Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи "Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот"
Бо мақсади содда кардани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ, паст кардани хароҷоти фосилавӣ ва молиявӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи "Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот" ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи "Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2) Вазорату идораҳои дахлдор оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи "Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот" ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳармоҳа ҳисобот пешниҳод намоянд.
3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи "Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳармоҳа ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намояд.
4) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма маълумот диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2009 № 386
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы "Улучшение предпринимательской среды - 200 дней реформ"
В целях сокращения административных барьеров при открытии бизнеса, снижения временных и финансовых затрат при осуществлении предпринимательской и инвестиционной деятельности Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Программу "Улучшение предпринимательской среды - 200 дней реформ" и План мероприятий по реализации Программы "Улучшение предпринимательской среды - 200 дней реформ" (приложения 1 и 2).
2) Соответствующим министерствам и ведомствам ежемесячно представлять в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан отчет о реализации Плана мероприятий по реализации Программы "Улучшение предпринимательской среды - 200 дней реформ".
3) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан ежемесячно представлять в Правительство Республики Таджикистан итоговый отчет о реализации Плана мероприятий по реализации Программы "Улучшение предпринимательской среды - 200 дней реформ".
4) Комитету по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан обеспечить широкое освещение хода реализации данной программы в средствах массовой информации.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмонов
от 2 июля 2009 года №386
ш. Душанбе