Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2024, № 136
Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар самти таҳкими муносибатҳои оилавӣ иброз доштанд, таҳия гардидааст.
2. Давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳад.
3. Дар самти таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои оила, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тандурустӣ, меҳнат ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", "Дар бораи милитсия", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак", "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон", "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" ва Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ
4. Бо дар назар доштани муҳиммияти нақши оила дар ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро "Соли оила" эълон намуданд, ки ҳадафи он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад.
5. Масъалае, ки дар айни замон, дар ҷомеа ҷой дорад ва беҳбудиро тақозо менамояд, ин масъалаи пешгирии ҷудошавии оилаҳо мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бақайдгирии ақди никоҳ дар соли 2017 78757 ададро ташкил дода, бекор кардани ақди никоҳ дар соли 2017 10100 ҳолат, соли 2018 бақайдгирии ақди никоҳ 82556 адад, бекоршавии ақди никоҳ 11013 ҳолат, соли 2019 бақайдгирии ақди никоҳ 79070 ва бекоршавии ақди никоҳ 12482 ҳолат, соли 2020 бақайдгирӣ 67104 ва бекор кардани ақди никоҳ 10 536 ҳолат, соли 2021 бақайдгирии ақди никоҳ 74863 ва бекоршавии ақди никоҳ 13 714, соли 2022 бақайдгирии ақди никоҳ 70802 адад ва бекор кардани ақди никоҳ 13 876 ҳолат ва дар нуҳ моҳи соли 2023 шумораи бақайдгирии ақди никоҳ 55636 ададро ташкил дода, бекоршавии ақди никоҳ 7755 ададро дар бар мегирад.
6. Тибқи омори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дузанагӣ ё серзанагӣ) дар соли 2018 нисбат ба 102 нафар, соли 2019 нисбат ба 101 нафар, соли 2020 нисбат ба 108 нафар, соли 2021 нисбат ба 82 нафар, дар соли 2022 нисбат ба 85 нафар ҳукми айбдоркунанда бо таъини ҷазо муайян карда шудааст.
7. Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо барвақт хонадор намудани ноболиғон мебошад. Дар натиҷаи нокифоя будани донишу малака, омода набудани навхонадорон ба зиндагии мустақилона ҳаёти якҷоя дер давом намекунад ё дар оила мушкилиҳои моддиву маънавӣ пеш омада, муҳити солими оиларо вайрон менамоянд.
8. Бо мақсади пешгирии бармаҳал ба шавҳар додани духтарон ва коҳиш додани теъдоди талоқ соли 2010 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид ва синну соли никоҳӣ аз 17 ба 18 боло бурда шуд.
9. Тибқи омори расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳ нарасида) дар соли 2017 23 нафар, соли 2018 11 нафар, соли 2019 25 нафар, соли 2020 23 нафар, соли 2021 27 нафар, соли 2022 19 ва дар нуҳ моҳи соли 2023 26 нафар ба қайд гирифта шуда, тибқи моддаи 169 теъдоди ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандон дар самти бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар соли 2017 нисбат ба 23 нафар, соли 2018 13 нафар, соли 2019 25 нафар, соли 2020 22 нафар, соли 2021 27 нафар, соли 2022 19 нафар ва дар нуҳ моҳи соли 2023 нисбат ба 20 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
10. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъди пошхӯрии оилаҳо дар бештари ҳолат кӯдакон дар тарбияи занҳо мемонанд. Занон бо сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ, надоштани касбу кори мувофиқ ва сатҳи муайяни тахассус, надоштани маҳалли истиқомат ва мунтазам пардохт нагардидани алимент аз ҷониби собиқ шавҳар бе таъминот монда, дар натиҷа бархе аз онҳо ба кирдорҳои номатлуб даст мезананд. Ин ҳолат барои аз таҳсил дур мондани фарзандон ва таълиму тарбияи кӯдакон низ таъсир мерасонад.
11. Мушкилии дигар дар он аст, ки сатҳи донишҳои омӯзгорию равонии худи падару модарон, масъулияти онҳо дар тарбия ва таълими фарзандон ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар доираи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 нисбат ба 20 864 нафар, соли 2018 - 16 439, соли 2019 - 14 363 нафар, соли 2020 нисбат ба 5 914 нафар, соли 2021 нисбат ба 4 824 нафар, дар соли 2022 нисбат ба 5309 нафар падару модар ва дар нуҳ моҳи соли 2023 нисбат ба 5295 нафар падару модар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар баробари ин, дар ҷомеа афзоиши падидаҳои дигари манфӣ низ ба назар мерасанд, ки ба муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандон таъсири бевоситаи худро расонида истодаанд.
12. Масъалаи солимии аҳолӣ, ҳифзи тандурустии модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои демографӣ, танзими оила аз ҳадафҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Паст будани фаҳмиши аҳолӣ оид ба масъалаҳои танзими оила ва солимии наслофарӣ, исқоти ҳамли номатлуб, паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ тариқи алоқаи ҷинсӣ, болоравии бемориҳои музмин қисми таркибии мушкилоти самти мазкур ба ҳисоб мераванд.
13. Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки сабабу шароитҳои ба муносибатҳои нодурусти аъзои оила мусоидаткунанда, ин баҳсҳои оилавӣ байни зану шавҳар, вуҷуд надоштани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аъзои хонавода, издивоҷи бармаҳал, дузанагӣ ё бисёрзанагӣ, сатҳи пасти саводнокӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, нашъамандӣ, майзадагӣ, коста будани таълиму тарбия дар хонавода, паст будани худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ, гирифтори бемории руҳӣ ва бемориҳои дигари вазнин, инчунин, таъсири филмҳои пур аз саҳнаҳои муноқишаҳои оилавӣ, ташвиқи роҳҳои худкушӣ дар филмҳо, истифодаи ғайримақсадноки сомонаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари хабарӣ алоқаманд мебошанд.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
14. Мақсади Барнома таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ мебошад.
15. Барои ноил шудан ба мақсади мазкур дар Барнома вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- ташаккули воситаи дастгирии оилаҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо;
- коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ;
- баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;
- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани масъулияти оила дар иҷрои вазифаҳои худ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таъмини амалишавии принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ;
- тақвият ва баланд бардоштани нақши ниҳоди оила дар ҷомеа;
- ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ;
- таҳкими заминаҳои иқтисодии оила ва таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои иҷтимоии он;
- амалисозии меъёри қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии ақди никоҳ;
- омода намудани ҷавонон барои барпо намудани ҳаёти оилавӣ;
- мусоидат дар амалисозии имкониятҳои тарбиявӣ ва фарҳангии оила ва боло бурдани маърифати оиладорӣ;
- таъмини шароити мусоид барои тарбияи солими кӯдакон дар оила;
- такмили воситаи таъминкунандаи танзими оила ва ҳифзи саломатии аъзои он;
- ба таври васеъ фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бо мақсади инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо;
- тақвияти ҳифзи солимии барафзоӣ (репродуктивӣ) ва пешгирии омилҳои ба исқоти ҳамл мусоидаткунанда;
- мусоидат дар таъминоти иҷтимоии оилаҳо ва кӯдаконе, ки ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд;
- андешидани чораҳои мушаххас дар самти пешгирии оиладоршавии бармаҳал;
- ташаккули воситаҳои дастгирии оилаҳои ҷавон бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо;
- мунтазам ба роҳ мондани чорабиниҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ дар самти ҳифзу нигаҳдории оилаи солим дар ҷомеа.
4. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
16. Амалигардонии Барнома тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории мавҷуда вобаста ба ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои он бо дар назар доштани хусусиятҳои марҳилаи муосири рушди ҷомеа;
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва кӯдакон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ, такмили воситаҳои иҷрои ҳалномаҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани алимент аз шахсони қасдан аз пардохти алимент саркашикунанда ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
- тавсеаи фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила, таҳияи воситаҳои таъмини ҳамгироии фаъолияти мақомоти гуногуни давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии оила дар ҷомеа;
- ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳанги вазорату идораҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ;
- таъмини риояи қатъии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда бо мақсади таъмини солимии насли наврас ва пешгирии таваллуди кӯдакони дорои норасоии ақлонӣ ва ҷисмонӣ;
- гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва амалӣ вобаста ба масъалаҳои оилавӣ;
- омӯзиши ҳамаҷонибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оила, ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ва пешгирии ҳолатҳои бисёрникоҳӣ;
- истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ баҳри ба ҷомеа расонидани моҳияти дастгириҳои давлатии иҷтимоӣ, ки ба таҳкими оила нигаронида шудаанд;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус, занону кӯдакон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;
- ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, аз қабили урфу одат ва расму оинҳои миллӣ, мероси пурғановати гузаштагон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи фарзандон аз рӯйи усулҳои муосири таъсиррасонӣ бо дар назар доштани хусусиятҳои миллӣ;
- густариши робита байни минтақаҳои кишвар бо мақсади таҳкими муносибатҳо тавассути бунёди оилаҳои нав ва муносибатҳои хешутаборӣ;
- пайгирии доимии амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба оила ва дар ин асос андешидани чораҳои дахлдор.
5. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
17. Натиҷаҳои асосии пешбинишавандаи амалигардонии Барнома инҳо мебошанд:
- такмили қонунгузории соҳаи танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ, фароҳам омадани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила мусоидаткунанда;
- тақвияти масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ;
- амалисозии раванди иҷтимоишавии фарзандон дар оила, ташаккули шахсиятҳои худшинос ва ватандӯст;
- болоравии сатҳи маърифати оиладории шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва коҳиши раванди бекоршавии ақди никоҳ;
- мусоидат ҷиҳати таҳкими заминаҳои иқтисодию иҷтимоии оила, болоравии сатҳи зиндагию некуаҳволии аҳолӣ ва рушди неруи зеҳнию ҷисмонии аъзои оила;
- ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои асили фарҳанг ва суннатҳои миллии халқи тоҷик;
- танзими оила ва солимии барафзоӣ (репродуктивӣ) ва беҳтар гардидани саломатии модару кӯдак;
- фароҳам овардани замина барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои муҳимми оилаю оиладорӣ ва ташкили марказҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, равонӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ.
6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
18. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
19. Маблағи умумӣ барои амалишавии Барнома 4 798 150 (чор миллиону ҳафтсаду наваду ҳашт ҳазору яксаду панҷоҳ) сомонӣ ва Нақшаи амали он барои се сол 2 776290 (ду миллиону ҳафтсаду ҳафтоду шаш ҳазору дусаду навад) сомониро ташкил медиҳад.
7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
20. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади асосии мониторинг ва арзёбӣ баланд бардоштани самарабахшии иҷрои Барнома ва беҳтар намудани фаъолият дар самти ноил шудан ба ҳадафҳо мебошад.
21. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2024, № 136
Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
Ниг. ба замима