Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, № 312 "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд"

Санаи амалкуни: 25.10.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ШӯРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ БАҲРИ ҲИМОЯИ СОХТИ КОНСТИТУЦИ0НИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМАЛИЁТҲОИ МУСАЛЛАҲОНА (НИЗОЪҲО) ИШТИРОК НАМУДА, ДАР НАТИҶАИ ИН НИЗОЪҲО ЗАРАР ДИДААНД, ИНЧУНИН АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ МАЗКУРЕ, КИ ПАРАСТОРАШОНРО АЗ ДАСТ ДОДААНД

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279, аз 25.10.2003 № 482)

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои низомӣ шомиланд, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда ҳисоб меёбанд.

2. Шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузорӣ ҷорӣ барои иштирокчиёни ҷанг пешбинишуда (ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ) ҳуқуқ доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2003 № 482).

3. Иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шуданд, ба имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ барои маъюбони ҷанг пешбинишуда ҳуқуқ доранд.

4. Аъзои оилаи шахси ҳалокгардида ё дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида ба имтиёзҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҳалокгардида пешбинӣ шудаанд (ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ), ҳуқуқ доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2003 № 482).

5. Иштирокчиёни воҳидҳои низоми, ки маъюб ё ҳалок гардидаанд ё ин ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо мувофиқи тартибу шартҳои бо қонунгузории ҷорӣ барои хизматичиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда ба таъминоти нафақавӣ ҳуқуқ доранд.

6. Кумитаҳои иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқ то 10 июли соли 1993 таҳти роҳбарии ҷонишинони раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо барои тартиб ва тасдиқ намудани рӯйхати шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати воҳидҳои низомӣ дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, комиссияҳоеро, ки ба ҳайати онҳо командирони саҳроии воҳидҳои низомии минтақаи дахлдор ё намояндагони онҳо, намояндагони мақомоти молия, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариатҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, таъсис диҳанд.

Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо то 1 сентябри соли 1993 ин рӯйхатҳоро тартиб намуда, бо мувофиқати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли 1993 тасдиқ намудани онҳоро анҷом диҳанд.

7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 № 279):

муайян намудани гурӯҳи маъюбии иштироккунандагони воҳидҳои низомиро, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маибшавӣ дар вақти амалиётҳои мусаллаҳона, ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб гаштаанд, таъмин намояд;

шахсони дар натиҷаи сабабҳои мазкур маюбгашта ва аъзои оилаҳои шахсони мазкурро барои ба онҳо пешкаш намудани имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ пешбинишуда ба қайд гиранд;

таъмин ва пардохти нафақаро мувофиқи тартиб ва дар асоси шартномаҳои барои хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда, таъмин намояд;

додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқи имтиёзҳо ба иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шудаанд, таъмин намояд;

бо иштироки Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Вазорати адлия то 1 августи соли 1993 дастуруламали ба кор бурдани қарори мазкурро таҳия намояд.

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои намунаи ягонаи иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, онҳоро тавассути комиссариатҳои ҳарбии маҳали истиқомати шахсони мазкур мувофиқи рӯйхате, ки комиссия тартиб додааст, диҳад.

9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро дарьёфт намуда, бопултаъминкунии имтиёз ва таъминоти нафақавии муқарраршударо мувофиқи қарори мазкур аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ таъмин намояд.

10. Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ҳаматарафа мусоидат намоянд.

11. Ба муҳокимаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи фармон дар бораи ба иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзил ва амволи рӯзғорро аз даст додаанд, додани кредити имтиёзнок барои сохтмон, хариди хонаи истиқоматӣ, иморатҳои рӯи ҳавлӣ, барқарор намудани биноҳои вайронгашта, ба даст овардани амволи рӯзғор, чорво ва дигар мақсадҳо ба маблағи 120 ҳазор сӯм ба мӯҳлат 20 июни с.1983 № 214 "Дар бораи даровардани тағьироту иловаҳо ба зарур дониста шавад.

Раиси

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                             А. Абдуллоҷонов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Р. Мирзоев

ш. Душанбе,

аз 29 июни соли 1993, № 312