Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, № 136 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 муайян карда шавад.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории амалигардонии Барномаи мазкурро аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.

5. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 марти соли 2024, № 136