Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2024, № 68
Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвоноти Тоҷикистон, ҳифзи объектҳои олами ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, таҳия карда шудааст.
2. Яке аз намудҳои нодири ҳайвоноти калонҷуссаи дарандаи Тоҷикистон, ки ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст ва ба муҳофизати махсус эҳтиёҷ дорад, бабри барфӣ ба ҳисоб меравад.
2. МАВҚЕИ ТАСНИФОТӢ, ТАРЗИ ҲАЁТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЭКОЛОГИИ БАБРИ БАРФӢ
3. Бабри барфӣ дарандаи калонҷусса буда, ба оилаи гурбаҳо тааллуқ дорад. Аз рӯйи андоза ва намуди зоҳирӣ бабри барфӣ ба паланг (леопард) шабоҳат дорад. Дарозии баданаш ба 100-130 сантиметр ва думаш ба 92-105 сантиметр мерасад. Вазни модинаҳо 3540 килограмм ва наринаҳо - 45-55 килограммро ташкил медиҳад. Мӯинаи дарози зич, думи дарози серпашм, панҷаҳои васеи кутоҳи дорои чанголҳои кашида ва мушакҳои пурқуввати қафаси сина аломатҳое мебошанд, ки мутобиқшавии бабри барфиро барои зист намудан дар шароитҳои сарди иқлими баландкӯҳ нишон медиҳанд.
4. Бабри барфӣ одатан тарзи ҳаёти ҷудогона мегузаронад ва танҳо дар мавридҳои алоҳида гурӯҳҳои иборат то 6 фардро ташкил медиҳад. Шумораи наслаш аз 1 то 5 фардро ташкил медиҳад. Ҷуфтшавӣ аз охири моҳи феврал то миёнаи моҳи март сурат мегирад. Ҳомиладорӣ 90-110 рӯз давом мекунад.
5. Дар мавзеъҳои хосси сукунат бабри барфӣ нишонаҳои фаъоли ҳаётии худро боқӣ мегузорад. Ба ин нишонаҳо изи чангол, боқимондаҳои мӯй, ахлот ва нишонаҳои бӯйнок дохил мешаванд. Нишонаҳои ҳаётгузаронии бабри барфиро дар пайраҳаҳое, ки ҳайвоноти ваҳшии гуногун дар онҳо гаштугузор менамоянд, дучор омадан мумкин аст.
6. Дар байни намояндагони дигари гурбаҳои ваҳшӣ, бабри барфӣ ба шароитҳои ниҳоии сарди баландкӯҳ як қатор хусусиятҳои мутобиқшавӣ дорад. Хусусиятҳои хосси экологӣ ба ин намуд имкон додаанд, ки таърихан таъсири омилҳои гуногуни экологиро аз сар гузаронад ва то замони ҳозира зинда монад. Ба чунин омилҳои экологӣ дар навбати аввал инҳо мансубанд:
- қобилияти фавқулодаи тез ҳаракат намудан ба масофаи дур паҳншавӣ ва мубодилаи генетикиро дар байни фардҳои популятсияҳо ва гурӯҳҳои гуногун, ҳамчунин кӯчиши онҳоро ба қитъаҳои бехатари муҳити сукунат таъмин менамояд;
- эҳтиёткорӣ, ки барои зинда мондани ин намуд мусоидат намудааст;
- дастнорас будани муҳити зист вобаста ба шароитҳои сарди иқлим ва ноҳамвории ниҳоят зиёди релеф, ки ҳифзи табиии бабри барфиро таъмин менамояд;
- рӯйпӯши бадани ин даранда ба ранг ва сохтори ба муҳите, ки дар он сукунат менамояд, хеле монанд аст ва ба ин восита ин намуд дар байни ҳайвоноти дигари даранда ва шикорчиён ноаён мемонад.
7. Новобаста ба он, ки бабри барфӣ дар ҷойҳои дастнорас сукунат менамояд, тағйирёбии иқлим ва омили инсонӣ сабабҳои асосии кам шудани саршумори бабри барфӣ ба ҳисоб мераванд. Илова ба ин, зиёд гардидани хатари бо инсон рӯ ба рӯ гардидани бабри барфӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемҳо ва дар натиҷаи он тағйир ёфтани баъзе хусусиятҳои рафтори бабри барфӣ алоқаманд аст. Ба чунин хусусиятҳои экологӣ шомиланд:
- ба таври фавқулода алоқаманд будани бабри барфӣ нисбат ба қитъаҳои муайяни шикорӣ эҳтимолияти доштани онро ҳангоми ворид гардидан ба ин ё он қитъаи муҳити зист аз ҷониби шикорчиёни ғайриқонунӣ зиёд менамояд;
- ҳангоми тасодуфан рӯ ба рӯ гардидан ба инсон, бабри барфӣ эҳтиёткории зиёд ва хашмгинӣ зоҳир наменамояд ва ба осонӣ сайди шикорчиён мегардад;
- пӯшиши баланди барф ҳаракати бабри барфиро дар фасли зимистон бисёр мушкил мегардонад ва вайро маҷбур месозад, ки аз ҷойҳои сукунати доимӣ ба минтақаҳои пасттар фарояд, ки дар ин ҳолат аксаран маврид сайди шикорчиён қарор мегирад, илова ба ин яку якбора сард шудани ҳаво ё хушксолӣ дар баҳор ё тирамоҳ бабри барфиро маҷбур месозад, ки сайди нисбатан дастрас (суғур ва чорвои хонагӣ)-ро шикор кунад;
- новобаста ба тарзи ҳаёти муқимӣ, бабри барфӣ аз пайи туъмаи худ (сумдорони ваҳшӣ) кӯчиши мавсимии амудӣ зоҳир менамояд ва ба маҳалҳои аҳолинишин ворид гардида, ба чорвои хонагӣ ҳуҷум менамояд ва дар зиддият бо манфиатҳои инсон қарор мегирад. Вобаста ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир низои байни бабри барфӣ ва инсон шадидтар мегардад.
3. ҲОЛАТИ ПОПУЛЯТСИЯИ БАБРИ БАРФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
8. Бабри барфӣ дар баландкӯҳҳои Осиё - Ҳимолой, Қароқурум, Ҳиндукуш, Помир, Тиён-Шон, Олтой, Саян ва Кунлун паҳн шудааст. Паҳншавии бабри барфӣ ҳудуди 12 мамлакати дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Бирма, Бутан, Непал, Чин, Муғулистон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россияро дар бар мегирад. Масоҳати воқеии паҳншавии он 3 млн километри мураббаъро ташкил медиҳад.
9. Тоҷикистон дар маркази масоҳати паҳншавии бабри барфӣ ҷойгир шудааст. Майдони паҳншавии бабри барфӣ дар кишвар 85,7 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, ки 2,9 фоиз масоҳати ҳозираи паҳншавии ин намудро дар миқёси олам ташкил медиҳад. Дар ҳудуди кишвар 9/10 қитъаи паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Помиру Олой ҷойгир шудааст. Бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди 20 каторкӯҳ - Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой паҳн гардидааст. Барои ҳифзи бабри барфӣ ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳаммияти калон дорад, ки дар он 70 фоиз масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
10. Мавзеъҳои мусоиди сукунати бабри барфӣ қариб дар тамоми қитъаҳои паҳншавии он дар баландиҳои 3000-4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Муҳити хосси зисти бабри барфӣ минтақаҳои алпӣ ва субалпии дорои релефашон ноҳамвор бо нишебиҳои тезу дараҳои чуқур мебошанд, ки дар баландиҳои аз 2000 то 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Бабри барфӣ одатан нишебиҳои буридашудаи кунҷашон аз 30(0) зиёдро меписандад.
11. Мавзеъҳои хосси сукунати бабри барфӣ дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Помир, ки қисми зиёди релефашонро харсангҳо ва нишебиҳои тез ташкил медиҳанд, ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди Помир, ки релефи нисбатан ҳамвор дорад, бабри барфӣ асосан дар минтақаи марғзорҳои алпии харсангдор маскан мегирад.
12. Бо сабаби дастнорас будани мавзеъҳои зист, бабри барфӣ объекти мураккаби мушоҳида ва омӯзиш ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ баҳодиҳии саршумори он кори душвор аст. Саршумори умумии ин даранда дар олам тақрибан дар ҳудуди 3,5-6 ҳазор фард баҳогузорӣ карда шудааст.
13. Дар айни замон, оид ба саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. То нимаи солҳои 60уми асри гузашта саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон нисбатан зиёд буд ва дар ҳудуди 1000 фард баҳогузорӣ гардидааст. Тибқи маълумоти дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) овардашуда саршумори эҳтимолии бабри барфӣ дар Тоҷикистон тақрибан 250-350 фардро ташкил медиҳад. Таҳлили аксҳои зимни истифодаи домҳои аксбардорӣ ба даст овардашуда мавҷудияти беш аз 130 фарди бабри барфиро дар ҳудуди баъзе қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ба таври эътимоднок тасдиқ мекунад.
14. Маълумоти навине, ки оид ба паҳншавӣ ва саршумори бабри барфӣ дар қитъаҳои алоҳидаи макони сукунат ба даст оварда шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон на камтар аз 500 фарди ин намуд зиндагӣ мекунанд.
4. ТАҲДИДҲОИ АСОСӢ БА ПОПУЛЯТСИЯИ БАБРИ БАРФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
15. Таҳдидҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори бабри барфиро дар доираи таъсироти омилҳои зерини экологӣ ва антропогенӣ ба популятсияи он таснифот кардан мумкин аст:
- омилҳои биотикӣ: маҳдуд гардидани манбаи ғизо, рақобат бо ширхӯрони дарандаи дигар ва касалиҳо;
- омилҳои антропогенӣ: шикори ғайриқонунӣ, таназзули муҳити зист, омили ноҳинҷорӣ, ихтилоф бо инсон;
- омили абиотикӣ: таъсири тағйирёбии иқлим.
16. Манбаи ғизои бабри барфӣ намудҳои ҳайвоноти гуногун, аз парандагон ва хояндагони хурд сар карда, то сумдорони калонро дар бар мегирад, аммо объектҳои асосӣ ва калидии ғизоии бабри барфӣ дар Тоҷикистон нахчир, гӯсфанди Марко Поло, бузи пармашох ё морхур, уриал, суғури сурх, заргӯш, ғулмуш, кабк ва мурғи ҳилоли ҳимолоӣ ба ҳисоб мераванд.
17. Дар байни объектҳои дигари ғизоии бабри барфӣ суғури сурх нисбатан сершумор буда, дар экосистемаҳои баландкӯҳи биёбонӣ ва даштии Помир васеъ паҳн гардидааст. Масоҳати паҳншавии ин намуд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 ҳазор километри мураббаъро ишғол менамояд, ки 52,6 дарсади тамоми масоҳати суфакӯҳи Помирро ташкил медиҳад. Популятсияи зичиаш нисбатан зиёди суғури сурх дар баландиҳои 3800-4300 метр аз сатҳи баҳр, дар водиҳои васеи дорои релефашон ҳамвор ва нишебиҳои кӯҳии нисбатан ҳамвори ба онҳо ҳамсарҳад, ки намӣ аз ҳисоби обшавии барфтӯдаҳо сабзиши растаниҳоро метезонад, ҷойгир шудаанд. Саршумори суғури сурх дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд буда, дар ҳудуди аз 70000-200000 сар баҳогузорӣ карда шудааст. Дар мавзеъҳои мусоиди зист зичии суғур дар 1 километри мураббаъ дар ҳудуди 27-93 сар тағйир меёбад. Суғури сурх ҳамчун намуде, ки ба хоби зимистона меравад, дар ғизои барои бабри барфӣ танҳо дар фаслҳои баҳору тирамоҳ аҳаммият дорад. Тағйирёбии иқлим, хусусан хушкшавии барвақтӣ ба муҳити сукунати суғури сурх таъсири манфӣ мерасонад.
18. Шикори ғайриқонунӣ яке аз хатарҳои асосӣ ва омили маҳдудкунандаи саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз соли 1968 расман манъ карда шудааст. То ин давра шикорчиёни маҳаллӣ ва чӯпонҳо ин ҳайвони дарандаро зараррасон ҳисобида, онро мунтазам нобуд мекарданд. Масалан, аз соли 1953 то соли 1965 идораҳои пӯстқабулкунии ҷумҳурӣ аз шикорчиён 450 пӯсти бабри барфиро харидорӣ намуда буданд. То солҳои 80-уми асри гузашта шикорчиёни таҷрибадори маҳаллӣ барои доштани бабри барфӣ бо мақсади ба боғҳои ҳайвонот интиқол додани он ҷалб карда мешуданд. Бабрҳои барфии аз Тоҷикистон дастгир кардашуда дар бисёр боғҳои ҳайвоноти давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
19. Талабот ба пӯсти бабри барфӣ ҳамчун объекти пурқиммати ғаниматӣ зиёд аст. Ин яке аз сабабҳои асосии шикори ғайриқонунии ин ҳайвони ваҳшӣ мебошад. Дар давраи солҳои 1992-1997 ҳолатҳои шикори ғайриқонунии ҳайвоноти сумдор ва даранда афзуда буд. Аҳолии маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути домҳо ва милтиқ бабри барфиро бо мақсади фурӯши пӯст бераҳмона сайд мекарданд. Тибқи пурсиш солҳои пешин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамасола ба ҳисоби миёна 810 фарди бабри барфӣ сайд карда мешуд.
20. Дар қитъаҳои алоҳидаи паҳншавӣ, алалхусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳолии маҳаллӣ бабри барфиро бо сабаби ба чорвои хонагӣ ҳуҷум намудан ва расонидани зарари иқтисодӣ ба буҷети оилавии чорводорон нобуд месозад. Дар аксар маврид ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорво ба таври воқеӣ арзёбӣ карда намешавад, зеро дар баробари бабри барфӣ, гург низ ба чорво ҳуҷум мекунанд.
21. Ба экосистемаҳои табиӣ ва гуногунии биологии минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, ки дар онҳо бабри барфӣ паҳн гардидааст, чунин омилҳои антропогенӣ, ба монанди аз ҳад зиёд чаронидани чорво, коркарди конҳои ҷинсҳои кӯҳии нав, истифодаи босуръати заминҳои кӯҳӣ барои кишоварзӣ, бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин, васеъ гардидани масоҳати деҳаҳои кӯҳӣ, сохтмони роҳ, афзудани эрозияи нишебиҳои кӯҳӣ таъсири муайян мерасонанд. Тағйирёбии иқлим низ дар оянда метавонад яке аз сабабҳои асосии таназзули экосистемаҳои кӯҳӣ гардад.
22. Тарзи зиндагии ниҳонӣ, эҳтиёткорӣ ва алоқамандӣ ба мавзеъҳои зисти дастнорас хусусиятҳои муҳимтарини экологии бабри барфӣ ба шумор мераванд. Новобаста ба ин, бабри барфӣ бо сабаби кӯчиши мавсимии туъмаи асосии худ, яъне нахчир, ҷойи худро иваз намуда, мавзеъҳои ба инсон наздикро ба сифати муҳити зист интихоб менамояд.
23. Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои зуд-зуд ба чорвои хонагӣ дарафтодани бабри барфӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасад. Яке аз манбаъҳои асосии даромади иқтисодии аҳолие, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд, чорводорӣ ба ҳисоб меравад ва он сабаби асосии тезутунд гардидани ихтилофи чорводорон бо бабри барфӣ мебошад. Дар аксар маврид бабри барфӣ ба гӯсфанд ва буз ҳуҷум мекунад. Дар Тоҷикистон дар давоми солҳои 2012-2020, 72 ҳодисаи ҳамлаи бабри барфӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо беш аз 1100 сар гӯсфанду буз талаф гардидааст. Тақрибан 80 дарсад ҳодисаи ҳамлаи бабри барфӣ дар зимистон, хусусан дар зимистонҳои сербарф рух медиҳанд. Зимни зиёд будани барф бабри барфӣ дар шикори ҳайвоноти сумдори ваҳшӣ душвориро эҳсос менамояд ва маҷбур мешавад ба чорвои хонагӣ ҳамла кунад. Одатан, бабри барфӣ ба чорво дар оғилхонаҳои муҳофизатнашуда ҳамла мекунад ва зарари бештар мерасонад. Дар чунин мавридҳо, бабри барфӣ, одатан, дар оғилхона руст мемонад. Ҳангоми дар оғилхона дарёфт гардидани бабри барфӣ ин ҷонвар бо кӯшиши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дастгир карда шуда, ба табиат сар дода мешавад. Фардҳои захмдоршуда ба маркази офиятбахшӣ интиқол дода мешаванд. Дар ҳолатҳои алоҳида бабрҳое, ки ба оғилхона даромадаанд, аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ нобуд карда мешаванд. Маҳдуд гардидани чунин ҳолатҳо ба баланд шудани огоҳии аҳолӣ нисбат ба аҳаммияти ҳифзи бабри барфӣ марбут аст.
24. Дар Тоҷикистон то ҳол механизми дақиқи ба низом даровардани ихтилофи инсон бо бабри барфӣ таҳия карда нашудааст. Эҳтимол бо тағйирёбии иқлим ин ихтилоф меафзояд ва зарур аст, ки оид ба коҳиш додани суръати он чораҳои зарурӣ андешида шавад.
25. Дар Тоҷикистон экосистемаҳои кӯҳӣ мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамояд ва ба онҳо 80 дарсад гуногуннамудии ҳайвонот рост меояд. Экосистемаҳои баландкӯҳ ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошанд. Пасту баланд шудани на он қадар зиёди ҳарорат дар экосистемаҳои баландкӯҳ боиси тағйироти зиёди биосенотикӣ мегардад. Дар экосистемаҳои кӯҳӣ аксар намудҳо ва ҷамоаҳои мавҷудоти зинда мавзеъҳои маҳдуди экологиро ишғол мекунанд ва ба таъсироти табиӣ ва антропогенӣ ҳасос мебошанд. Гармшавии глобалии иқлим сабаби паст шудани маҳсулнокии биологии экосистемаҳои баландкӯҳ мегардад.
5. ЧОРАҲОИ АНДЕШИДАШУДА ОИД БА ҲИФЗИ БАБРИ БАРФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз охири солҳои 90-уми асри гузашта ба як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист шомил гардид. Соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологиро тасдиқ намуд. Дар доираи конвенсияи номбурда аввалин стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ таҳия карда шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2003, №392 тасдиқ шудааст. Соли 2016 бо дарназардошти талабот ва ҳадафҳои нави конвенсия стратегия ва нақшаи дуюми миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ то соли 2020 таҳия карда шуд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба котиботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ як қатор гузориши миллӣ ва маълумотро (солҳои 2003, 2005, 2006, 2009, 2014, 2019) оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ пешниҳод намудааст. Дар айни замон кор оид ба омода намудани Ахбори миллии ҳафтум оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ идома дорад.
27. Соли 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳо оид ба ҳифзи намудҳои кӯчандаи ҳайвоноти ваҳшӣ (Конвенсияи Бонн) ва оид ба мавзеъҳои обию ботлоқиро (Конвенсияи Ромсар) тасдиқ намуд.
28. Тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳар як кишвари узви конвенсия ё созишномаҳо бояд қонунгузории миллиро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии ба тасвибрасида мутобиқ созад. Вобаста ба ин, солҳои охир қонунгузории экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи конвенсияҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои минтақавии ба имзорасида мутобиқ карда мешавад.
29. Ҳифз ва истифодаи захираи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот ва растаниҳое, ки ба Китоби сурх дохил карда шудаанд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи олами ҳайвонот", "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот", "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда", "Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор", "Дар бораи чарогоҳ", Кодекси ҷангал, инчунин як қатор санадҳои зерқонунӣ ба танзим дароварда мешаванд.
30. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 357 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ вогузор карда шудааст.
31. Бабри барфӣ ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил буда, мақоми байналмилалии ҳифз - "намуди осебпазир"-ро доро мебошад.
32. Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон (соли 1988) ба бабри барфӣ мақоми "намуди нодир, ки саршумораш майл ба маҳдудшавӣ дорад" дода шуда буд. Соли 2015 нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйиру иловаҳо) ба табъ расид, ки дар он ба бабри барфӣ мақоми "намуди зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта" дода шуд. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин мақоми ҳифзи объектҳои асосии ғизоии бабри барфӣ гӯсфанди Марко Поло, бузи пармашох ва уриал бо дарназардошти категорияҳои нави Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат бознигарӣ карда шудааст.
6. ПАҲНШАВИИ БАБРИ БАРФӢ ДАР ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН
33. Дар Тоҷикистон шабакаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амал мекунад, ки дар ҳифзи гуногунии биологӣ нақши муҳим мебозад. Дар ҷумҳурӣ 3 мамнуъгоҳ, 1 ҳудуди биосферӣ, 13 парваришгоҳ, 1 парки миллӣ ва 3 парки табиӣ фаъолият менамоянд, ки дар минтақаҳои гуногуни табиӣ ҷойгир шудаанд ва хелҳои асосии экосистемаҳои табииро фаро мегиранд.
34. Дар Тоҷикистон 75 дарсад ҳудуди умумии паҳншавии бабри барфӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда рост меояд. Бабри барфӣ дар ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон, 2 мамнуъгоҳ (Зоркӯл ва Даштиҷум), 1 ҳудуди биосферӣ (Ромит), 8 парваришгоҳ (Музкӯл, Сангвор, Камаров, Даштиҷум, Алмосӣ, Норак, Искандаркӯл ва Дараи сабз), 3 парки табиӣ (Ширкент, Яғноб ва Сарихосор) сукунат ёфтааст. Парки миллии Тоҷикистон, мамнуъгоҳҳои давлатии табиӣ, ҳудуди биосферӣ ва паркҳои табиӣ ба сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, парваришгоҳҳои давлатии табиӣ дар тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
35. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки аз ҷониби Раёсати назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва Бозрасии давлатии ҳифзи ҷангал ва шикор амалӣ карда мешаванд, мубориза бар зидди ғуруқшиканӣ (шикори ғайриқонунӣ) ҳифзи муҳити сукунат ва захираҳои ғизоии ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳамчунин корҳои тарғиботиро оид ба ҳифзи табиат дар байни аҳолӣ дар бар мегиранд. Дар ҳамаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бабри барфӣ объекти калидии ҳифз ба ҳисоб меравад.
7. ЗАРУРАТИ ТАҲИЯ ВА АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
36. Солҳои охир дар Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим сиёсати мақсаднок амалӣ карда мешавад. Афзалият доштани ҳифзи гуногунии биологиро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамроҳ шуд ва уҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи захираҳои биологии миллӣ расман эълон намуд. Тибқи талаботи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон Стратегияи миллӣ ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ тарҳрезӣ шудааст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2003, № 392 тасдиқ гардидаанд.
37. Экосистемаҳои табиии Тоҷикистон дар давоми 50 соли охир ба таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ дучор гардидаанд. Таҳти таъсири шадиди антропогенӣ ва тағйирёбии иқлим дар ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта аз таркиби фаунаи Тоҷикистон зернамуди паланги тӯронӣ пурра маҳв гардид ва дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта зери таъсири ин омилҳо популятсияи ҷудогонаи суғури Мензбир дар қаторкӯҳи Қурама нобуд гардидааст.
38. Экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон қитъаи калидии ҳавзаи зисти бабри барфӣ ба ҳисоб мераванд. Масоҳати умумии муҳити сукунати бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба 85 ҳазору 700 километри мураббаъ баробар аст, ки 60 фоизи масоҳати умумии кишварро ишғол менамояд.
39. Ҳамчун дарандаи калонҷусса, бабри барфӣ зинаи болоии занҷири ғизоиро ишғол менамояд ва нишондиҳандаи хосси баҳодиҳии ҳолати экосистемаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Экосистемаҳои баландкӯҳ, ки дар онҳо бабри барфӣ паҳн гардидааст, нисбат ба тағйирёбии иқлим ба гурӯҳи экосистемаҳои осебпазири Замин мансуб мебошанд. Популятсияи устувори бабри барфӣ дар маҷмуъ беҳбудӣ ва фаъолияти муътадили экосистемаҳои баландкӯҳро инъикос менамояд.
8. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
40. Мақсади асосии Барномаи мазкур ин ҳифзи муҳити хосси сукунати бабри барфӣ ва объектҳои ғизоии он, коҳиш додани хатарҳо ва таъсири фаъолияти инсон ба популятсияи табиии ин намуд бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
41. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома амалӣ намудани вазифаҳои зерин зарур аст:
- ҳамоҳангсозии заминаҳои ҳуқуқӣ;
- мониторинг ва таҳқиқотҳои илмӣ;
- мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ;
- таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳдошти манбаъҳои ғизоӣ;
- тарҳрезии чорабиниҳо оид ба паст намудани хавфи ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ;
- ба танзим даровардани чарондани чорво ва пешгирии таназзули муҳити зист;
- пурзӯр намудани нақши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда оид ба ҳифзи бабри барфӣ;
- ҷалб намудани аҳолии маҳаллӣ дар ҳифзи бабри барфӣ;
- тарғиби донишҳо;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байнисарҳадӣ.
9. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
42. Иҷрои чорабиниҳои дар Барнома пешбинигардида аз ҳисоби грантҳо ва дастгирии созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мешаванд, амалӣ карда мешавад.
43. Барои амалисозии Барномаи мазкур аз ҳисоби ин сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҳамагӣ 5 млн сомонӣ пешбинӣ карда мешавад, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2 млн сомонӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - 2 млн сомонӣ ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 млн сомонӣ.
44. Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи мазкур ва нақшаҳои амали он созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳифзи табиат, ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи экология ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷалб карда мешаванд.
10. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА
45. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори дигар гузаронда мешаванд.
46. Ҳамасола аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои шикорӣ бо ҷалби коршиносони байналмиллалӣ баҳисобгирии саршумори объектҳои ғизоии бабри барфӣ (гӯсфанди Марко Поло, нахчир, бузи пармашох ва уриал) гузаронда мешавад.
47. Барномаи мониторинги илмии бабри барфӣ ва объектҳои ғизоии он бояд масъалаҳои зеринро фаро гиранд:
- баҳодиҳии саршумор ва динамикаи популятсияи намудҳо;
- баҳодиҳии таркиби ҷинсӣ ва синну солии ҷамоа;
- омӯзиши кӯчиши мавсимии намудҳо;
- омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва шароитҳои сарди иқлим ба популятсияи ҳайвонот;
- таъсири душманони табиӣ ба популятсияи объектҳои ғизоӣ;
- омӯзиши аз касалиҳо фавтидани ҳайвонот.
48. Мониторинг ва арзёбии Барномаи мазкур дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
49. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Барномаи мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузарондани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронда мешаванд.
11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
50..Масъулият ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва нақшаҳои амали он ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори дигар вогузор карда мешавад.
51. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва нақшаҳои амали он чораҳои дахлдор андешида, оид ба иҷрои онҳо ҳар сол то 1 январ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2024, № 68
Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
Ниг. ба замима