳод намоянд;

- ба истифодабарандагон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағ (расид ё чеки хазинадорӣ)-ро пешниҳод намоянд.